Нарзулло Дӯстов, яке аз чеҳраҳои намоён ва пуртазоди сиёсати Тоҷикистон дар солҳои 90-ум, ки пас аз ҷонибдорӣ аз Маҳмуд Худойбердиев, полковники ошӯбгар дар соли 1998 ба давлати Ӯзбекистон фирор карда буд, пас аз бемории тӯлонӣ, дар синни 82-солагӣ вафот кардааст. Дар ин бора Мирҳусайн Назриев, раиси пешини Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, дар саҳифаи фейсбуки худ иттилоъ дода, навишааст, ки Нарзулло Дӯстов яке аз асосгузорони ин ҳузб буд.
Гуфта мешавад, ки Нарзулло Дӯстов чанд муддати охир аз бемории саратон ранҷ мебурд ва ҳанӯз аввали моҳи ноябр вафот кардаву дар яке аз қабристонҳои шаҳри Тошканд ба хок супорида шудааст.
Нарзулло Дӯстов яке аз чеҳраҳои шинохта дар майдони сиёсати солҳои 90-уми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ӯ аз даъвогари курсии президентӣ Раҳмон Набиев ҷонибдорӣ мекард ва моҳи декабри соли 1991 ноиби президенти Тоҷикистон таъин шуд, аммо пас аз фишори нерӯҳои оппозитсия дар моҳи майи соли 1991 ба истеъфо рафт.
Дар Тоҷикистон ӯро барои ҷонибдорӣ аз полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев айбдор мекунанд, ки соли 1998 ба вилояти Суғд ҳуҷум карда, муддати чанд рӯз бедодгариҳои зиёд намуд ва пас аз нокомӣ ба давлати ҳамсояи Ӯзбекистон фирор кард.
Пас аз соли 1998 ҳарчанд дар хусуси Маҳмуд Худойбердиев гоҳ-гоҳе хабарҳо длар расона нашр мешуданд, аммо Нарзулло Дӯстов фаромӯш шуда буд.
Пас аз 3 сол мошинҳои боркаши тоҷик вориди Чин шуданд
Истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон зиёд мешавад
Тоҷикистон содироти картошка, пиёз ва сабзиро манъ кард
Вазорати кишоварзӣ: сармо ба 10-12%-и сабзавот зарар расонид
Дар таркиши масҷиди Пешовар 72 нафар ҷон бохт. Дар Покистон Рӯзи мотам эълон гардид
Тоҷикистон имсол ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ оғоз мекунад
Таҷаммӯи даҳҳо нафар дар назди ҳукумати Кӯлоб
Гармиву боронгариҳо. Обуҳавои моҳи феврал чӣ гуна мешавад?
Дар соли 2022 содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон беш аз 54 млн долларро ташкил дод
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар бекор ҳаст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста