Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ як гардишгари рус ва ҳамасафари тоҷикаш, ки дар кӯҳҳои назди деҳаи Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб бенишон гардида буданд, наҷот доданд. Ин дуюмин ҳодиса дар зарфи як моҳи охир аст, ки сайёҳони рус дар ҳамин мавзеъ дармемонанд ва имкони поин шудан наёфта, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода кӯмак мепурсанд.
Бино ба иттилои КҲФ, ҳодиса рӯзи 14-уми октябр рух дода, ба қисми навбатдории Кумита як шаҳрвандони дигари Русия дар мавриди ҳодисаи мазкур хабар додааст.
«Субҳи рӯзи 15-уми октябр, соати 06:00 гардишгари рус Тулаев Иля Владимировичи 34-сола ва роҳбалади ӯ, ҷавони тоҷики 28-соларо дар баландии 2850 метр аз сатҳи баҳр пайдо ва беосеб поин овардаанд», - менависад манбаъ.
Хотиррасон мекунем, ки ин дуввуним ҳодисаи дармондани гардишгарони мебошад. Моҳи гузашта, 25-уми сентябр низ се гардишгар дар кӯҳи деҳаи Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб ба фалокат дучор омадаву яке ҳангоми афтодан маъюб шуда буд.
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Бохти наврасони тоҷик аз Куриёи Шимолӣ дар Ҷоми Осиё
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Қарз” қисми 3
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 апрели соли 2025
“Рақс ҳаст, суруд ҳаст, аммо китоб нест”. Адабиёти кӯдакона дар Тоҷикистон бо кадом мушкилот рӯбарӯст?
“Ниқобу фаранҷӣ дар дин воҷиб нест". Идораи мусулмонҳои Қирғизистон гуфт, занон барои напӯшидани рӯйи худ гунаҳкор намешаванд
Бо номи ӯ зузанаб ва ситора сабт шуда аст. Светлана Герасименко, астрономи маъруфи Тоҷикистон аз дунё даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста