Кормандони милитсияи шаҳри Конибодом як сокини деҳаи Сайҳуни ҷамоати деҳоти Фирӯзобаро бо иттиҳоми куштори бародар ва ҳамсари ӯ боздошт кардаанд. Пайвандони шахси муттаҳам даъво доранд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро дуруст таҳқиқ накарда, гуноҳро ба зиммаи нафари боздоштшуда бор кардаанд. Мақомот ҳодисаро шарҳ намедиҳад.
Нафари боздоштшуда Шарифҷон Ашӯрови 66-сола аст, ки кормандони милитсия дар куштори бародараш Музаффар Урмонов ва ҳамсари ӯ Иноят Урмонова муттаҳам медонанд.
Ин ду нафар рӯзи 16-уми апрели соли 2024 дар хонаашон дар деҳаи Сайҳуни ҷамоати деҳоти Фирӯзобаи шаҳри Конибодом кушта шудаанд. Пас аз 21 рӯзи қатли онҳо, Шарифҷон Ашӯров, бародари Музаффар Урмонов бо иттиҳоми куштор боздошт шуда, ҳоло дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад.
Пайвандони Ашӯров шикоят доранд, ки кормандони милитсия ӯро зери фишору шиканҷа маҷбур кардаанд, куштори бародар ва ҳамсари ӯро ба зимма гирад.
Дилором Ашӯрова, ҳамсари Шарифҷон Ашӯров 12-уми июн ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар шӯъбаи милитсияи шаҳри Конибодом ӯ, духтар ва хоҳари Шарифҷон Ашӯровро азият додаанд, то шавҳараш кушторро ба зимма гирад.
“Дар шӯъбаи милитсия шавҳарамро бо осори латукӯб дидам. Моро ҳам шиканҷа карданд. Баъди ин бо хоҳиши шавҳарам зери чанд ҳуҷҷат имзо мондам, аммо намедонам дар он варақҳо чӣ навишта шуда буд”, - гуфт Дилором Ашӯрова.
Ашӯрова мегӯяд, беш аз 40 сол инҷониб дар ҳамсоягӣ бо бародари шавҳараш зиндагӣ доштанд ва миёни онҳо ҳеҷ хусумат ё моликияти якҷоя набуд, ки боиси баҳс шавад.
“Хоҳиш дорем, қотили аслиро пайдо кунанд”
Шарифа Холматова, хоҳари бародарон Шарифҷон Ашӯров ва Музаффар Урмонов, ки субҳи ҳодисаи куштор аввалин шуда ба хонаи бародари кушташудааш рафтааст, низ ба даст доштани як бародараш дар куштори бародари дигараш шубҳа дорад.
Ӯ мегӯяд, субҳи 17-уми апрел набераи калонии бародари кушташудааш ба хонааш омада, дар бораи ҳодиса хабар додааст.
“Ба хонаи бародарам омадам, ӯ ва ҳамсарашро оғуштаи хун дидам. Ба хонаи бародари дигарам Шарифҷон, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунад, рафтам ва ӯро огоҳ кардам. Ба Ёрии таъҷилӣ занг задем ва дар як муддати кутоҳ саҳни ҳавлӣ пур аз кормандони милитсия шуд”, - зикр кард Холматова.
Ин зан мегӯяд, пас аз бозпурсиҳои зиёд, 6-уми май бародараш Шарифҷон Ашӯров боздошт гардид.
Дилдора Ғиёсова, духтари Музаффар Урунов ва Иноят Урунова, аз боздошти амакаш чун гумонбари қатли падараш дар шигифт аст. Ӯ мегӯяд, “аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб дорам, ки қотили аслии волидонамро ёбанду тибқи қонун ҷазо диҳанд”.
Мадина Сайфуллоева, духтари Шарифҷон Ашӯров низ ба бегуноҳии падараш бовар дорад ва таъкид мекунад, ки барои барқарории адолат ба мақомоти болоӣ, то Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон шикоят кардааст.
Аммо то ҳол посухи онҳо маълум нест.
Хомӯшии давомдори мақомот
Талошҳои мо барои дастрас кардани шарҳи масъулини мақомоти милитсияи шаҳри Конибодом ва вилояти Суғд бенатиҷа анҷомид.
Санаи 12-уми июн, соати 15:00 пас аз сӯҳбат бо назидкони Шарифҷон Ашӯров барои дастрас кардани шарҳи масъулини милитсияи шаҳри Конибодом рафтем. Навбатдори ин ниҳод бидуни зикри ному насаби хеш гуфт, сардор, муовин ва дигар масъулон ҳама дар ҷойи ҳодисаанд ва дар шӯъба касе нест.
Ӯ хост рақамҳои телефонамонро гузорем то дертар хабар диҳад, аммо бо гузашти як ҳафта аз ин ниҳод касе иттилоъ намедиҳад. Ба зангҳои такрории мо аз Шуъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом касе посух надод.
Инчунин, рӯзҳои 13-14 ва 18-19 –уми июн ба сардори дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарипов борҳо тамос гирифтем, аммо посух дарёфт накардем.
Ёдовар мешавем, ки аз оғози сол то ҳол ҳодисаҳои куштори дар шаҳри Конибодом рухдода ҷомеаро дар ҳолати тарс қарор додааст. Дар ин муддат 5 куштори оилавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 15 нафар кушта шуданд. Сокинон нигаронанд, ки бо гузашти 4 моҳ натанҳо ин кушторҳо ошкор нашуданд, балки мақомот шарҳе намедиҳад.
Танҳо 15-уми июн Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо нашри гузорише аз ошкор гардидани ду ҷиноят - куштор ва дуздӣ дар шаҳри Конибодом хабар дод, аммо ҳарду ҷиноят ба силсилаҷиноятҳои қаблӣ алоқа надоранд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 декабри соли 2024
10 филми беҳтарини Осиё Марказӣ дар соли 2024. Онҳо кадомҳоянд?
Поёни “лимит”, афзоиши маошу нафақа ва интихоботи шаффоф. Муҳимтарин нукоти паёми Эмомалӣ Раҳмон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 декабри соли 2024
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми гузашта дода буд, иҷро шуд?
Оғози рамзгузории электронӣ ба доруҳо ва молҳои тиббӣ дар Тоҷикистон. Ин чӣ маъно дорад?
Беш аз 471 ҳазор ронанда санади “утилизатсия”-и мошин гирифтаанд
Тоҷикистону Эрон Рӯзи бузургдошти Рӯдакиро якҷоя таҷлил мекунанд
Футболбози беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон муайян шуд
Тоҷикистон дар соли 2024 чӣ фурӯхту чӣ харид?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста