Саводи расонаи ин маҷмӯи маҳорат ва қобилиятҳоеянд, ки ба одамон имкон медиҳанд, паёмҳо ва маводи ВАО-ро дар шакл ва жанрҳои гуногун таҳлилу арзёбӣ кунанд.
Он шахсро водор мекунад, ба он чизҳое, ки тамошо мекунад, мебинад ва мехонад интиқодӣ назар кунад. Он боз ба истеъмолкунандагони иттилоот имкон медиҳад, ки хабарҳои сомонаҳоро таҳлил кунанд, то дар он тарғибот, сензура ва ё яктарафагии иттилоъро дарк кунанд.
Муассифона, шумораи корбарони фейкӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ кам нестанд. Онҳо зери ниқоби ному маълумоти фейкӣ пинҳон шуда шарҳҳои пурҳақорат менависанд, мардумро ба роҳҳои бад даъват менамоянд, ба таблиғот машғул мешаванд ва ё тухми кинаю адоват мекоранд.
Аммо на ҳама корбари шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро зуд шинохта метавонад то аз дӯстӣ худдорӣ варзанд ё ба навиштаҳои онҳо бовар накунанд. Барои ҳамин тасмим гирифтем дар бораи нишонаҳои асосии корбарони фейкӣ ба шумо маълумот диҳем.
- Ному насаби шубҳаовар. Бештари корбарони фейкӣ номи худро пинҳон дошта аз номҳои ғайриоддӣ ба мисли “Муҳоҷир”, “Адолат”, “Ватаншоҳ”, “Тоҷикистонӣ”, “Тоҷикбача” ва ғайра истифода мебаранд.
- Аксҳои шубҳаовар. Дар сурати асосӣ (аватар) аксҳои одамони машҳур, одамони дигар, тасвири шаҳру манзараҳо ё аксҳои умумиро мегузоранд. Ҳамчунин дар саҳифаи онҳо аксҳо шахсиашон дида намешавад. Маълуман корбарони “зинда” гузоштани аксҳо аз лаҳзаҳои гуногуни ҳаётро дӯст медоранд.
- Маълумоти шубҳаовар ё набудани он. Бештари корбарони фейкӣ маълумоти шахсиашонро пур намекунанд: ҷойи истиқомат, кор, таҳсил, хешовандон ва ғайра.
- Дӯстони шубҳаовар. Шумораи зиёди дӯстон ва дӯстони боз ҳам бо ному аксҳои шубҳаовар нишонаи дигари фейкӣ будани корбар аст.
- “Пост”-ҳои шубҳаовар. Саҳифаи корбарони фейкӣ пур аз репост ё бознашри маълумоти шубҳаовару паёмҳои таблиғотӣ аст.
Аз ин рӯ, пешниҳоди дӯстиро танҳо аз дӯстону пайвандоне, ки хуб мешиносед қабул кунед. Агар тамоман одами ношинос пешниҳоди дӯстӣ кунанд, аввал аз рӯйи ин 5 нишона корбарро санҷед. Агар бовар ҳосил кардед, ки корбари “зинда” аст на фейк баъдан пешниҳоди дӯстиро бипазиред.
Бохабар бошед ва аз корбарони фейкӣ канора гиред!
Барнома дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст.
“Бароям муҳим аст, ки хонанда баъди хондани осорам ба фикр фурӯ равад”. Сорбон 85-сола шуд
“Бо умед хона харидем, вале ҳанӯз иҷора мешинем”. Шикояти сокинон аз бинои нотамом ва ваъдаи ширкати сохтмонӣ
Содирот кам аст. Тоҷикистон истеҳсоли сементро коҳиш додааст
Рӯзҳои истироҳатӣ ҳаво дар Тоҷикистон хунук мешавад
Тафтиши парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” ба охир расидааст
Дар Тоҷикистон кӣ ва чанд пул маош мегирад?
“Каме бемор буданд”. Президенти Академияи миллии илмҳо сабаби таҷлил нашудани 85-солагии Акбар Турсонро гуфт
Мизи мудаввар оид ба натиҷагирии 29-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29)
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузди меш ва марди тамаъкор”
Оҷонсии нафақа: Соли гузашта ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 106 сомонӣ зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста