Савдогарони бозори маҳаллии “Дордой”-и Қирғизистон ба соҳибкорони тоҷик таҳдид кардаанд, ки фаъолияташонро дар Бишкек қатъ кунанд ё аз худи онҳо бор харанд.
Субҳониддин Раҳматов, як соҳибкори тоҷик, ки дар Бишкек кор мекунад, ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор дошт, ки муддати 20 рӯз инҷониб онҳо мавриди таҳдид қарор дошта, аз онҳо талаб мекунанд, ки бевосита аз онҳо мол харанд.
“Аз 13 феврал савдогарони бозори “Дордой” ба мо занг зада, талаб карданд, ки аз онҳо сарулибос харем ё қаламрави Қирғизистонро тарк кунем, - гуфт ӯ. - Онҳо ҳамчунин якчанд соҳибкорони моро лату кӯб карда, дар натиҷа онҳо қаламрави Қирғизистонро тарк карданд. Ба дигар соҳибкорон куштанро таҳдид мекунанд”.

Раҳматов мегӯяд, онҳо дар Қирғизистон чизе нафурӯхта, танҳо сарулибос харида, онро дар Русия мефурӯшанд.
Соҳибкорони тоҷик ба сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ва ҳатто онҳое, ки душаҳрвандӣ доштаанд, барои кумак ба сафорати Русия дар Тоҷикистн муроҷиат намуданд, лекин то ҳол аз ин ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.

Дар гирдиҳамойӣ баҳри дастгирии соҳибкорони тоҷик дар бозори “Мадина” зиёда аз 50 нафар коргарзанони коргоҳҳои дӯзандагиии Бишкек ҷамъ омаданд.

Дар Раёсати иттилоот ва матбуои ВКХ Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ҳамеша бо соҳибкорони тоҷик дар тамос буда, сафорат ҷиҳати расидагӣ ба ин масъала ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ва Раёсати ВКД дар шаҳри Бишкек ёддошт (нота) фиристодааст.
Дар ҳамин ҳол, дар гузориши “Настоящее время” соҳибкорзанони Қирғизистон гуфтаанд, ки савдогарони маҳаллӣ ба тоҷикон барои кор имкон намедиҳанд.
“Қисмати асосии фармоиши онҳоро маҳз соҳибкорони тоҷик таъмин мекарданд, - гуфтанд онҳо. - Онҳо аз савдогарони “Дордой” сарулибоси тайёрро харида, онро дар Маскав мефурӯхтанд. Лекин чанд сол пеш тоҷирон бевосита ба худи дӯзандагон ҳамкориро роҳандозӣ намуда, моро мустақиман фармоиш медоданд”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 3
Заминларза. Чӣ гуна метавон худро ҳифз кард ва ба кадом хатоҳо набояд роҳ дод?
Охири ҳамин ҳафта ҳавои Тоҷикистон каме сарду серборон мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста