Пулиси пойтахт давоми ду ҳафтаи охир аз гум шудани 7 духтар аз шаҳри Душанбе, ки бархеашон ноболиғ ҳастанд, хабар дода, аз сокинон хост, дар ёфтани онҳо кӯмак кунанд. Раёсати ВКД дар пойтахт баъди як-ду рӯзи хабари бедарак гаштани ин духтарон, аз пайдо кардани бархеи онҳо иттилоъ доданд. Ба хабарҳои бедарак шудани духтарон, аз ҷумла ноболиғон ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар таваҷҷуҳ кард. Бархе бар ин гумон буданд, ки шояд онҳо рабуда шудаанд ва ё худ бо сабабҳо дигаре аз хона фирор карда бошанд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ду рӯз пеш, 15-уми апрел, аз гум шудани як ноболиғи 16-сола аз Душанбе хабар дода, аз сокинон хост, дар ёфтани ӯ кӯмак кунанд. Ин ниҳод аз гумшуда Махмаджанова Рӯзихон ном бурда, гуфт, ки ӯ 14-уми апрел аз хона баромада, бедарак шудааст.
Мақомот чӣ мегӯянд?
Мақомот пештар иттилоъ дода буданд, ки 6-духтари бедаракшуда пайдо шудаанд. Вале мушаххас аз куҷо пайдо кардани духтарон ва сабабу омилҳои бедаракшавии онҳоро, шарҳ надоданд. Ба таъкиди Раёсат ҳолатҳои бедаракшавии духтарон маъалаи шахсӣ ба ҳисоб рафта, онҳо ҳаққи ифшо кардани онро надоранд.
Аз ин ниҳод кӯтоҳ гуфтанд, ки “дар бештари ҳолатҳо дар пайи нофаҳмиҳои хонаводагӣ духтарон аз хона баромада, бедарак мешаванд”.
Аммо дар ВКД таъкид карданд, ки “ин одамрабоӣ ё гаравгонгирӣ нест”.
“Аксарияташон мераванд хонаводаҳояшонро огоҳ намекунанд ва оилаашон ба милитсия муроҷиат мекунанд. Баъзан шахси гумшуда бемори руҳӣ аст ва суроғаи хонаашро пайдо карда натавонистааст. Ҳамчунин, ноболиғоне, ки дар вақти дарс дар кӯчаҳо мегарданд, низ сабт мешавад ва аз сӯйи милитсия пайдо мегарданд”, - гуфтанд дар ВКД.
Чаро духтарон аз хона фирор мекунанд?
Саволе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд пурсида мешавад, ин буд, ки чаро аксари гумшудаҳо духтаранд ва ноболиғ ва чаро онҳо аз хона фирор мекунанд?
Нигина Мамадҷонова, равоншиноси тоҷик дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, наврасон бо сабабҳои гуногун аз хона фирор мекунанд, аз ҷумла аз рӯйи эҳсос ё вобаста ба масоили иҷтимоӣ.

“Масалан низоъҳои оилавӣ, ҷангҷолҳои доимӣ бо падару модар, фишор, нофаҳмӣ, зӯроварии равонӣ, ҷисмонӣ ё ҷинсӣ метавонанд сабаби гурехтани наврас шаванд. Эҳсоси маҳдудият, мушкилот дар мактаб, нокомӣ дар таҳсил, фишори иҷтимоӣ, муносибати нохуб бо дӯстон низ метавонанд сабаби гурехтани онҳо бошанд”,- иброз дошт равоншинос.
Ӯ таъкид мекунад, ки масоили равонӣ, аз ҷумла ҳолати изтироб, эҳсоси танҳоӣ, бовар надоштан ба худ ҳам сабаби фирор метавонад шавад.
“Таъсири гурӯҳ ё масоили ошиқӣ, баъзан наврасон бо дӯстонашон ё аз сабаби муҳаббат мегурезанд. Хоҳиши моҷаро ё эътироз доштан ва фикр мекунанд, ки фирор кардан метавонад роҳи баён кардани эҳсосашон аст ва ё эътироз бар зидди қоидаҳо мебошад”,- мегӯяд Мамадҷонова.
Баъди пайдо шудани нафари гумшуда бо ӯ чӣ тавр муносибат бояд кард?
Мамадҷонова мегӯяд, ки муносибат ва тарзи гуфтори пайвандон ба равони нафаре, ки ёфт шудааст, таъсири калон мебозад. Равоншинос тавсия медиҳад, ки бо онҳо бидуни бархӯрди тунду фишор, сӯҳбати самимӣ бояд кард.
“Мисол бо гуфтани онки “хурсанд ҳастам, ки ёфт шудӣ”, “хавотир ва нигарон будам”, “барои ман муҳим ҳастӣ ва мехоҳам фаҳмам, ки чӣ шуд”, “дар паҳлӯи ту ҳастам” метавонанд ба ӯ эҳсоси амнияту боварӣ диҳанд”,- таъкид мекунад равоншинос.
Мамадҷонова мегӯяд, духтарон баъди баргаштан ба хона бо дастгирии падару модар ва дигар атрофиён метавонад ба зиндагии оддӣ баргарданд. Ӯ таъкид мекунад, ки ҳақиқати ҳодисаи бо онҳо иттифоқ афтодаро ба нафарони бегона гуфтан бамаврид нест.
Ӯ таъкид мекунад, ки дар баъзе ҳолат духтарон барои фирор аз издивоҷи иҷборӣ ҳам тарки хона мекунанд.
Агар фарзандатон ба хона барнагашт, чӣ бояд кард?
Сироҷиддин Шукурӣ, сардори хадамоти матбуоти Раёсати ВКД дар Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфт, пеш аз ҳама, аз пайвандон, шиносҳо, дӯстон ва ҳамсояҳо суроғи ӯро бигиред. Вақте маълумоте пайдо накардед, ба шӯъбаи милитсияи маҳал муроҷиат кунед ё ба нозири минтақаи худ тамос гиред.

Дар мақомоти милитсия волидон ё пайвандони нафари гумшуда бояд ариза нависанд. Дар ариза номи пурраи шахси гумшуда, сана ва ҷои таваллуд, хусусиятҳои ӯ (қад, ранги мӯй, чашмҳо), ҷои нопадидшавӣ ва ҷузъиёти он ҳолатҳое, ки маълуманд, маълумот дар бораи волидайн ё парасторон ва рақам барои тамос дарҷ бояд шавад.
Шукурӣ гуфт, милитсия ҳаққи рад кардани аризаи шаҳрвандонро надорад ва тибқи қонун, муваззаф аст, шахси гумшударо ҷустуҷӯ кунад.
Ҳамчунин, ба иттилои ӯ, наздикони шахси гумшуда низ метавонанд мустақилона ҷустуҷӯ кунанд, аз ҷумла бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва паҳн кардани аксҳои шахси гумшуда.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло барномаҳои зиёд дар телефонҳои ҳушманд ҳаст, ки дар вақти воқеӣ макони пайвандони шуморо нишон медиҳанд. Чунин барномаҳо ба волидайн имкон медиҳанд, ки ба амнияти фарзанди худ, бахусус дар шаҳр ва ё дар сайру гаштҳои тӯлонӣ эътимод дошта бошанд.
Бояд гуфт, тибқи иттилои мақомот, дар соли 2024-ум дар Тоҷикистон 244 нафар ҳамчун гумшуда дар ҷустуҷӯ қарор гирифтаанд. Гуфта мешавад, аз ин теъдод 25 нафар ноболиғ будааст. Дар бештари мавридҳо онҳо баъди чанд муддат пайдо мешаванд, аммо дар куҷо будану сабабу омили бедарак гардидани онҳо норӯшан боқӣ мемонад.
Соли гузашта муҳоҷирон $5,8 млрд ба Тоҷикистон фиристодаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Намаки бобоӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2025
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста