Рӯзи 12 сентябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Душанбе бо иштироки паҳлавонони 13 кишвар дувумин мусобиқаи байналмилалии куштии миллӣ баргузор мешавад. Дар ин бора, сомонаи телевизиони “Варзиш” хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки мусобиқа бо ибтикори шаҳрдории Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи куштии миллии кишвар ба ифтихори 30 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар мусобиқа паҳлавонон аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Русия, Укроин, Белорус, Покистон Ҳиндустон, Озорбойҷон, Фаластин, Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон байни ҳам сабқат мекунанд.

- Рақобатҳо дар 5 вазн: 60 кг, 70 кг, 80 кг, 90 кг, +90 кг миёни мардон ва дар вазни то 65 кг миёни занон ҷараён мегирад,- менависад манбаъ.

Ғолибони 6 вазнро шоҳҷоиза - автомобил интизор аст. Ҳамчунин, барандагони медалҳои нуқра соҳиби 3 ҳазор доллари амрикоӣ ва ғолибони ҷои сеюм - биринҷӣ соҳиби 1,5 ҳазор доллар мешаванд.

Ба ғайр аз ин, бори аввал ғолиб дар ҳайати даставӣ низ интихоб гардида, он бо 1 ҳазор доллар сарфароз мегардад.

Ин дувумин мусобиқаи байналмилалии куштии миллӣ дар Тоҷикистон аст. Сабқати нахустин имсол ба ифтихори рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.