Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи расонидани кумаки моддии яквақта ба собиқадорони Ҷанги Бзуруги Ватанӣ (ҶБВ), шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, ин кумак  ба ифтихори ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон расонида мешавад.

Гуфта мешавад, 22 собиқадори ҶБВ, ки дар пойтахт умр ба сар мебаранд, аз буҷети шаҳр ҳар кадоме 900 сомонӣ кумакпулӣ мегиранд.

“353 нафар иштирокчиён ва маъюбони ҷанг дар Афғонистон, маъюбони садама дар неругоҳи атомии Чернобил, шахсоне, ки солҳои ҶБВ дар ақибгоҳ ордену медалҳо гирифтаанд, 500-сомонигӣ мегиранд”, - қайд мешавад дар хабар.

Ҳамчунин ба муносибати ҷашн 4 ҳазору 717 нафар кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт ба сифати кумак ҳар кадоме бо 1 ҳазор сомонӣ кумаки моддӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, барои мукофотпулӣ ба собиқадорони ҶБВ ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт аз буҷети шаҳр дар маҷмӯъ 4 млн 913 ҳазору 300 сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт вазифадор карда шуданд, ки то 6 сентябр кумакҳоро шахсан ба дастони афроди дар боло зикршуда супоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.