Хонаҳое, ки моҳи марти соли 2022 бар асари фуромадани тарма дар деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъа хароб гардида буданд, дубора барқарор карда шуда, ба истифода дода шудаанд. Дар ин бора ҳукумати ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон ҷойи сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ муайян гардида, аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Ширкати “Помир Энерҷӣ” ва  ҳукумати ноҳия ва вилоят моҳи марти соли 2022 сохтмони хонаҳо оғоз гардидаанд.

“Бунёди хонаҳо моҳи июли соли 2023 ба анҷом расида, калидҳои онҳо аз тарафи Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба соҳибонашон супорида шуд”, - менависад ҳукумати ноҳияи Роштқалъа.

Гуфта мешавад, масоҳати умумии ҳар як хона 182 метри квадратиро ташкил дода, дар ин ҷо дар баробари дигар утоқҳои маишӣ ҳамчунин хонаи миллии бадахшонӣ бунёд гардидааст.

Давлатшо Ҷумъахонов, яке аз сокинони деҳа иброз доштааст, ки хонаҳои истиқоматии бунёдшуда “барои зисту зиндагонӣ қулай ва дорои ҳамаи шароитҳо мебошанд”.

Бояд гуфт, ки рӯзи 27-уми июн дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии оби дарёи Шоҳдара ва омадани сел дар деҳаи Миденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ офати табиӣ рух дод.

“Офати табиӣ ба чандин хонаи истиқоматии аҳолӣ, роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонид”, - хабар медод Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Хисороти ин офати табиӣ то ба ҳол расонаӣ нашудааст. Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ин маврид иттилоъ ироа намекунанд.

Танҳо хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки 210 хонаводаро масъулин ба ҷойҳои бехавф кӯчонаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.