“Қисмати шоир”, “Рустам ва Сӯҳроб”, “Шӯриши Восеъ”, “Ситорае дар тирашаб” ва даҳҳо филми дигар аз ҷумлаи филмҳои таърихии тоҷик аст, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ бардошта шудаву то имрӯз намоиш дода мешаванд. Ин филмҳо аз дастовардҳои “Тоҷикфилм” низ дониста мешаванд. Аммо баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ва бо гузашти беш аз сӣ сол аз касби истиқлоли давлатӣ, ҳарчанд кӯшишҳо буданд, чаро филмҳои шоистаи таърихӣ ба навор гирифта нашуд?

 

Тақдири норӯшани “Шоҳроҳи Абрешим” ва “Шоҳ Исмоили Сомонӣ”

Агар ба таърихи синамои тоҷик дар даврони истиқлол назар афканем, гувоҳи кӯшишҳое мешавем, ки аз ҷониби “Тоҷикфилм” барои сабти филми таърихӣ рӯйи кор омадаанд.

Соли 2017 “Тоҷикфилм” иқдом гирифт, ки филми таърихии “Шоҳроҳи Абрешим”-ро аз рӯйи асари адиб ва драматург Ато Ҳамдам рӯйи саҳна орад. Ҳамон замон Толиб Раҳматуллоев, муовини директори “Тоҷикфилм” эътироф карда буд, ки “коргардонҳои тоҷик дар танҳоӣ аз ӯҳдаи офаридани чунин филми таърихӣ, ки заҳмати бисёрро талаб мекунад, баромада наметавонанд”. Ӯ гуфта буд, ин филмнома аз ҷониби шӯрои бадеии “Тоҷикфилм” қабул гардид ва бо муайян кардани маблағ барои сабти шакли мухтасари асар ба давлатҳое, ки дар Шоҳроҳи Абрешим қарор доранд, пешниҳоди ҳамкорӣ менамоянд, то дар якҷоягӣ филм бигиранд.

Дар баробари ин, он замон “Тоҷикфилм” филмномаи дигареро бо номи “Атри кафан”, ки дар бораи қаҳрамонии Темурмалик ҳангоми ҳуҷуми Чингизхон ба шаҳри Хуҷанд қисса мекард, пазируфта буд.

Баъди гузаштани 7 сол ҳеҷ яке аз ин ду филм сабт нашуд.

Толиб Раҳматуллоев, муовини директори “Тоҷикфилм” дар сӯҳбат бо “Asia-Plus” гуфт, “Шоҳроҳи Абрешим” сабт нагардид, ба он хотир ки муаллиф аз лоиҳа даст кашид ва мо низ маблағ пайдо накардем”. Тақдири “Атри кафан” норӯшан аст.

Аввали соли 2020 “Тоҷикфилм” бо мақсади дарёфти беҳтарин филмнома барои сабти филми таърихии “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” миёни доираҳои эҷодии кишвар озмун эълон карда буд. Муҳаммадалӣ Маҳмадов, ҳунарманди тоҷик дар як мусоҳиба гуфт, барои таҳияи майдони сабт барои ин филм дар шаҳри Ҳисор 16 гектар замин ҷудо гардид, вале он ба фасод печид ва ӯ аз сабти ин филм даст кашид. Ҳоло тақдири филм номуайян аст.

Толиб Раҳматуллоев

Толиб Раҳматуллоев бошад гуфт, “барои сохтани шаҳрак ягон хел замин ҷудо нагардид. Он пешниҳоди як рассоми тоҷик буд, ки дар Қазоқистон зиндагӣ мекунад. Мехостем як шаҳраки “Болливуд” шавад. Аммо танҳо пешниҳод буду дар амал дастгирӣ наёфт”.

Соли 2022 бошад, “Dfilm” аз сабти филми “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” хабар дод. Дар наворҳо ҷараёни омодагӣ ба филм дида мешавад ва Диловар Сафаров, роҳбари “Dfilm” ба “Asia-Plus” гуфт, филмнома ва тақрибан 30 дарсади либосҳо, ки кори дастӣ будаанд, омода буда, ҳоло тамрин ва сохтмон давом дорад. Интизор меравад, ки пас аз як сол сабти филм оғоз гардад.

Аммо маълум нест, ки буҷаи таҳияи ин филмро кӣ пардохт мекунад, он чанд аст ва кай ҷамъбаст гардида, манзури тамошобинон мегардад.

 

“Дигарон аз пашша фил месозанд, аммо мо...”

Тавре мушоҳида мешавад, ташаббуси сабти филми таърихӣ ва бозгӯи таърихи пур аз қаҳрамонии миллат дар Тоҷикистон ангуштшумор ва мутассифона дар ҳама ҳолат ноком аст.

Дар ҳоле, ки кишварҳои дигари минтақа бо сабти филмҳои таърихӣ қаҳрамонҳои миллати тоҷикро ба таври барои худ мувофиқ муаррифӣ кардаву соҳиб мешаванд.

Масалан, дар Қазоқистон соли 2019 филми “Томирис” ва дар Туркия соли 2023-2024 филми “Мавлоно Румӣ” ба навор гирифта шуд. Дар ҳар ду филм ҳам қаҳрамонҳои асосии он Томирис ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба таври барои ин кишварҳо мувофиқ муаррифӣ карда шуд.

Ба гуфтаи Ортиқи Қодир, ҳунарманди тоҷик “дигарон аз пашша фил сохта истодаанд. Мо бошем, мероси таърихии худро соҳибӣ карда наметавонем”.

 

Ортиқи Қодир

Сабаб чист?

Аксари филмофарон омили сабт нагардидани филмҳои таърихиро ба мушкилоти молӣ рабт медиҳанд. Вале Ортиқи Қодир бар он назар аст, ки мушкили аввали мо надоштани филмноманависи қавӣ аст.

“Ку филмноманависе, ки тақдири худи Фирдавсиро нависад, аз саргузашти Синову Мавлоно гӯяд? Филмнома сутунмӯҳраи филм аст. Сенарияи чанд филмро дидам, мавзуъҳои маишиву содалавҳона буданд. Охир ба кӣ даркор фақат моҷароҳои оилавию келину хушдоман?”, - мегӯяд ӯ.

Ба саволи он ки чаро “Тоҷикфилм” сарпараст намеёбад, ӯ посух дод, ки шояд то андозае он суханрониҳову пешибаркӯфтанҳо аз ифтихори миллӣ дурӯғин бошад. Зеро агар дар ҳақиқат нангу номуси миллӣ дошта бошем, дар қиёси ҳамсояҳо арзишҳои миллии худамонро бояд инъикос кунем.

“Мо табиатан каме мардуми танбалу муғамбир ҳастем. Ба кори бузург ҷуръат надорем”, – гуфт Ортиқи Қодир.

Муҳиддини Музаффар, коргардони тоҷик мегӯяд, барои офаридани филми таърихӣ будани ҳам маблағ ва ҳам низоми дурусти филмофарӣ зарур аст.

“Мо чунин низом надорем ва сабабаш тасмими ҷиддӣ нагирифтани ҳам ҳукумат ва ҳам синамогарон дар ин ҷода аст”, - шарҳ медиҳад ӯ.

Ба андешаи коргардон, барои офаридани филми таърихӣ ҳам мутахассисони соҳаи синамо ва ҳам худи ҳунармандон омода нестанд.

“Ҳукумат бояд тасмим гирад, ки филмҳои таърихӣ офарида шаванд. Ва ин тайёрии дурударозро тақозо мекунад. Масалан, 2 сол лозим аст, то ҳунармандон тамрин намуда, аспсавориву шамшерзаниро омӯзанд. Ҳозир агар 100 миллион ҳам бошад, филми таърихӣ гирифта наметавонем. Мо ҳоло тайёр нестем”, - мегӯяд ин коргардони тоҷик.

 

Муҳиддини Музаффар

“Мушкил дар филмнома аст”

Толиб Раҳматуллоев сабаби асосии сабт нашудани филмҳои таърихиро набудани филмноманавис ва филмнома унвон кард.

“Мушкили маблағ нест. Масалан, мо барои сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” ба ҳукумат муроҷиат кардем ва ҳукумат маблағи муайян ҷудо кард. Мушкил танҳо дар филмнома аст. Мо надорем филмноманавис. Охир нависанда наметавонад асари синамоӣ бинависад”, - гуфт ӯ.

Раҳматуллоев мегӯяд,  барои рафъи ин мушкил  нақша доранд чанд нафарро ба донишгоҳҳои хориҷӣ фиристанд, то дар самти филмноманависӣ мутахассис шаванд.

Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон ҳоло сари мушкили мутахассис ва маблағ ҳарф мезананд, кишварҳои ҳамсоя қаҳрамонҳои тоҷикро аз худ кардаву таърихро ба гунаи мақбулу писанди худ, аммо бо таҳрифи барояшон манфиатовар сабт кардаву нишон медиҳанд. Ва дар Рӯзи кинои тоҷик сари ин масъала андеша кардан саривақтӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.