Латифи Пидром, сиёсатмадор, шоир ва донишманди саршиноси Афғонистон, раиси ҳизби Кунгураи миллии ин кишвар, дар як маҳфили хос дар Душанбе авзои кунунии Афғонистонро ба баҳс мекашад. Қарор аст, ин маҳфил, рӯзи 28-уми августи соли 2021 баргузор шавад.
Ин маҳфил аз сӯйи бунёди "Гуфтугӯйи тамаддунҳо"-и профессор Иброҳим Усмонов созмондеҳӣ шудааст, ки интизор меравад Латифи Пидром дар мавзуъи «Вазъи имрӯзи Афғонистон» суханронӣ ва баҳс кунад.
Маҳфил дар «Кохи афсарон»-и Душанбе соати 17.30, рӯзи 28-уми август баргузор мешавад.
Доктор Латифи Пидром яке аз рӯшанфикрони саршиноси Афғонистон ва яке аз раҳбарони тоҷикони ин кишвар аст, ки дар ҳоли ҳозир узви як тими музокиракунандаи сиёсатмадорони Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Юнуси Қонунӣ раиси пешини порлумони Афғонистон барои ташкили як ҳукумати фарогир бо Толибон аст.
Ин тим дар остонаи суқути Кобул ба Исломобод рафта буд ва бо мақомҳои ин кишвар, аз ҷумла вазири хориҷа Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ ва сарвазир Имрон Хон мулоқот доштанд.
Пидром яке аз сиёсатмадорони номошнои Афғонистон аст, ки идеи федеролӣ кардани Афғонистонро солҳост матраҳ мекунад ва инро ягона роҳи ҳалли мушкили Афғонистон медонад.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Шаҳри Хива пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом эълон шуд
Барои дар Русия нафақахӯр шудан муҳоҷирони тоҷик бояд таъҷилан чӣ кор кунанд?
Ҷабҳаи муқовимат: “Нишасти “Олимон”-и Толибон як ҳиллае барои фиреби ҷомеаи ҷаҳонӣ аст”
Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо аз 11 июл оғоз мешаванд
Ҷанги қавмӣ ва дохилии Толибон. Боздошти Толибони тоҷиктабор дар Панҷшер
Драма дар бораи муҳоҷирони ғулом - «Продукты 24»-ро дар кинотеатрҳои Русия намоиш медиҳанд
Шералӣ Кабир ва Алишер Мирзонабот бо фаъолияти иншооти саноатӣ дар ВМКБ шинос шуданд
Дар Тоҷикистон шахсони дар ҷиноят дастдошта имомхатиб таъин намешаванд
Додгоҳ президенти пешини Қирғизистонро аз рӯи парвандаи бетартибиҳои оммавӣ сафед кард
Русия шартнома дар бораи нафақаро бо Тоҷикистон тасдиқ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста