Саодат Амиршоева нахустин зани генерали тоҷиканд, ки чеҳраи ошное барои мардуму ҷомеаи Тоҷикистонанд. Дар замони вакили порлумон будан, бо пешниҳодҳои ғайрианъанавӣ миёни ҷомеа  тарафдорони зиёде доштанд.

Аз ҷумлаи касоне буданд, ки дар парлумон пешниҳод карданд, никоҳи хешутаборӣ дар Тоҷикистон қонунан манъ шавад. Ҳамчунин истодагриву истиқомати генерал Амиршоева дар баробари ба хориҷиён шавҳар кардани занону духтарони тоҷик яке дигар аз пайкорҳои замони ваколаташон буд.

"Азия-Плюс" ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ ба суроғи генералбону рафт ва назару дидгоҳҳои эшонро дар ин росто ҷӯё шуд.

- Генералбону суҳбатро аз ин ҷо оғоз кунем, ки солҳои охир баъди вакилӣ банди чӣ корҳое ҳастед?

- Аввал, ба зиёрати хонаи Худо рафтам. Баъд, сар аз соли 2015 ҳамчун вакили дифоъ дар шаҳри Бохтар ба фаъолият пардохтам ва то ба ҳол ба мардум хидмати ҳуқуқӣ мерасонам. Узви Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон шудам. Таҷрибаи корам дар сохторҳои қудратӣ ва ду давраи вакилиамро ба назар гирифта, мардум барои ҳимояҳи ҳуқуқҳои худ зиёд муроҷиат мекунанд.

Мардум бештар бо мушкилиҳои оилавӣ, даъвоҳои ниқоҳи зану шавҳар, манзил, замин ва дигар даъвоҳои гражданӣ муроҷаит мекунанд. Баъзе вақт бо даъвоҳое муроҷаит мекунанд, ки 5-6 сол дар додгоҳ ҳал нашудаанд ва  баъди вориди қазия шудани мо ҳал мешаванд. Бо парвандаҳои ҷиноӣ ҳам муроҷиат мешавад.

Вале ҳоло бо таъсири пандемияи коронавирус, кӯшиш мекунам, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ камтар бошам, чунки синну сол ва вазъи саломатиам ба гурӯҳи риски беморӣ дохил мешавад. Ин аст, ки ду соли охир бо парвандаҳои ҷиноятӣ машғул нестам. Танҳо гоҳ – гоҳе ба нафароне, ки бо баҳсҳои шаҳрвандӣ муроҷиат мекунад, кӯшиш мекунам барои навиштани аризаҳои даъвогӣ ва маслиҳати ҳуқуқии ройгон кӯмак намоям.

- Шумо метавонистед, ки ба ҳайси як устоди донишгоҳ ба донишҷӯён нозукиҳои касби ҳуқуқшиносиро таълим диҳед, вале чаро маҳз кори вакили дифоъро интихоб кардед?


- Чунин орзу доштам, вале вақте бо омӯзгорони донишгоҳҳо ҳамсуҳбат шудам, онҳо гуфтанд, ки на ҳама вақт «тирашон ба нишон мерасад» ва донишҷӯён устодонро гӯш намекунанд. Аз ин рӯ, гуфтам, модоме чунин бошад, асабҳоямро хароб накарда, ба ягон кори дигари манфиатноки ҷамъиятӣ машғул мешавам.

Шумо аз аввалин занони генерали Тоҷикистон ҳастед. Метавонед гӯед ки чаро имрӯз Тоҷикистон занони генерал хеле кам дорад?

- Гирифтани ин унвон пеш аз ҳама ба вазифаи ишғолнамуда вобаста аст. Рутбае, ки ман гирифтам, кашфи Амрико нест. Ин як амали оддӣ аст. Навобаста ба зан ё мард будани роҳбарони ҳамаи сохторҳои қудратии вилоятҳо бояд рутбаашон генерал-майор бошад. Ин рутбаи вазифавии онҳо аст. Набояд, аз занони тоҷик танҳо Амиршоева ва як нафари дигар рутбаи генералӣ дошта бошанд.

Ман, воқеан, аз аввалин заноне ҳастам, ки либос (форма) - и генералиро ба бар кардам. Мутаассифона, онро танҳо дар иду ҷашнҳо ва рузҳои махсус пӯшидам. Ҳоло ба худ меандешам, агар бори дигар ҷавон мешудам, ҳар рӯз онро пӯшида бо ифтихор дар кӯчаҳо мегардам.

Воқеан, таърихи гирифтани рутбаи генералӣ дар ёдатон ҳаст ва он замони чӣ эҳсосе доштед?


- Падарам корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буданд ва ҳамеша орзу мекарданд, ки маро дар либоси генералӣ бинанд. Вақте сардори Раёстаи адлияи вилояти Хатлон таъин ва соҳиби ин рутба шудам, аллакай падарам аз дунё гузашта буданд. Моҳи апрели соли 1999 падарам дунёро тарк карданд, моҳи сентябри ҳамон сол ба ифтихори ҷашни 1100 – солагии давлати Сомониён ва 70 - солагии мақомоти адлияи Тоҷикистон ман ҳам соҳиби рутбаи генерал-майор ва ҳам унвони «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон» шудам.

Ман аз вазири онвақтаи адлия Шавкат Исмоилов миннатдорам, ки дар баробари дигар кормандони мақомоти адлия, номи маро барои соҳиб шудан ба ин рутбаи олӣ ва мукофоти давлатӣ пешниҳод намуданд.

Он эҳсос то ҳол дар вуҷудам гум нашудааст ва он замон тасаввур ҳам намекардам, ки як зани деҳотӣ ба ин унвони баланд сазовор мегардад. Ин воқеан, барои ман ва оилаам як ифтихор аст.

Масъалаи зиёд шудани сафи генералҳо дар Тоҷикистон баҳси доманадор аст. Қисме мегӯянд, ки шумораи онҳо хело зиёд аст ва нафарони тасодуфӣ низ дар байни онҳо ҳастанд. Вале қисми дигар тарафдори зиёд шудани генералҳо дар Тоҷикистон ҳастанд. Назари Шумо чист?

- Ҳар касе ба давлату миллат хидмат кардааст, вазифаи ишғолнамудааш ба дараҷаи генералӣ ҷавобгӯй аст, бояд соҳиби ин рутбаи олӣ бошад. Ин рутба дар асоси қарори раисҷумҳур дода мешавад. Шояд пас аз гирифтани ин рутба муносибат ба вазифа тағйир ёбад, шахс бомасъулият ва нисбат ба худ серталаб шавад.

Назари мардум дар робита ба ин масъала гуногун аст. Ин ҳолат набояд боиси баҳс бошад. Имрӯз ҳар як мақомоти қудратӣ ба худ хидматчии ҳарбӣ ва аскару афсар доранд. Кормандон ва ҳайати шахсии ин мақомот низоми давлатдориро таъмин мекунанд. Модоме ки шахс арзанда аст, чаро бояд рутбаи генералӣ нагирад?!


Имсол аз таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон 29 сол пур мешавад. Дар робита ба хатару таҳдидҳои минтақавӣ, иқтидори имрӯзаи артиши кишварро чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Дар бораи иқтидори артиш чизе гуфта наметавонам, чунки маълумоти артиш тибқи қонунҳои марбута махфӣ аст.

Аммо чизи нигаронкунанда ҳамасола душвортару мушкилтар шудани даъвати ҷавонон ба сафи артиши кишвар аст. Ин ба он рабт мегирад, ки мо дар ин роҳ фарзандонамонро нодуруст тарбият мекунем. Фарзандонро дар замони мактабхонӣ бояд дар рӯҳияи ҳимояи ватану миллат тарбият кард. Дар замони мактабхонӣ бояд ба онҳо истифодаи дурусти яроқ ва машқҳои ҳарбиро омӯзонд, дар синфҳои 5-6 онҳоро ба шарту шароити қисмҳои ҳарбӣ бояд шинос кард ва ба онҳо фаҳмонид, ки артиш ҷойи тарс нест, баръакс ҷойи ифтихор аст.

Дар замони Шӯравӣ волидайни ҷавон вақте ба хонаи духтар ба хостгорӣ мерафтанд, оилаи духтар аввал мепурсид, ки ҷавон хидмати ҳарбӣ кардааст ё не. Ин чизи маъмулӣ аст, ҳар як падару модар ва худи ҷавонон бояд барои хидмати ҳарбӣ омода бошанд.

Воқеан имрӯз моро аз ду тараф хатари зиёд таҳдид мекунад. Мутаассифона, ҷавонони мо рӯз аз рӯз як қадам ба қафо рафта истодаанд, модарон писаронашонро дар даруни сандуқу ҷевонҳо пинҳон мекунанд, ки бачаҳояшонро ба артиш набаранд. Таърих гувоҳ аст, ки ҳар як 30-40 сол балоҳое ба сари мардум меояд. Бояд ҷавонони мо, барои ин ҳамеша омода бошанд.

Соли даввум аст, ки дар ҷомеа дар робита ба масъалаи хидмати пулакӣ дар артиш баҳс давом дорад. Назари Шумо ба ин намуди хидмат чӣ аст ва оё ин метавонад аз ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш пешгирӣ кунад?

- Ба кор даровардани механизми ин қонун бениҳоят душвор аст. Чунки аксарияти мардуми тоҷик камбизоатанд ва онҳо маблағи пешбининамудаи ин қонунро супорида наметавонанд.

Яъне ин қонун танҳо ба табақаи дороҳову тоҷирону сарватмандон ва қишри алоҳидаи аҳолӣ нигаронида шудааст. Дар доираи ин қонун танҳо фарзандони онҳо хидмат карда метавонанд. Ин роҳи баромадан аз мушкилӣ нест. Бояд ҷавононро дар руҳияи ватандустиву меҳанпарастӣ ва мардонагиву шарафмандӣ тарбият кард.

Мутаассифона, имрӯз вақте ҷавонони мо синфи 8 - 9 - ро хатм мекунанд, волидайн онҳоро барои гурез аз хидмати ҳарбӣ ба Русия мегурезонанд. Бояд ҳар як ҷавони 18 - сола пеш аз ҳама дар назди падару модар, наздикон ва ватану миллат масъулият ҳис кунад.

Замони ваколат дар парлумон Шумо аз нафароне будед, ки пешниҳоди манъи ниқоҳи хешутабориро манзур кардед ва баъди баррасии зиёд он имрӯз амалӣ шуд. Воқеан, ин пешниҳод аз куҷо сар зад ва бо гузашти чанд сол оё чизеро, ки мехостед амалӣ шуд?

- Соли 2012 буд ва вақте ба шӯрои парлумон пешниҳод кардам ду - се нафар зид баромаданд. Вале ман пас нагаштам, бо ишора ба баъзеи онҳо гуфтам, ки ин чиз байни мансабдорону сарватмандон зиёд аст ва ҳоло бархе онҳо шарм мекунанд ва метарсанд, ки ин масъала қабул шавад. Ба гузашта салавот, касе дигар онҳоро гунаҳкор намекунад, қонун қувваи бозгашт надорад.

Аммо ояндаи миллатро бояд наҷот дод ва тавре бояд амал кард, ки тоҷик дигар фарзанди маъюб таваллуд накунад. Дар акси ҳол, фарзандони маъюби онҳо ба гардани давлат меафтад. Бисёр тунд рафта будам ва ҳатто муллоҳо ба сарам хестанд. Баъдан, аз ҷониби раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон супориш шуд, ки дар байни мардум кор кунед, пешниҳоди мардумро гӯш када, баъд қонунро қабул кунед.

Мо таҷрибаи дигар кишварҳоро дар робита ба ин масъала баррасӣ кардем.

Бояд пеш аз ҳама ояндаи солимии фарзандонамонро фикр кунем. Хушбахтӣ ва тансиҳатии фарзандонамонро фикр кунем. Як фарзанд маъюб таваллуд шавад, тамоми оила дар ғаму ғусса мемонанд. Пайғамбарамон Муҳаммад (с) ҳам мегӯянд ки “Бо бегонагон хеш шавед, то қавматон зиёд шавад”.

Маълум шуд ки ҳатто дар Ӯзбекистони ҳамсоя чунин қонуне ҳаст. Баъди ин маълум кардем, ки ҳанӯз соли 1998 пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохони 4, вақте ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ташриф меорад, аҳолиро насиҳат мекунад, ки хешу табори якдигарро нагиранд. Воқеан, баъди ин дар ВМКБ никоҳи хешутаборӣ хеле кам ба назар мерасид.

Шумо ҳамин тариқ алайҳи шавҳар кардани духтари тоҷик бо хориҷиён будед. Воқеан ҳоло назаратон нисбати ин масъала чист ва чаро он замон барои манъи он ба парлумон пешниҳоде накардед?

- Ман ҳоло ҳам зидди шавҳар кардани духтари тоҷик бо хориҷиён ҳастам. Ин кор ба хотири сарвату маблағ мешавад, вале барои ояндаи миллат хатарнок аст. Масалан, агар имрӯз сад духтари тоҷик шавҳари чинӣ кунад, фардо сад фарзанди чинӣ таваллуд мешавад ва ақиқ аст, ки чиноӣ фарзандашро тоҷик намегузаронад. Маълум мешавад, ки дар як сол дар Тоҷикистон сад чинӣ зиёд шуд. Баъди 50 сол дар ин ҷо аз тоҷик ному нишон намемонад. Мо бояд духтаронамонро дуруст тарбият кунем, ки ба чунин роҳҳо наравад. Духтарони тоҷик шарафу номуси мо ҳастад.

Агар ин пешниҳодро ба парлумон манзур мекардам, қабул намешуд, чунки он хилофи қонунҳои байналмилалӣ аст. Дар қонунҳои байналмилалӣ озодии никоҳи байни мардум кафолат дода шудааст.

- Таманниёти Шумо ба муносибати Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон ба мардуми кишвар.

- Орзу дорам, ки дар Тоҷикистон ҳамеша тинҷиву оромӣ ҳукмфармо бошад. Мардуми мо сарбаланд бошанд. Чашми модари тоҷик ҳеҷ вақт намро набинад.

Ҳами онҳое ки имрӯз дар сафи Артиши миллӣ хидмат мекунанд ва дар симои онҳо тамоми мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 29 – умин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ табрик менамоям. Орзу мекунам, ки доим сарашон баланд, хотирашон ҷамъ, ақлашон расо, умрашон дароз бошад. Ҳеҷ гоҳ дасти каму рӯйи ғамро набинанд.


Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.