Дар идомаи сафари кории худ Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, дар оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои оромии зиндагии мардуми кишвар дуо кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дирӯз, 19-уми октябр, дар Кӯлоб оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карда, “барои оромии зиндагии мардуми кишвар, рушду шукуфоии Ватан,” дуо намуд. Дар ин бора  хадамоти матбуоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки мақбара ва ҳудуди мазори олим ва мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ пурра тармим шуда, “ба як макони ободу зебо табдил ёфтааст, ки ҳамарӯза садҳо нафар аз он зиёрат мекунанд.”


Дар шаҳри Кӯлоб сарвари давлат бо шароити зиндагии мардум шинос гардида, як қатор иншооти навро мавриди истифодабарӣ қарор дод.

Ҳамчунин, бо иштироки сарвари давлат мактаби рақами 48 дар деҳаи Сангпар ба истифода дода шуд. Ин муассисаи нави таълимӣ барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, 40 нафар омӯзгоронро бо ҷойи кор таъмин мекунад, таъкид мешавад дар паёми хадамоти матбуоти сарвари кишвар.

Дар идомаи сафари худ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ба истифода дод, ки ин бинои нави таълимӣ аз 2 ошёна иборат мебошад.


Вай инчунин беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологиро дар минтақаи Кӯлоб ифтитоҳ намуд. Он дорои 8 шӯъбаи бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, беморонро аз 3 то 21 рӯз табобат мекунад.

Президент инчунин бинои шуъбаи Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

20 октябр дар доираи сафари худ сарвари давлат дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ зеристгоҳи барқиро мавриди истифодабарӣ қарор дод.

Ҳамзамон дар идомаи сафар бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки мазкур бинои Маркази ҷавонон ба истифода дода шуд.

Инчунин, дар ноҳияи Восеъ бинои Муассисаи томактабии “Офтобак”-ро роҳбари кишвар ба истифода дод.


20 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-ро, ки дар деҳаи Охҷари деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев мебошад ба истифода дод. Бинои муассисаи нави таълимӣ дуошёна буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон дар ин деҳа Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиевро ифтитоҳ намуд, ки масоҳати он 1,20 гектарро ташкил медиҳад.

Раиси ҷумҳур дар идомаи сафари худ роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангуртро ифтитоҳ намуд. Гуфта мешавад, ки масофаи ин роҳ 60 километр ва паҳноии он аз 7 то 12 метрро ташкил дода, дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад.


Дар деҳаи Селбури ноҳияи мазкур раиси ҷумҳур бинои сардхона ва ду коргоҳи истеҳсолиро ба истифода дод. Дар ин коргоҳҳо истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, нонӣ, мевахушккунӣ, бандубаст ва анбор барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон пагоҳ, 21-уми октябр идома низ идома меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.