Субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии «Коктош»-и отряди сарҳадии Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона, бо истифода аз силоҳҳои вазнин, дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ додаанд.
“16 сентябри соли 2022, тахминан соати 04:50-дақиқаи субҳ, сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии «Коктош»-и отряди сарҳадии Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Ҳамзамон, хизматчиёни низомии Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои вазнин деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор доданд”, - гуфта мешавад дар изҳороти Қӯшунҳои сарҳадотии КДАМ.
Ҳамчунин, дар изҳороти Қӯшунҳои сарҳадотии КДАМ таъкид гардидааст, ки “новобаста аз он ки соати 06:30-дақиқаи субҳ ҷонибҳо оид ба эълони оташбас ба мувофиқа расида буданд, хизматчиёни низомии Ҷумҳурии Қирғизистон онро риоя накарда, аз тамоми намуди силоҳҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон тирпаррониро идома дода истодаанд”.
Дар ҳамин ҳол, сокинони маҳаллӣ аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ низ ба "Азия-Плюс" хабар доданд, ки садои тир дар чанд минтақа шунида мешавад.
"Садои тир то рафт баланд мешавад, аҳолӣ худро ба ҷойҳои бехавф гирифта истодаанд",- гуфт як сокини маҳаллӣ.
Хадамоти сарҳадбонии КДАМ-и Қирғизистон низ бо нашри изҳорот дар оғози тарпарронии нав ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор кардааст.
Изҳороти Хадамоти сарҳадбонии КДАМ-и Қирғизистонро хабаргузории “24kg” нашр карда, навиштааст, ки “16-уми сентябр якбора дар чанд қитъаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон тирпарронӣ оғоз гардид”.
Дар изҳороти Хадамоти сарҳадбонии КДАМ-и Қирғизистон гуфта мешавад, ки “тахминан соатҳои 6-и субҳ ҷониби Тоҷикистон ба дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар минтақаҳои Эки-Тош, Чир-Добо, Қум-Мазор ва Орто-Боз оташ кушоданд. Соати 6:30 ҷониби Тоҷикистон ба гулӯлаборони қитъаи сарҳадии дидбонгоҳи “Кӯк-тош”-и отряди сарҳадии Баткент оғоз намуд. Соати 7:15 низомиёни тоҷик ба самти дидбонгоҳи сарҳадии «Самарқандак» оташ кушоданд”.
То ҳол дар бораи талафот маълумот дастрас нест.
Ёдовар мешавем, ки ду рӯз қабл, 14-уми сентябр, низ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, дар минтақаи шаҳри Исфара муноқишаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷа 2 сарбози тоҷик кушта ва 11 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ҷониби Қирғизистон аз ҷароҳати 2 сарбоз ва 3 сокини мулкиаш хабар дода буд.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста