Раёсати муҳоҷирати Литва пешниҳод кардааст, ки маркази хизматрасонии берунаи раводид дар Тоҷикистон баста шавад. Дар ҳамин марказ шаҳрвандон метавонанд барои гирифтани иҷозаи кор ва иқомати муваққат дар Литва ариза диҳанд. Раёсат тавсия додааст, ки ин марказ то тирамоҳ баста шавад.
Ба иттилои ин ниҳод, то оғози моҳи июн тақрибан 6250 шаҳрванди Тоҷикистон дар Литва иҷозаи иқомати муваққат доштанд. Раиси Раёсати муҳоҷирати Литва, Эвелина Гудзинскайте, гуфтааст, ки баъди анҷоми муҳлати иқомати муваққат, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвар ғайриқонунӣ боқӣ мемонанд.
“Агар ба омор нигарем, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки сари вақт кишварро тарк намекунанд ва нисбати онҳо бояд қарор дар бораи берункунӣ содир шавад, ба таври нисбӣ аз шаҳрвандони, масалан, Ӯзбекистон бештар аст”, — гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи Гудзинскайте, шаҳрвандони Тоҷикистон баъзан тавассути сарҳади Беларус ва Литва низ кӯшиш мекунанд ғайриқонунӣ вориди қаламрави Литва шаванд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол дар робита ба ин мавзӯъ изҳори назар накардаанд ва шарҳ надодаанд.
Дар Тоҷикистон сафорати Литва вуҷуд надорад. Масоили дипломатӣ ва консулгарии марбут ба Литва тавассути сафорати ин кишвар дар Қазоқистон ҳал мешаванд. Шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани виза ва иҷозаи иқомат ҳуҷҷатҳои худро тавассути маркази визавии VFS Global (шарики расмии сафорати Литва) дар шаҳри Душанбе пешниҳод мекунанд.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста