Дар пайи фуромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд се нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад бахши IRS дар саҳифаи худ дар Фейсбук.

Дар гузориш омадааст, ки шоми шанбе, 25-уми феврал, дар километри 157-уми ин шоҳроҳ, дар ағбаи Шаҳристон мошини мусофирбари тамғаи “Мусо” зери тарма мондааст.

“Дар натиҷа се нафар ба ҳалокат расида, як мусофир дар бемористони ноҳияи Шаҳристон бистарӣ шудааст”, — зикр мекунад IRS.

Гуфта мешавад, кормандони филиали ширкати IRS, ки масъули нигаҳдории роҳи Душанбе-Хуҷанд мебошад, дар якҷоягӣ бо мутахассисони КҲФ “ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, барои наҷоти шахсони зикршуда тамоми кӯшишро ба харҷ додаанд”.

Акс аз IRS

Тафсилоти бештар ва ному насаби қурбониён низ гуфта нашудааст.

Таъкид мегардад, ки ҳоло роҳ тоза карда шуда, барои ҳаракати иҷоза дода шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки тайи як моҳи ахир дар Тоҷикистон бар асари фуромадани тарма беш аз 20 нафар ба ҳалокат расиданд. Аксари онҳо сокинони шаҳри Хоруғ мебошанд.