Танҳо дар ду соли охир, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар чаҳорчӯби сафарҳои худ ба шаҳру навоҳии кишвар 13 пояи парчам ифтитоҳ кард. Танҳо соли 2020 бо иштироки ӯ, 10 пояи парчамҳои баландиашон гуногун, аз 25 то 70 метр ифтитоҳ ёфт.

Сохтмони пояи парчам дар Душанбе 24 ноябри соли 2010 оғоз шуда, аз ин ба баъд дар кишвар ин рӯз ҳамчун Рӯзи Парчами Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Баъдан, Тоҷикистон бо гузоштани пояи парчами 165-метра дар китоби рекордҳои Гиннес шомил шуд ва рекорди Озарбойҷонро - баландии сутуни парчами онҳо 162 метр, шикаст. Вале пас аз 4 сол ин рекорд низ шикаст: соли 2014 дар Арабистони Саудӣ пояии парчам бо баландии 170 метр гузошта шуд.

Пас аз ин дар манотиқи Тоҷикистон авҷи бунёди пояҳои парчам оғоз шуд. Онҳо аллакай қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҳатто дар дурдасттарин деҳот мавҷуд аст.

Имрӯз, 24-уми ноябр, дар Рӯзи Парчами давлатӣ мо дар суратгузориши худ тамоми парчамҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистонро гирд овардаем.

1/41

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.