Дар Тоҷикистон дар бораи тағирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳои Тоҷикистон филми мустанади тадқиқотӣ ба навор гирифта мешавад. Гурӯҳи филмбардорӣ тасмим доранд, ки вазъи иқлим ва обшавии пиряхҳои Тоҷикистонро дар 60 соли охир мавриди таҳқиқ қарор дода, дар шакли филми мустанад таҳия кунанд.

Одина Маҳмад, коргардони филм ба “Азия-Плюс” гуфт, ки гурӯҳи корӣ, ки аз 8 нафар иборат аст, аллакай корро аз моҳи январи соли равон шуруъ кард ва филм дар асоси натиҷаи таҳқиқоти олимон омода мегардад.

“Мо ҳамкориро бо ниҳодҳое, ки дар самти иқлим ва омӯзиши пиряхҳо машғуланд, оғоз кардем. Албатта 60 соли вазъи иқлим ва раванди обшавии пиряхҳои Тоҷикистонро дар филм ҷой кардан мушкил аст. Вале мо тасмим дорем бештар ба графика ва диаграммаҳо такя намоем”, - гуфт ин коргардони ҷавони тоҷик.

Ӯ бовар дорад, ки барои бинанда як филми таҳқиқотии хуб пешниҳод мекунанд.

Одина Маҳмад

Абдуҳамид Қаюмов, директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ишора ба қабули қатъномаи пешниҳодкардаи Тоҷикистон дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷонби СММ гуфт,  банаворгирии филм дар ин марҳала муҳим, саривақтӣ ва зарур аст.

“Бо истифодаи филм мо метавонем, Тоҷикистон ва ташаббусҳои байналмилалии он, ки яке аз онҳо ҳифзи пиряхҳо аст, дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунем. Филм бо ширкат дар фестивалҳои байналмиилалӣ даҳсолаҳо обрӯи кишварро баланд мебардорад”,- гуфт ӯ.

Абдуҳамид Қаюмов

Номбурда банаворгирии ин филми мустанадро идомаи иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо унвон кард ва афзуд, “нишон додани он ки чӣ гуна тағйирёбии иқлим ба обшавии пиряхҳо давоми даҳсолаҳо таъсир мерасонад, хидмати бузругест, дар самти ҳифзи пиярхҳои боқимонда ва муаррифии ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад”.

Бояд гуфт, ки аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир 100 пирях пурра аз байн рафтааст. Дар Тоҷикистон айни ҳол “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” амалӣ мегардад.

Филми мустанади тағирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳои Тоҷикистон моҳи июл ба анҷом мерасад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.