Субҳи имрӯз, 28-уми сентябр, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон сафар кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ - Олмон” ба Олмон рафтааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони саноат ва технологияҳои нав, молия ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Қаблан аз хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки ин сафар се рӯз – аз 28 то 30-юми сентябр идома мекунад.
Дар назар аст, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ҷумҳури Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ва садри аъзами Олмон Олаф Шолс мулоқот анҷом диҳад.
Интизор меравад, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ дар ин мулоқот ширкат кунанд.
Гуфта мешавад, ки мавзӯъҳои асосии гуфтугӯ таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва иқтисодӣ, инчунин масъалаҳои ҳамкориҳо, ки барои минтақа ва Олмон муҳиманд, мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14-15-уми сентябр сарони 4 кишвари Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе мулоқот карда буданд. Баъд аз ин боз ҳам сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо ИМА дидор доштанд.





Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд
Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста