Лоиҳаи қонун дар бораи фаъолияти блогерӣ дар Тоҷикистон нигарониву баҳсҳои зиёдро барангехт. Муаллифи тарҳ мегӯяд, ҳадаф “танзими ҳуқуқии фаъолияти блогерон ва ҳимояи манфиатҳои онҳо дар сатҳи қонунгузорӣ” аст. Ҳуқуқшиносон ва блогерон бар ин назаранд, ки мақсади таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур саркӯбии блогнависон мебошад.

Манучеҳр Ҳамидзод, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рудакӣ ва корманди собиқи Маркази қонунгузории Тоҷикистон тарҳи Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти блогерӣ”-ро дар “Фейсбук” барои муҳокима ҷой дода, навишт, ки “дар лоиҳаи қонун манфиати халқ, ҷомеа, давлат ва худи блогерон ба инобат гирифта шуда, тамоми масоили асосии самти мазкур танзим меёбанд”.

Ӯ гуфт, ин шакли аввали лоиҳа аст ва шояд тағйир ва такмил ёбад.

“Таклифу пешниҳодҳои зиёд мерасанд ва мо онҳоро баррасӣ мекунем. Шояд ба шакли ниҳоии тарҳи қонун дароварда шаванд”, - зикр кард ӯ.

Ҳоло маълум нест, ки ташаббуси мазкур то куҷо ба таври ҷиддӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Аммо новобаста ба ин, лоиҳаи пешниҳодшуда ҷомеаро ба ташвиш андохта, чандин саволро ба миён овардааст.

Ин такрори қонун аст!

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз ҷониби ҳуқуқшиносон, коршиносони фановариҳои навин ва рӯзноманигорон интиқод шуд. Пеш аз ҳама, гуфта шуд, ки зарурати қабули ин қонун нест, чун блогериро қонунҳои дигар аллакай танзим мекунанд.

Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси тоҷик гуфт, дар асоси “Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028”, ки соли 2018 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тасдиқ шудааст, бояд қонунҳои зиёди як соҳа як карда шуда, ҳамчунин ба такрорёбӣ дар қонунҳо роҳ дода нашавад.

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик ба бандҳои лоиҳаи пешниҳодшуда таваҷҷуҳ карда, навишт, ки “барои паҳн кардани иттилот оид ба паст задани шаъну шараф, эътибори корӣ ҷавобгарии маданӣ ва ҷиноятӣ, барои паҳн кардани маводи порнографӣ, напардохтани андоз, паҳн кардани иттилоти хусусияти экстремистидошта ё дастгирии эктремизм ё терроризм, барои барангехтани кинаю адоват ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст”.

Ранжет Ятимов

Яъне, ба қавли Ятимов, меъёрҳое, ки лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ мекунад, дар кодексу қонунҳои амалкунанда зикр шудаанд ва ҳоҷат ба такрори он нест.

“Дар умум, лоиҳаи қонун бо забони ҳуқуқӣ навишта нашудааст ва дар ин шакле, ки пешниҳод шудааст, қобили қабул нест, бениҳоят хом аст, бархӯрд ва такроршавиҳои зиёд дорад. Дар сурати қабул ба ин шакл, он амал нахоҳад кард”, - гуфт Ранжет Ятимов.

Наврӯз Одинаев, ҳуқуқшиноси дигари тоҷик ҳам ба ин назар аст, ки лоиҳаи мазкур такрори қонунҳо аст. Аз ҷумла, ба қавли ӯ пардохти андоз аз сӯйи блогерҳо, ки дар лоиҳаи мазкур кӯшиши танзими он шудааст, тибқи қонунҳои дахлдори амалкунанда танзим шудааст ва блогерон андоз месупоранд.

Андоз барои дӯстӣ?

Воқеан, пардохти андоз, ки дар ин лоиҳаи қонун зикр мешавад, суолҳои зиёдро ба миён овардааст. Аз ҷумла, дар банди 5-и моддаи 5-и лоиҳаи қонун гуфта мешавад, ки “блогере, ки шумораи обуначиёнаш ба беш аз 5000 нафар мерасад, худро дар феҳристи блогерон, ки аз ҷониби мақомоти андоз пеш бурда мешавад, ба қайд мегирад”.

Инҷо саволе ба миён меояд, ки обуначӣ яъне кӣ? Дӯстон ҳам обуначӣ ҳисобида мешавад? Агар ҳа, пас нафарони зиёде ҳастанд, ки масалан, дар шабакаи фейсбук 5 ҳазор дӯст доранд. Онҳо низ бояд худро дар мақомоти андоз ба қайд гиранд?

Дар ҳоле, ки ин масъаларо аллакай Кодекси андоз танзим кардааст ва дар ин кодекс мушаххасан гуфта мешавад, ки “ҳар нафаре, ки аз фаъолияташ даромад ба даст меоварад, андоз пардохт мекунад”.

Наврӯз Одинаев

“Ихтирои дубораи дучарха”

Дар банди 1-и моддаи 8 зикр мегардад: “Шабака ё саҳифаи шахсии блогере, ки беш аз 5000 обуначии фаъол дорад ва ҳамарӯза тавассути он иттилоот интишор мегардад, маводи дар он интишоршударо дар як шабонарӯз беш аз 5000 нафар мебинанд, як навъи воситаи ахбори омма ва фаъолияти соҳибкорӣ эътироф гардида, мавриди андозбандӣ қарор дода мешавад”.

Масъалаи мазкур дар Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” танзим шуда, пешниҳоди вакил бо он мухолифат мекунад: “- воситаҳои ахбори омма —  матбуоти даврӣ, ҳамчунин агентиҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизиону радио, кинохроникаҳо, сабтҳо ва барномаҳои аудио ва аудиовизуалӣ мебошанд, ки дар як сол на камтар аз як маротиба тавассути эфир ё кабел паҳн мешаванд”.

Ин пешниҳод ихтирои дубораи дучархаро мемонад, ки зарурате нест.

Ранжет Ятимов ҳам мегӯяд, “блогерро ба ВАО баробар кардан дуруст нест, чунки ВАО шахси ҳуқуқӣ аст”.

Аҷоиботу ғароиботи лоиҳа

Дар банди 4-и моддаи 8 менависад: “- блогероне, ки танҳо дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд” аз пардохти андоз озод мебошанд.

Ба ин маъност, ки ҳар касе сиёсати ҳукуматро тарғиб мекунад аз пардохти андоз озод ва оне, ки тарғиб намекунад, андоз мепардозад? Чунин наменамояд, ки меъёри пешниҳодшуда дур аз мантиқ ва вайронкунандаи низоми то ин замон маъмули пардохти андоз мебошад?

Дар банди 6-и моддаи 9 бошад зикр мешавад, ки блогер бояд “таърих, фарҳанг, минтақаҳои сайёҳӣ ва дигар дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саҳифаҳои худ тарғиб намояд”.

Дар сурати тарғиб накардани ин дастовардҳо фаъолияти блогер қатъ мешавад?

Дар банди 11-и моддаи 9 омадааст, ки блогер уҳдадор аст, одоби блогерро риоя намояд.

Кадом одоб? Онро кӣ ва дар куҷо муайян кардааст? Дар ҳоле, ки Кодекси обод барои блогерон нест.

Банди 13-и моддаи 9: “-барои роҳ додан ба хатогӣ ҳангоми фаъолияти блогерии худ ё паст задани шаъну шарафи шахси дигар расман бахшиш пурсад”.

Ранжет Ятимов мегӯяд, бахшиш пурсидан меъёри ҳуқуқӣ нест, балки ахлоқист, аз ин лиҳоз, касеро наметавон ба ин кор маҷбур кард.

Дар моддаи 13-и лоиҳаи пешниҳодшуда тартиби қатъи иҷбории фаъолияти блогер зикр мегардад. Гуфта мешавад, ки “агар маълумот оид ба соҳиби блог нодуруст бошад” ё “блог контенти муайян надошта бошад” он “бо тариқи маҷбурӣ дар давоми на бештар аз 24 соат бе имконияти барқароршавӣ нобуд карда мешаванд”.

Наврӯз Одинаев мегӯяд, қатъи фаъолияти блогерӣ танҳо дар салоҳияти суд аст.

Ҳамин тавр, аксари коршиносон қабули чунин қонунро зарур намеҳисобанд.

Масалан, Наврӯз Одинаев мегӯяд, агар чунин қонун ба ин шакл қабул гардад блогерӣ аз байн меравад.

Посухи муаллифи лоиҳа

Манучеҳр Ҳамидзода, муаллифи лоиҳа гуфтааст, мақсади қабули чунин як қонун маҳдудкунӣ  ё манъи фаъолияти блогерӣ нест.

Ӯ аз чанд модда мисол оварда таъкид кардааст, ки “аз нисф зиёди меъёрҳои лоиҳаи қонун додани ҳуқуқ, имтиёз, кафолати давлатӣ ва беҳтар намудани фаъолияти блогерон аст”.

Ҳамчунин, ин лоиҳа ҳоло ниҳоӣ набуда, метавонад такмил ёбад.

“Ин лоиҳа ҳоло дар вазорату идораҳои дахлдор аз экспертиза гузаронида мешавад, ба он тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад. Қарори ниҳоиро бошад, дар мавриди қабул кардан ё накардани лоиҳаи Қонуни мазкур Маҷлиси Олӣ - Парламенти Тоҷикистон қабул мекунад”, - шарҳ додааст муаллифи тарҳ.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки лоиҳаи пешниҳодкарда аз ҷониби мутахассисон – ҳуқуқшиносон интиқод гардид. Як назар ба он ба нафари маълумоти ҳуқуқшиносӣ надошта низ имкон медиҳад то дарк кунад, ки лоиҳа норасоиҳову камбудиҳои зиёд дорад.

Манучеҳр Ҳамидзода

Ҳамакнун, бо бозгашти вакилони парлумон аз таътил маълум хоҳад шуд, ки ин масъала то кадом андоза аз ҷониби мақоми қонунгузори кишвар ҷиддӣ баррасӣ мешавад. Зеро мақоми қонунгузори кишвар бо фарқ аз мубоҳисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мувофиқатии лоиҳаи пешниҳодшударо бо принсипҳои асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ муқоиса намуда, хулосаи худро оид ба ин лоиҳа дар заминаи:

- мутобиқат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- қонуният;

- бартарияти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, нисбат ба қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ;

- адолатнокӣ;

- ошкорбаёнӣ ва шаффофият;

- илмият;

- касбият;

- ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ ироа хоҳад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.