Имрӯз, 11-уми октябр президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Ӯро дар фурудгоҳ сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт.
Баъдан маросими истиқболи расмии президенти Белорус дар назди Қасри миллат баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи ин расона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват кард.
“Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт”, - гуфта мешавад дар хабар.




Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 феврали соли 2026
Ҳукми Фарҳод Назаров, омӯзгоре аз Левакант, ки хонандаро “шаппотӣ” зад, содир шудааст
Маркази патенту иттилоот мегӯяд, Тоҷикистон қариб 3600 ихтироъкор дорад. Онҳо чӣ навоварӣ кардаанд?
Бонки миллӣ гуфт, талош дорад се бонки Тоҷикистонро аз зери таҳрими Иттиҳоди Аврупо раҳо кунад
Як сокини вилояти Хатлон ва ду шаҳрванди хориҷӣ бо гумони қочоқи маводи мухаддир аз 14 то 19 сол зиндонӣ шудаанд
Боздошти як мард бо иттиҳоми куштори хазинадори НФС- и "Азия-Нефт" бо зарби 20 корд
Муовини раиси Конибодом барои тақсими ғайриқонунии замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар вазифааш кор мекунад
"Ду моҳи дигар муҳлат доданд". Оҷонсии нафақа сабаби тӯл кашидани бақайдгирии нафақагиронро шарҳ дод
Боздошти як муовини комиссари ҳарбӣ бо гумони гирифтани пора барои озод кардани ду ҷавон аз хидмат
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста