Дар Душанбе моҳи феврал “Марафон чорабиниҳои сатҳи баланд бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо (ДМА СУТ) ташкил карда шуд. Ҳар як чорабинӣ ба баррасии амиқи қисматҳои калидии низоми тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд. Натиҷаҳои марафони низомҳои тандурустӣ иқдоми кишварро ба таъмини дастрасии молиявӣ ва воқеӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ барои тамоми аҳолӣ нишон медиҳанд. Чорабиниҳо дар чаҳорчӯбаи Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешаванд, ташкил шудаанд.

Айни замон, Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ислоҳоти ҳамаҷонибаи соҳаи тандурустиро бо мақсади ба даст овардани пешравӣ дар самти Фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ (ФУХТ), аз он ҷумла дастрасии кӯмаки тиббии баландсифат бидуни мушкилоти молиявӣ, амалӣ гардонида истодааст. Дар ин самт, кишвар барои баланд бардоштани сифат ва дастрасии молиявии хизматрасониҳои тандурустӣ, ва ҳамчунин таъмини дастрасии кормандони тиббии баландихтисос дар он ҷое, ки барои эҳтиёҷи баланд мавҷуд аст, кор бурда истодааст. Ба шарофати маблағгузории Иттиҳоди Аврупо, ДМА СУТ дастгирии назаррас ва доимиро барои таҳкиму тақвияти ҳар қисмати низоми тандурустӣ фароҳам меорад.


Марафон дар санаи 20 феврали соли 2024, аз Шарҳи якҷояи солона, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида буд, оғоз ёфт, ки дар доираи он  намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд арзёбии муштараки дастовардҳо ва сабақҳои истиқроҷшудаи соли 2023-ро пешниҳод намуданд.

“Мо мавқеи принсипиалии худро дар самти он, ки ҳар инсон дорои ҳуқуқи меъёрҳои олии тандурустӣ аст, тасдиқ менамоем. Дар кишвар талаботи мутлақ барои таҳкиму тақвияти низоми тандурустӣ ва таъмини такмили муттасили фаъолияти он вуҷуд дорад. Ҳамчун Иттиҳоди Аврупо, мо уҳдадор мешавем, ки ҳадди аққал 20%-и маблағгузории худробарои солҳои 2021 – 2027, ба Рушди инсонӣ аз он ҷумла ҳифзи саломатӣ барои ҳамагон чӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва чӣ дар саросари ҷаҳон сарф намоем", - гуфт ҷаноби  Раймундас Каробилис, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар доираи чорабинии мазкур, Д-р Наташа Аззопарди-Мускат, Директори Шӯъбаи стратегияҳои кишвар ва низомҳои тандурустии ДМА СУТ, зарурияти бунёди низомҳои устувори тандурустиро таъкид карданд. Он кас ҳисоботи муҳимро оиди вазъи захираҳои кадрии тандурустӣ ба Д-р Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод намуданд. Ҳисоботи таҳлилии мазкур, бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, хулоса ва тавсияҳоро пешниҳод менамояд, ки калиди таҳкиму тақвият ва дастгирии минбаъдаи кормандони тандурустӣ дар кишвар мебошанд.


“Шарҳи якҷояи солона пешравии назаррасро, ки дар самти амалисозии Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба даст омадааст,  намоиш дод. Бо дастгирии шарикони рушд, мо тасмим гирифтаем, ки корро дар самти таҳкиму тақвияти низоми тандурустии кишвари худ ва ворид намудани навгониҳо ва технологияҳои навин дар кишвари зебои худ идома диҳем" - зикр кард  Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар давоми чорабиниҳои муколамаи сиёсии сатҳи баланд, ки рӯзҳои 21 ва 22 феврали 2024 сол барпо гардиданд, намояндагони вазоратҳои дахлдор, муассисаҳои давлатӣ ва созмонҳои рушд хулосаҳои асосии таҳлилро дар самти дастрасии маводҳои доруворӣ таҳти баррасӣ гирифта, мубодилаи афкорро оиди чораҳои имконпазири бартараф намудани монеаҳо, аз қабили нархҳои гарон ё коҳиши захираҳо, амалӣ гардониданд. Иштирокчииён ҳамчунин имкониятҳои ҳимояи аҳолиро аз пардохтҳои ҷайбии баланд барои хизматрасониҳои тиббӣ муҳокима намуданд. Таҳлили наве, ки аз ҷониби ДМА СУТ гузаронида шудааст, нишон медиҳад, ки тақрибан ҳар яке аз панҷ хонавода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хароҷоти беҳад зиёд барои тандурустӣ дучор мешавад, ки боиси мушкилоти қонеъ гардонидани талаботи заминавии дигар, аз қабили маҳсулоти хӯрокворӣ, хароҷотҳои коммуналӣ ва гармодиҳӣ, мешаванд. Айни замон, Тоҷикистон бознигарии сиёсати маблағгузории тандурустиро бо мақсади коҳиши вобастагии низоми тандурустӣ аз хароҷоти ҷайбии хонаводаҳо ва баланд бардоштани дастрасии молиявӣ ва воқеӣ ба хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла маводҳои дорувории аъиншаванда ва санҷиҳҳои ташхисӣ барои ҳамаи аҳолӣ, гузаронида истодааст.


“Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди татбиқи ислоҳотҳои калидӣ қарор дорад, ки барои солимӣ ва некӯаҳволии тамоми аҳолӣ манфиатнок хоҳанд шуд. СУТ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тақвияти тамоми соҳаи тандурустӣ ҳамкории зичро амалӣ менамояд. Мо аз дастовардҳои муштаракамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фахр карда, тасмим гирифтаем, ки ба кишвар дар таъмини даастрасии молиявӣ ва воқеии кӯмаки тиббии сифаташ мувофиқ барои ҳамагон дастгирии худро дареғ намедорем,» - д-р Наташа Аззопарди-Мускат, директори Шӯъбаи стратегияҳои кишвар ва низомҳои тандурустии БМА СУТ.

Ду семинари амалии дигар дар самти муайян кардани қадамҳоия оянда барои тақвияти кӯмаки аввалияи тиббиюсанитарӣ ва захираҳои кадрии тандурустӣ ташкил карда шуданд. Чорабиниҳои марафон бо Мактаби зимистонаи низомҳои тандурустӣ ҷамъбаст гардиданд, ки 22 - 24 феврали соли 2024  барпо гардиданд. Коршиносони СУТ якчанд ҷаласаҳои иттилоотиро оиди низомҳои тандурустӣ гузарониданд, ки ҳар яки онҳо ба қисматҳои гуногун бахшида буданд. Иштирокчиён намояндагони вазоратҳо ва кумитаҳои дахлдор ва муассисаҳои давлатӣ буданд. Тавассути кор дар гурӯҳҳо ва муҳокимаҳо, иштирокчиёни мактаби зимистона сатҳи дониш, фаҳмиши амалҳо ва чораҳои сиёсат, ки бояд барои пешбарии кор дар самти ФУХТ амалӣ шаванд, баланд бардоштанд.


Марафони низомҳои тандурустӣ дар доираи Барномаи рушди тандурустии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, имконпазир шуд. Иттиҳоди Аврупо шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маблағи бештар аз 60 миллион евроро дар тӯли даҳсолаи охир ба чорабиниҳо дар сами дастрасшавии Фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ  сармоягузорӣ намудааст.

Истинодҳо:

Оё одамон имконияти молиявии пардохти хизматрасонии тиббиро доранд? Далелҳои нав оид ба ҳимояи молиявӣ дар Тоҷикистон дар забони англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ дастрас мебошанд:

Мушоҳидагари ФУХТ – пайгирии пешравиҳо дар самти дастрсии молиявии хизматрасониҳои таандурустӣ дар Аврупо ва Осиёи Маказӣ: https:\apps.who.int\dhis2\uhcwatch\