Вақти рӯйи саҳифа овардани андешаҳоям дар бораи Исматулло Холниёзов лаҳзаҳои гуворои даҳсолаҳои гузашта бори дигар ба ёд омад. Бо ин дӯсту рафиқи деринаам аз солҳои 80-уми асри гузашта шинос ҳастам. Ин шиносоӣ дар давоми солҳо, махсусан замони хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ ва баъдтар дар сафарҳо ба хориҷ ва кору зиндагӣ дар пойтахт ба сатҳи дӯстиву ҳамдигарфаҳмии бародарона расид.
Холниёзов Исматулло Абдураҳимович, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, 11-уми апрели соли 1955 дар оилаи муаллим таваллуд шудааст. Соҳиби 3 фарзанди маълумоти олидору 8 набера мебошад. Ҳоло набераи калониаш Муҳаммадҷон, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи молияи назди ҳукумати Русия дар шаҳри Москва аст.
Исматулло соли 1972 мактаби миёнаро бо медали нуқра хатм карда, донишҷӯи УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) гардид. Соли 1978 фаъолияти меҳнатиашро дар нашриёти “Ирфон” оғоз намуда, баъдан, пас аз 2 соли хидмат дар сафи Артиши Иттиҳоди Шуравӣ дар Вазорати молияи Тоҷикистон аввал ҳамчун ҳуқуқшинос, баъдан сардори шуъбаи ҳуқуқ ва котиби ташкилоти ҳизбии Сарраёсати суғуртаи ҷумҳурӣ фаъолияташро идома дод.
Ӯ ҳанӯз дар даврони Шуравӣ зарурати мутахассиси чанд соҳа буданро дарк карда, аввал факултети филологияи рус ва пас аз чанд сол факултети ҳуқуқро хатм карда, дар ин ду соҳа дипломи таҳсилоти олӣ гирифта буд. Бо ихтисоси аввал як муддат дар бахши табъу нашр кор карда, маҳорати гузоришу мақоланависиашро сайқал дод. Бесабаб нест, ки дар байни кормандони ин соҳа ҳам то ба имрӯз шиносу наздикони бисёре дорад.
Ӯ соли 1995 бо тариқи гузариш ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор гузашта, давоми зиёда аз 23 сол дар ин ниҳод хидмат намуда, ҳамчун Корманди фахрии мақомоти прокуратура (соли 2018) ба нафақа баромад. Фахр аз он мекунад, ки ҳангоми гусел ба нафақа роҳбарият бо миннатдорӣ тавсифаш кард, ки дар тули фаъолият дар ин ниҳоди бонуфуз содиқона, бенуқсон ва бо масъулиятшиносии баланд иҷрои вазифа намуд.
Таҷрибаи рӯзгор ин ҳикматро ба инсон талқину тавсия мекунад, ки дар ҳаёти хеш бо шахсоне ҳамнишину ҳамдам бояд бошад, ки аз онҳо хулқу атвори хуб, одоб, таҷриба ва дарси одамият омӯзад ва дар амал аз он таҷриба баҳравар шавад.

Барои Исматулло Абдураҳимович чунин як мактаби омӯзиш ва шахси роҳнамову қобили пайравӣ, пас аз падару модар тағояш Ҳумоиддин Шарофиддинов буданд. Ин марди соҳибхираду хоҷагидор ва ҳамзамон роҳбару ташкилотчӣ, ки бо бисёриҳо дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистону Ӯзбекистон шиносоии наздик доштанд, умри бобаракат дида, соли 2024 дар синни 96 – солагӣ бо зиндагӣ падруд гуфтанд. Беҳуда нест, ки нависандаи куҳансоли тоҷик Истад Қосим дар асоси мулоқоту суҳбатҳояш бо ин чеҳраи сиёсӣ ва ҷамъиятӣ китоби қиссаҳояшро бо номи “Ошиқ будаем рӯзе” навишта, дар он аз ӯ ҳамчун “Суқроти замон” тавсиф намудааст.
Дӯстамон Исматулло ба ин хотир зиндагиашро дар “Сояи боли Ҳумо”, яъне тағояш Ҳумоиддин мепиндорад. “Ҳумо”-мурғи афсонавие, ки рамзи давлату бахт будааст.
Дигар шахсе, ки ёди некашро дӯстамон пос медорад Мухташев Ғулом Мирович – собиқ сармураббии Кумитаи варзиши ҷумҳурӣ оид ба бокс мебошад, ки насиҳатҳои падаронаи ӯро доимо дар ёд дорад.
Тавассути онҳо бо шахсиятҳои маъруфи замон шиносоӣ пайдо карда, бо онҳо рафту омад мекард, ки аз ҳар суҳбат бо эшон як ҷаҳон таассуроту баҳраи маънавӣ мебардошт. Аммо бо чунин шахсиятҳо ҳамнишину ҳамдам будан низ ҳозирҷавобӣ, ҷасорату зиракиро металабад, ки хушбахтона дӯсти мо ин ҳамаро дар худ арзонӣ дорад. Ин ҳикмат ҳам аз шиорҳои рӯзгораш ҳаст, ки гоҳе бо ҷиддияту фахр мегӯяд: “Бо бузургон будан бузургиро мехоҳад”.
Ҳоло Исматулло дар Ташкилоти суғуртавии “МУИН”, ки худ аз ташаббускорону иштирокчии созмонёбии кори он мебошад фаъолият дорад. Дар рушди ин соҳа ҳам чун мутахассиси кордон бешак ҳиссагузор аст.
Шахсоне, ки бо Исматулло ҳамкорӣ доштанду доранд, нисбати ӯ бо эҳтиром сухан меронанд, ки овардани чанде аз тавсифи онҳоро зарур ва бамаврид медонем.
Хайруллоев Муҳаммадҷон Хайруллоевич, мушовири давлатии адлия дараҷаи 3 (генерал-майор): “Бо Исматулло мо аз солҳои 80-уми асри гузашта шиносоӣ дорем. Солҳои прокурори ноҳияи онвақтаи ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе буданам, ӯ давраи таҷрибаомӯзиро дар назди мо гузаронида буд. Бо гузашти солҳо ӯ ба Прокуратураи генералӣ ба кор омада, зиёда аз 8 сол дар раёсате, ки ман роҳбараш будам, фаъолият намуд. Ҳисси баланди масъулият, одоби касбӣ, дониши мукаммалаш намунаи ибрат ҳамкорон буд. Дар давоми фаъолияташ дар ин мақомот бенуқсон кор карда, бо унвони “Мушовири адлияи дараҷаи 1” ва Корманди фахрии мақомот ба нафақа баромад. То ҳоло мо бо ҳам дӯсту рафиқ буда, аз аҳволи якдигар бохабарем”.
Муҳаммадҷон Хайруллоевич ҳам таъкид мекунад, ки хислатҳои неки инсонии Исматулло ибрат аз зиндагиномаи тағояш Шарофиддинов Ҳумоиддин мебошад, ки дар даврони шуравӣ дар мансабҳои гуногуни баланди ҳизбию хоҷагӣ фаъолият доштанду мо ҳангоми яке аз сафарҳои хизматӣ бо он кас шинос шуда будем.
Ҳоҷӣ Шариф Исҳоқов, директори генералии “Ташкилоти суғуртавии “Муин”: “Дар давоми зиёда аз 40 соли шиносоиву дӯстӣ боре надидаму нашунидаам, ки дар бораи нафари дигар сухани бад ва таҳқиромез гуфта бошад. Солҳост, ки дӯстиву рафтуомади оилавӣ ҳам дорем. Фарзандони ҳамдигарро мешиносем. Ӯро ҳамчун инсони бомаърифат, дар рафиқиву дӯстӣ содиқ, падару бобои меҳрубон, соҳибкасб ва ба халқу Ватан содиқ медонам. Исматулло солҳои дароз ҳангоми ба вилояти Суғд бо сафарҳои хизматӣ ё истироҳат ба осоишгоҳи “Зумрад” рафтанаш, ҳатман барои хабаргирии падари бузургвори ман, ки зиёда аз 100 сол умр диданд, мерафту бо ёддоштҳову сухангӯиҳои зарофатнок хотирашонро шод мекард. Дӯстиву бародарии Исматулло бо ҳамкасбу ҳамкори собиқамон, шодравон Асоев Тоҳири фархорӣ, ки аз соли 1985 оғоз ёфта то дами марги нобаҳангоми Тоҳирҷон идома ёфт, барои мо намунаи ибрат аст. Агарчи ҳоло ӯ дар байни мо нест, вале доим аз ӯ ба некӣ ёдовар мешавем”.
Вақте ин мақола ба нашр омода мешуд, паёми яке аз дӯстони муштараки мо, ҳамхидмат, ҳамкору ҳамкурс ва дар маҷмуъ як инсони хушдилу суҳбаторо, собиқадори дӯстиву рафоқат Ансори Шоҳмирзо ба дасти мо расид, ки гумон мекунам, ҷамъбасти арзандае ба ҳамаи ин суханон аст:
“Аз ҳакиме пурсидаанд, ки ҳангоми сафар “дӯстро ҳамроҳ мегирӣ ё бародарро”.
Гуфтааст: Бародарро, агар дӯст бошад.
Замоне амри тақдир маро бо Исматулло Холниёзов рӯбарӯ кард. Ин ҷавони лоғарандоми ситорагарм бо гуфтори пур аз лутфу зарофат, суҳбати ширин, самимияту заковатмандӣ, бешак, ҳар дилро тасхир мекард. Баъдтар маълум шуд,ки дар ин шахси хоксор як олам матонату мардонагӣ, бузургиву азамат нуҳуфтаанд. Инак, чил сол мешавад ки мо дар ғаму шодии якдигар шарик, ҳамфикру ҳамнишин ҳастем.
Барои Исматулоако мафҳуми дӯстӣ бисёр муҳим аст. Таъкид карда меистанд, ки касе дӯст надорад, аҳмақ аст ва аҳмақтар аз ӯ касест, ки дӯсташро аз даст медиҳад ва боз мудом вирди забонашон аст, ки аз чизҳои куҳна беҳтаринаш дӯсти куҳна ва шароби куҳна мебошад. Таҷриба карда дидем, ки ҳақи гапро гуфтаанд.
Чун падари хона ҳам зиндагиашон намунаи ибрат аст. Хонаю дари обод, оилаи тифоқ, фарзандони соҳибмаълумоту хуштарбия ҳосили заҳмату ғайрати ин марди наҷиб мебошад.
Айни замон дӯсти хирадманди мо ба марҳилаи нави ҳаёт омодагӣ гирифта истодаанд.
Мардум гӯянд биҳишт хоҳӣ ё дӯст?
Эй бехабарон, биҳишт бо дӯст накӯст!
Бо эхтирому самимияти беандоза ба мавҷи табрикоти пайвандону дӯстон ба муносибати ҷашни зодрӯзи ин марди бузург шарик ҳастам”.
Мо ба дӯсти азиз Исматулло, ки имрӯзҳо ба синни мубораки 70 - солагӣ расидааанд ва ин санаро бо аҳли оилаву наздикони худ ҷашн мегиранд, рӯзгори аз ин ободтар, тани сиҳату бардамӣ таманно дорем. Сояи боли Ҳумо доимо дар болои сарашон парафшон бошаду бо шафоати он то ба сад ҳам бирасанд.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста