Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ки ин ду ниҳод аз Русия дархости истирдоди Иззат Амонро накардаанд.
Сухангӯйи ВКД Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода дар як суҳабти телефонӣ ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ин ниҳод дархости истирдоди Иззат Амонро накардааст.
Ӯ гуфт, ки боздошти Иззат Амон ба мақомоти Тоҷикистон ягон робита надорад ва ӯ ягон ҷиноят вобаста ба Тоҷикистон надорад. "Ҳар чӣ ҳаст барои риоя накардани қонунгузории Русия боздошт шудааст",- гуфт Маҳмадзода.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ки масъалаи истирдоди шаҳрвандон марбути мо нест. "Русия ва Тоҷикистон дар ин замина шартнома доранд ва мақомот метавонанд бевосита ин корро анҷом бидиҳанд. Вазорат дар ин маврид ягон дархосте нафиристодааст",-гуфт ба "Азия-Плюс", Парвиз Наҷмиддинов як масъули ВКХ Тоҷикистон.
Ин дар ҳолест, ки худи Иззат Амон дар як навори видеоие, ки зоҳиран пешакӣ забт шудаву рӯзи 25-уми март дар "Ютуб" нашр шудааст, гуфтааст, ки бо фармоиши мақомоти Тоҷикистон боздошт мешавад. Ӯ дар ин муроҷиати видеояш аз раисҷумҳури Русия Владимир Путин хоҳиш кардааст, ки дар ҳалли қазияааш ёрӣ расонад.
Иззат Амон, раиси "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, ки рӯзи 25-уми март аз сӯйи маъмурони пулис дар Маскав боздошт шуда буд, ба "фаъолияти ғайриқонунӣ" муттаҳам шудааст. Бино ба иттилои Радиои "Озодӣ", дар ин маврид қарори Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав 4-уми марти имсол қабул шуда, 16-уми март ба иҷро даромадааст.
Гуфта мешавад, ба Иззат Амон хатари ихроҷ аз қаламрави Русия таҳдид мекунад. Ҳоло тибқи иттилои расонаҳо, дар куҷо қарор доштани Иззат Амон маълум нест.
Наздикони ӯ то кунун дар бораи боздошташ ҳеч изҳори назаре накардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста