Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва домоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар аз мақомаш барканор шуд.
Дар фармони далели барканории Нуралиев аз мақомаш, ки аз сӯйи раисҷумҳур содир шудааст, омадааст, ки "бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад".
Ин фармони Эмомалӣ Раҳмон барои таъйид ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Фармони барканории Ҷамолиддин Нуралиев имрӯз, 10.06.2022 содир шудааст. Дар ҳамин ҳол гуфта намешавад, ки Нуралиев дар чӣ мақоми наве таъин шудааст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз тағйироти кадрии зиёде дар сохторҳои гуногуни давлатӣ хабар медиҳад.
Бо як қарори дигари ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин Сафарзода Дилшод Файзалӣ директори Оҷонсии ҳавонавардии мулкӣ (Агентии авиатсияи граждани)-и назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шудааст. Дилшод Сафарзода то ин вақт сардори раёсати сохтмони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон буд.
Бо қарорҳои дигари раиси ҳукумати Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода Баҳодур ва Холмухамадзода Сорбони Амирхонӣ муовинони вазири энергетика ва захираҳои об ва Ҷаббор Носирзода, ки то ин вақт раиси ноҳияи Шаҳринав буд, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Бохти наврасони тоҷик аз Куриёи Шимолӣ дар Ҷоми Осиё
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Қарз” қисми 3
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 апрели соли 2025
“Рақс ҳаст, суруд ҳаст, аммо китоб нест”. Адабиёти кӯдакона дар Тоҷикистон бо кадом мушкилот рӯбарӯст?
“Ниқобу фаранҷӣ дар дин воҷиб нест". Идораи мусулмонҳои Қирғизистон гуфт, занон барои напӯшидани рӯйи худ гунаҳкор намешаванд
Бо номи ӯ зузанаб ва ситора сабт шуда аст. Светлана Герасименко, астрономи маъруфи Тоҷикистон аз дунё даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста