Эмомалӣ Раҳмон бо амрҳои худ имрӯз муовинони раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистонро таъин кард. Ҳафтае пеш Аҳтам Абдуллозода бо як амри Президенти Тоҷикистон аз мақоми муовини якуми Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон озод ва сардори Саридораи ҳифзи сири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда буд.
Ҳамчунин имрӯз Саъдӣ Қодирзода муовини дигари Озода Раҳмон аз мақомаш барканор ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин шуд.
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо амрҳои худ Фирдавс Ҳаётзодаро муовини якум ва Абдураҳмон Ҳалмзодро муовини раиси Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин кард. Фирдавс Ҳаётзода то ин вақт муовини якуми Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдураҳмон Ҳалимзод муовини вазири молия буданд.
Ҳамчунин Усмон Авазов аз вазифаи муовини якуми сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зебонисо Султонзода аз вазифаи директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонниз барканор шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон Сайдализода Фозил Сайдалиро машваратчии калон – сардори шуъбаи амнияти мудофиавии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гадоализода Парвизро муовини сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холзода Каромиддинро муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пайрав Амирзодаро муовини сардори раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сабурзода Мирзодавлат Абдолиро сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Парвизро сардори раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғанизода Шуҳрат Абдулмаҷидро сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Карим Абдураҳимро мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин кард.
Аввалин паради Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна гузашт?
Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муборак!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста