Муҳлати амали қонун “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои як соли дигар-то январи соли 2026 тамдид карда шуд.

Қарори дахлдори ҳукумат дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст.

Ин маротибаи чорум аст, ки мӯҳлати амалисозии ин қонун тамдид карда мешавад. Мӯҳлати охирини амалисозии қонун 4-уми январи соли оянда ба анҷом мерасад.

Қонун ба таври худкор соҳибони чунин дороиҳоро аз ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ ва андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳо озод мекунад. Маълумот дар бораи дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашаванда, инчунин дар бораи соҳибони онҳо махфӣ мебошад. Фош кардани чунин маълумот танҳо бо қарори суд иҷозат дода мешавад.

Моҳи феврали соли ҷорӣ Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфта буд, аз моҳи августи соли 2021 то 31-уми декабри соли 2023 ҳудуди 5,7 миллиард сомонӣ қонунӣ шудааст. 

Мақомоти кишвар қабули ин қонунро ба ҷалби сармоягузориҳои иловагӣ ба низоми молиявӣ ва бонкӣ, инчунин афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаҳо ва бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар рабт медиҳад.

Аҳамияти қонунигардонии маблағҳо инчунин мусоидат ба таъсиси корхонаҳои нав, афзоиши сармояи ширкатҳои мавҷуда, эҷоди ҷойҳои нави корӣ, воридоти иловагии андоз ба буҷет, рушди бозори коғазҳои қиматнок ва ғайра шарҳ дода мешавад.

 

Чиро метавон қонунигардонӣ кард?

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд маблағҳоро дар асъори миллӣ ва хориҷӣ, ҳам дар шакли нақдӣ ва ҳам ғайринақдӣ, ки дар муомилоти иқтисодии “соягӣ” дар дохили кишвар ё хориҷ аз он қарор доранд, қонунигардонӣ кунанд.


Қонунигардонӣ танҳо ба маблағҳо ва амволе дахл дорад, ки дар эъломияҳои расмӣ зикр нашудаанд ва аз муомилоти қонунии иқтисодӣ хориҷ шудаанд:

- Металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки дар ҳудуди Тоҷикистон бе риояи талаботи қонун истихроҷ шудаанд ё қаблан дар дохил ё хориҷи кишвар бо маблағҳои дар эъломияи даромадҳо зикрнашуда харидорӣ шудаанд.

- Коғазҳои қиматнок, саҳмияҳо дар сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ ва амволи манқул ва ғайриманқул, ки қаблан дар хориҷи кишвар бо маблағҳои дар эъломия зикрнашуда харидорӣ шудаанд ва ба соҳибони онҳо дар хориҷи кишвар тааллуқ доранд.

- Амволи ғайриманқул, ки худсарона бо мақсадҳои шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ бунёд ёфтааст, инчунин амволи ғайриманқули меросӣ, ки нисбат ба он баҳс вуҷуд надорад.

Қонун “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”аз 5-уми июли соли 2021 амал мекунад ва муҳлати он то имрӯз чор маротиба тамдид карда шудааст.

Қонунигардонӣ дар аввал барои 1 сол – то соли 2022 пешбинӣ шуда буд, аммо дар моҳи июни соли 2022 барои як соли дигар – 4 июли соли 2023 тамдид карда шуд ва тобистони соли 2023 он боз барои 6 моҳ - 5 январи соли 2024 тамдид шуд. Ахиран он барои як соли дигар – то 5 январи соли 2026 давом мекунад/

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.