ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 23 АПРЕЛ
Соли 1958 – Нахустин анҷумани рассомони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт. Ин анҷуман барои рушди санъати тасвирӣ ва қолабҳои гуногуни ҳунар дар кишвар муҳим буд ва барои рассомон имкони баррасии масоили санъати рассомиро фароҳам овард.
Соли 2019 – Эмомалӣ Раҳмон қарори боло бурдани нархи интернети мобилиро бекор кард.
Соли 2024 – “Қалъаи Хуҷанд” дарҳои худро ба рӯйи меҳмонон боз кард. Корҳои таъмиру азнавсозӣ дар маҷмаа 6 сол давом кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1937 – Зодрӯзи Садрӣ Саъдиев, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор.
Соли 1946 – Мавлуди Фазоил Атоуллохонов, олим, биофизики тоҷик, доктори илмҳои биология.
Соли 1955 – Зодрӯзи Толибҷон Бобоев, ҳунарпешаи театр.

Толибҷон Бобоев, ки яке аз намоишҳои хотирмонаш “Очаи Бика ва Зика” аст, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ва курсҳои театрии шаҳри Маскавро хатм карда, солҳои 1985-1987 дар Театри ба номи Моссовети шаҳри Маскав таҷриба омӯхтааст.
Баъди ба Тоҷикистон омадан муддати 25 сол дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ш. Кӯлоб ҳамчун ҳунарпеша, роҳбари бадеӣ ва директор фаъолият кард. Аз соли 2000 дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода ба дарсгӯӣ пардохт. Як муддат директори Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов буд. Дар намоишномаҳои “Мулки меросӣ”, “Сафар Амиршоев”, “Найрангҳои Скапен”, “Ҳуррият”, “Фишор”, “Заволи Ҷамбули Мастон” нақш офаридааст. Бо намоиши “Очаи Зика ва Бика” (ҳамроҳи Ҷумъахон Сироҷов) зиёда аз ду ҳазор маротиба баромад доштааст.
Соли 1955 – Мавлуди Абдуҷаббор Азизӣ, арбоби давлатӣ, собиқ ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо.

Абдуҷаббор Азизӣ дар риштаҳои муҳандисӣ, ҳуқуқшиносӣ ва идоракунии давлатӣ таҳсил намуда, фаъолияти кориашро соли 1976 ҳамчун муҳандис дар иттиҳодияи ноҳиявии “Тоҷикселхозтехника” оғоз кардааст. Баъдан дар вазифаҳои гуногуни комсомоливу масъули ҳизбӣ фаъолият намудааст.
Солҳои 1991-1994 директори Маркази шуғли аҳолии ноҳияи Данғара, солҳои 1994-1995 муовини раиси ин ноҳия ва аз соли 1995 то соли 2000 ба сифати мушовири президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ адои вазифа намудааст.
Соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагон аз ҲХДТ интихоб гардида, вазифаи муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии парлумони Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Аз соли 2001 то 2014 дубора мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо буд.
Соли 2015 вакили палумон интихоб шуд ва солҳои 2015-2020 муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон буд.
Соли 1956 – Зодрӯзи Маҳмадалӣ Айюбӣ, овозхон ва ҳунарпешаи театр.

Маҳмадалӣ Айюбӣ хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон буда, муддате дар хонаи маданияти шаҳри Қӯрғонтеппа ва хонаи эҷодиёти халқи собиқ вилояти Қӯрғонтеппа кор карда, аз соли 1979 инҷониб дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппа чун овозхон, навозанда, роҳбари мусиқӣ, нақшовар фаъолият доштааст.
Ӯ дар чандин намоишнома, аз ҷумла “Рӯдакӣ”, “Эшони иллоанта”, “Писари Ватан” ба сифати ҳунарпеша нақш бозидааст.
Дар овозхонӣ низ маҳорати хуб дошт, қариб 300 суруду тарона сароидааст. “Савганд”, “Эй Ватан”, “Ишқро анҷом нест”, “Тоҷикистони азизам” аз ҷумлаи таронаҳои беҳтарини ӯ мебошанд.
Соли 1964 – Мавлуди Қурбоналӣ Абдулло, овозхони номдори тоҷик.
Қурбоналӣ Абдуллоев моҳи январи соли 2021 аз бемории ҳамагири коронавирус дар синни 57-солагӣ аз дунё даргузашт.
Ӯ аз ҷумлаи он сарояндаҳое буд, ки тарзу шеваи овозхонии хоси худро дошта, бештар бо сароидани сурудҳои мардумӣ ва бадеҳахонӣ машҳур аст.
Беш аз 30 сол дар саҳнаи ҳунари тоҷик овозхонӣ мекард. Ӯ солиёни зиёд дар ансамбли "Дарё”-и Кумитаи радио ва телевизион кор карда, соли 2015 аз ин даргоҳ ба нафақа баромад.
Мардуми тоҷик Қурбоналӣ Абдуллоевро бо сурудҳои "Қишлоқаки ман", "Модар", "Куҷо меравӣ азизам", "Хаёли хом", "Хоки Ватан", "Рақси гулҳо", "Бибӯсам", "Шоҳдухтари сомонӣ", "Сари зулф", "Нимроҳ" ва дигарҳо машҳур аст.
Ҳамчунин овозхон бо ҳунармандони зиёде дуэт сароидааст, ки машҳуртаринашон "Алвидоъ" ва Ёри вафодор" бо Лола Азизова, "Худо ҳофиз" бо Нигина Амонқулова, "Эй ёре" бо Муҳаррама Шарипова ва "Туро хоҳам" бо Ҳанифа Қурбонова мебошанд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ таҷлил мешавад. Ин рӯз бо иқдоми ЮНЕСКО ҳамчун арзи эҳтиром ба китобу муаллифон таъсис ёфтааст.

Ин иқдом инчунин бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва огоҳии мардум дар бораи анъанаҳои фарҳангӣ ва аҳамияти китоб ҳамчун воситаи паҳн ва ҳифзи дониш роҳандозӣ шудааст.
Рӯзи ҷаҳонии озмоишгоҳ ё лаборатория (World Laboratory Day) ҳар сол 23 апрел ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба нақши озмоишгоҳҳо дар рушди илм, тиб, муҳандисӣ ва дигар соҳаҳо бахшида шудааст.
Ҳадаф аз таҷлили он арзи эҳтиром ба олимон, муҳаққиқон, озмоишгарон ва ҳамаи онҳое мебошад, ки дар муҳити лабораторӣ таҳқиқоти илмӣ анҷом медиҳанд ва барои беҳбуди зиндагии инсоният кӯшиш мекунанд.

23 апрели соли 1909 дар шаҳри Маскав яке аз бузургтарин обхезиҳо дар таърихи шаҳр рух дод, ки чанд рӯз идома ёфт. Дар натиҷаи берун рафтани оби дарёҳои Маскав, Яуза ва Канали обпарто, тақрибан панҷяки қаламрави шаҳр зери об монд.

Тақрибан 100 километр кӯчаҳо ва тангкӯчаҳо зери об монданд. Деворҳои Кремл ба ҳисоби миёна то 2,3 метр аз сатҳи роҳҳо зери об монданд. Дар маҷмӯъ, 25 ҳазор бино хароб ё зарар диданд.
23 апрели соли 1907 Ҷон Гриффит Чейни, ки бо номи адабии Ҷек Лондон маъруф аст, бо киштии худсохтаи дубурҷаи “Снарк” аз шаҳри Сан-Франсиско ба сафари даври дунё баромад. Ӯ ният дошт, ки 7 сол сафар кунад, вале бинобар бад шудани вазъи саломатиаш маҷбур шуд онро соли 1909 қатъ намояд.

Дар ҷараёни ин сафар, Ҷек Лондон маводи зиёде ҷамъ овард, ки баъдтар заминаи навиштани китобҳои машҳури ӯ гардиданд, аз ҷумла: “Саёҳати Снарк”, “Ҳикояҳои баҳрҳои ҷануб” ва “Писари Офтоб”.
Ҷек Лондон яке аз нависандагони машҳури амрикоӣ ва шахсияти фаъоли ҷамъиятӣ буд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ӯ баъд аз Ҳанс Кристиан Андерсен дуюмин нависандаи хориҷие буд, ки асарҳояш беш аз ҳама нашр мешуданд. Ӯ дар синни 40-солагӣ аз истифодаи барзиёди доруи хоб фавтид.
Ҳамасола 23 апрел Рӯзи ҷаҳонии забони англисӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз бо қарори Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар соли 2010 таъсис ёфтааст ва ба рӯзи таваллуди Уилям Шекспир – драматург ва нависандаи машҳури англис рост меояд. Уилям Шекспирро яке аз поягузорони забони адабии англисӣ медонанд. Ба хотири саҳми бузурги ӯ дар рушди забон, ин сана интихоб шудааст.

Ин рӯз бо мақсади арзи эҳтиром ба забони англисӣ ва нақши он дар фарҳанг, илм, технология ва муоширати байналмилалӣ ҷорӣ шудааст.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 23 АПРЕЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, рӯзона 9+14º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 18+23º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 13+18º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят асосан бебориш (0,0-0,5мм), дар баъзе минтақаҳои шарқӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, рӯзона 14+19º гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13º сард, рӯзона 0+5º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 23+25º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 23+25º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 25+27º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 15+17º гарм.
"Аз таҳти дил ва самимӣ месароид". Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ
Тавсеаи ҳамкориҳои “Саноатсодиротбонк”-и Тоҷикистон бо Бонки содиротиву воридотии Арабистони Саудӣ
“Почтаи тоҷик” баъди як соли танаффус интиқоли нома ва бастаро ба Русия оғоз кард
Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 3 моҳ 87 млн доллар кам шуд
Тобистони муфид барои кӯдакон: MediaLAB Asia+ барои наврасон барномаи таълимӣ роҳандозӣ мекунад
Назорат тариқи телефон. Дар шаҳр ва вилояти Маскав ба телефони муҳоҷирон замимаи мобилии махсус насб мекунанд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии картошкаи ҳосили нав оғоз шуд. Имсол он 20% камтар кишт шудааст
Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабони мавсим дар Ҷоми Русия эътироф шуд
“Имрӯз ҷасадҳоро ба Ватан меоранд”. Ҳалокати шаш муҳоҷири тоҷик дар садамае дар Қазоқистон
Чаро бонкҳои кишвар асъори хориҷии каме нуқсондоштаро қабул намекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста