Хонандаҳои азиз!
Соли гузашта, ба мисли солҳои пешин лабрези ҳаводиси фоҷиавию хушбинона ва пурбаҳсу дар баъзе лаҳзаҳо нофаҳмо буд. Аксари ин ҳаводис дар ҷомеаи мо ба таври густарда ба баҳс кашида шуданд, ҳамчунин, дар саҳфаҳои Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” низ.
Мо талош кардем, ки дар давоми сол барои шумо хабарҳо муҳимро бирсонем ва ҳамроҳ муҳимтаринҳои онҳоро баррасӣ кунем. Бештари мавзуъҳоро барои мо, шумо хонандаҳои мо пешниҳод кардед, ки барои ин ташаккур мекунем. Аз шумо барои саволҳои матраҳкарда, барои муроҷиатҳои бамавқеъ ва омода кардани матолиби ҷудогона миннатдорем.
Шумо оинаи “Азия-Плюс” ҳастед ва мо умедворем, ки дар соли нав низ бо ҳам доғтарин мавзуъҳои ҷомеи худро пӯшиш медиҳем.
Бе шумо ва бидуни пуштибонии шумо мо наметавонистем рушд кунем. Ҳарчанд бо иштибоҳҳо пеш меравем, вале ин ҳам як роҳи душвори расидан ба муваффақият аст.
Мо бовар дорем, ки ин сол барои мову кишвари мо як соли пур аз дастовард хоҳад буд. Мо ҷавонем, медонем, ки барои чӣ чизе талош мекунем, мо ҳадафҳоро мушаххас кардаем ва барои дастёбӣ ба онҳо ҷаҳд дорем.
Бигзор соли нав ҳаводиси саропо хушӣ, эҳсосҳои мусбат, бозёфтҳои наву давстовардҳои бисёре биоварад. Бигзор дар хонадони шумо ҳамеша фазои мусбат, ишқ ва самимият ҳукмфармо бошад. Бигзор ҳар рӯзи шумо лабрези саъодату бовармандӣ ба фардои беҳтар бошад.
Мо хеле мехоҳем, ки орзуи асливу асосии мо – сулҳ дар кишвар барои ҳамеша побарҷо бошад. Саломату хушҳол бошед.
Соли нав муборак!
Бо эҳтиром, аҳли қалами Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”.





Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста