Шаҳноза Сафарова, як хонандаи мактаби рақами 15 - шаҳри Бохтар, ки ба омодагӣ ба чорабиниҳои наврӯзи имсола ё "маршировка" ҷалб шуда буд, баъди як рӯзи шикоят аз бемории шушу таби баланд дар беморхона даргузаштааст. Дар ин бора Радиои “Озодӣ” хабар медиҳад.
Дирӯз, 15-уми март як манбаи “Азия - Плюс” низ аз марги як хонандаи синиф 10-и мактаб баъди ширкат дар “маршировка” дар шаҳри Бохтар хабар дода буд.
“Озодӣ” аз қавли наздикони Шаҳноза Сафарова навиштааст, ки ӯ мушкили шуш дошт ва рӯзи 14-уми март аз таби баланд шикоят карда, 15-уми март дар бемористон ҷон дод.
- Беаҳамиятӣ кардем. Ҳамон рӯз дар мактаб аҳволаш бад шудааст. Ба бемористон бурдем. Табибон 10-12 соат кӯшиш карданд, вале наҷот дода натавонистанд. Шушҳояш об гирифта будаанд, – гуфтааст Ҳайдаралӣ Сафаров, амаки Шаҳноза Сафарова.
Дар мактаби рақами понздаҳи шаҳри Бохтар низ иштироки духтарро дар "маршировка" тасдиқ кардаанд, вале гуфтаанд, "ӯ баъди бозгашт аз тамрин ҷон додааст ва онҳо дар бораи бад будани саломатияш маълумот надоштанд."
Гуфта мешавад, ки ин шабу рӯз дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон омодагӣ ба ҷашни имсолаи Наврӯз ҷараён дорад. Сафари раисҷумҳур ба минтақа низ дар назар аст. Барои иштирок дар чорабинӣ хонандагони мактаб ҷалб шудаанд, ки яке аз онҳо Шаҳноза Сафарова буд.
Даргузашти як хонандаи мактаб баъди ширкат дар маршировка дар ҳолест, ки баъди интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сифати таҳсилот вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода ба ислоҳоти маориф даст зад буд. Ба гуфтаи мунақиддон яке аз ислоҳоти муҳим дар соҳааи маориф озод кардани муҳассилини миёна ва олӣ дар “маршировка”- ҳо мебошад.
Тақрибан ҳамасола ба истиқболи ин ё он ҷашни бузурги давлатӣ, ба мисли Рӯзи истиқлолият, ҷашни Наврӯз, Ваҳдати миллӣ ва ғайра даҳҳо ҳазор донишҷӯ ва шогирдони мактабҳову омӯзишгоҳҳо барои омодагӣ ба ҷалб карда мешаванд
Мавзуъи "маршировка" ё раҳпаймоиҳои иҷбории хонандагону донишҷӯён дар чорабиниҳои ҷашнии кишвар яке аз мавзуъҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Ин маърака ҳамеша ба вокуниш ва интиқоди волидон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешавад. Волидон мегӯянд, чунин чорабиниҳо фарзандони онҳоро аз раванди таълим дур месозанд ва ҳатто ба саломатии кӯдакон хатар доранд. Бо вуҷуди танқиди зиёди ҷомеа, вазири вақти маорифи кишвар Муҳаммадюсуф Имомзода ҷалби донишҷӯёну хонандагон ба раҳпаймоиҳои ҷашниро як баҳси хасакӣ номида буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Тоҷикистон ситоди рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ таъсис ёфт
Тавофуқ ҳосил шуд. Тоҷикистон дар соли 2025 ҳам ба Афғонистон барқ мефурӯшад
Филми ҳунарии “Фурӯғ” ба синамоҷашнвораи “МО” меравад
Вазири нақлиёти Тоҷикистон хостори барқарор кардани рафтуомад ба Русия тариқи қатораву автобус шудааст
Форуми Digital Tajikistan дар Душанбе зиёда аз 1000 иштирокчиро гирдиҳам овард
Рухсатнома барои боркашонӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бекор шуд
Вазорати энергетика: 80%-и ҳодисаҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба об марбутанд
Эрон низ сафирашро дар Афғонистон нав кард
4 “Шоҳҷоиза” ва беш аз 120 ғолиб. Киҳо соҳиби ҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” шуданд?
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста