Баъди ду моҳи даргирҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон хонаҳои тахрибшудаи сокинони ҷамоати Чоркӯҳи Исфара аз нав бунёд ва ба соҳибонашон супорида шуданд. Имрӯз, 2-юми июл раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳамроҳи ҳайатҳои дигари ҳукумат калиди хонаҳои навсохтро супурдаанд.
Мақомот мегӯяд, хонаҳо бо тарҳи нав бунёд шуда бо ҳама лавозимоти рӯзғорӣ ҷиҳозонида шудааст.
Дар даргириҳои марзӣ аз ҳама бештар хонаи сокинони деҳаи Сомониён оташ гирифтаву зери шилику тирборон монда буд ва мақомот мегӯяд, 17 хонаи пурра вайроншуда дар ин деҳаро аз нав барқарор кардаанд.
Роҳбари Ситоди вилоятӣ дар умури барқароркунии оқибатҳои низоҳои наздисарҳадии вилояти Суғд Маъруф Муҳаммадзода ба “Азия-Плюс” гуфт барои 29 оила дар 16 мавзеи маҳаллаҳои деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён хонаи нав сохтанд. Ӯ гуфт хонаи 29 хонавода дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи охири моҳи апрел осеб дида, 22 хона пурра вайрон шудааст. Дар ин хонаҳои вайроншуда беш аз 130 нафар зиндагӣ мекарданд ва ҳамакнун соҳиби хонаҳои нав худ шуданд ва ба зиндагии муқаррарӣ идома медиҳанд.
“Хонаҳо пурра бо ҳамаи ҷиҳози хонадорӣ аз қошуқу кӯрпаву пиёлаву чойник то мошинаи ҷомашӯӣ, яхдону телевизор, тафдон ва сӯзану риштаву болину қолин муҷаҳҳаз карда шуд. Сохтмони хонаҳоро асосан сохторҳои вилоятӣ дар зимма доштанду анҷом доданд. Дар масъалаи ҷиҳозонидан шаҳру ноҳияҳо ва баъзе ташкилотҳо қисман кӯмак карданд ва ин кор дастҷамъона сурат гирифт”,- гуфт Маъруф Муҳаммадзода.
Манбаъ мегӯяд, дар баъзе аз ҳавлиҳои вайроншуда то ду-се ва чаҳор оила зиндагӣ мекунанд. Ин хонаҳо бо супориши раиси вилояти Суғд аз нав барқарор шуда, ниҳодҳои гуногун дар бунёду маблағгузорӣ барои харидории масолеҳи сохтмонӣ ӯҳдадор шуда буданд. Ҳамакнун масъулин мегӯянд баъди азнавсозӣ 17 хона дар деҳаи Сомониён ва 12 хона дар деҳаи Хоҷаи Аъло бунёд шуд.
Тибқи лоиҳа хонаҳои типи деҳот бунёд шуд ва бино ба маълумот барои як хонавода ду хона, як даҳлезу айвон, ки ҳудуди 100 метри мураббаъ аст бо зиёда аз 130 ҳазор сомонӣ масраф тамом шудааст.
Ин хонаҳо дар муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзҳои 29-30-уми апрел аз суйи қирғизҳо оташ задаву дар пайи тирпарониҳо вайрон шуда буд.
Дар ин муноқиша асосан хонаҳои сокинони Сомониён ва Хоҷаи-Аълои ҷамоати Чоркӯҳ комилан ва ё қисман тахриб шуда ва сокинон гуфта буданд аксаран оташ задаанд.
То имрӯз мақомот расман зиёни расидаи муноқишаи мусаллаҳона дар Исфараро эълон накардааст. Вале як манбаъи “Азия-Плюс” дар Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи Исфара гуфт, онҳо ҳисоботоро барои санҷиш ба ҳукумати вилояти Суғд фиристодаанд, ки бино ба ҳисоби пешакӣ ин зарар баробар ба 11 миллиону 901 ҳазору 772 сомонӣ аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 январи соли 2025
Соли гузашта Тоҷикистон ба куҷо, чӣ қадар ва бо кадом нарх барқ фурӯхт?
Дар Чувашистони Русия ҳам кор барои муҳоҷирон дар чандин соҳаро манъ мекунанд
Қариб 150 шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати муҳоҷироне, ки Амрико мехоҳад онҳоро ихроҷ кунад
Беш аз 10 қонуни нав. Акнун муҳоҷирони тоҷикро дар Русия чӣ интизор аст?
Чаро “Почтаи тоҷик” ба Русия нома ва баста ирсол намекунад? Раиси нави Хадамоти алоқа шарҳ дод
Тоҷикистону Русия масоили муҳими муҳоҷиратро баррасӣ карданд
Роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ гуфт, ихроҷи муҳоҷири тоҷик аз Русия “кам шуд ва ҳоло ҳар рӯз 12 кас “депорт” мешаванд”
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ сабаби манъи воридоти чорво ва баъзе маҳсулоти чорводориро аз Тоҷикистон ба Русия шарҳ дод
“Иқлими номусоид ва фиреби соҳибкорон”: Раиси Мастчоҳ ду сабаби иҷро нашуднии нақшаи ҷамъоварии пахтаро гуфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста