Гармии беш аз 45 дараҷа, мумҳои обшудаи роҳ ва шабҳои беором – мушкиле, ки имсол сокинони Тоҷикистонро азият дод. Иқлимшиносон мегӯянд, ин воқеятест, ки бо он рӯбарӯ ҳастем. Дар ҳоле, ки сокинон аз гармии тоқатфарсо шикоят мекунанд, мутахассисон таъкид менамоянд, ки ин муваққатӣ нест, балки чолишест, ки мутобиқшавии шаҳрҳоро мехоҳад.

 

Гармии хастакунанда

“Эҳсос мекунам, ки гоҳе чун даруни деги ҷӯш ва сарпӯш, меҷӯшем”,- мегӯяд Зебо Тоҷибоева, сокини пойтахт ва сармуҳаррири пойгоҳи хабарии Your.tj.

“Беш аз як ҳафта аст, ки ҳарорат беш аз 40 дараҷа гарм аст. Ҳатто шаб ҳам оромӣ нест. Ман ҳамеша инҷо зистаам, аммо дар гузашта чунин гармиро эҳсос накарда будам”, - зикр мекунад Мусаввара Шукурова, сокини дигари Душанбе.

Дар нимаи дуюми моҳи июл Тоҷикистонро гармии ғайримуқаррарӣ фаро гирифт. Мувофиқи маълумоти Оҷонсии ҳавошиносӣ, ҳарорат дар ноҳияҳои ҷанубӣ ба 46°C расид.

“Дар Кӯлоб мо ба гармӣ одат кардаем, аммо солҳои охир беҳиҳоят гарм ва тоқатфарсо аст. Дар чунин гармӣ беҳтар аст, ки берун набароед. Бори мошинамро зери офтоб гузоштам, пас як соат натавонистам вориди он шавам, чун хеле гарм шуда буд. Ҳатто зарфи пластикии даруни мошин об шуда буд. Дар мо баъзан муми роҳҳо низ об мешаванд”, - мегӯяд Имомалӣ, як сокини шаҳри Кӯлоб.

Дар Хуҷанд, ки дар шимоли кишвар ҷойгир аст, низ вазъ начандон фарқ мекунад.

“Дар чунин рӯзҳо пиёдагардӣ дар шаҳр қариб имконнопазир аст. Ҳаво хеле гарм ва гӯё месӯзад”, - таъкид мекунад рӯзноманигор Алия Ҳамидулина.

Сокинони шаҳрҳои Тоҷикистон — ҳам дар шимол ва ҳам дар ҷануб — зикр мекунанд, ки гармии аз меъёр зиёд ҳар тобистон мушоҳида мешавад. Ҳатто дар Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар баландии зиёда аз 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, давоми чанд моҳи гузашта рӯзҳои зиёде буд, ки ҳарорат ба +35°C мерасид.

“Барои мо ин дигар аз ҳад зиёд аст! Дар солҳои охир ҳаво дар Хоруғ хеле гарм шудааст. Пештар дар моҳи июн борон меборид ва ҳаво ҳам сахт гарм набуд. Ҳоло сол аз сол борон ҳам кам меборад”, - мегӯяд Шаҳноза Фазлоншоева.

Гармшавии ҳаво аз мавзӯҳои мубрами сокинон аст, ки баррасӣ мешавад. Расонаҳо ҳам ҳамеша аз он гузориш медиҳанд.

 

Ҷадвали ҳавои Душанбе дар моҳи июли соли 2025

Меъёри нави иқлим

“Ҳаво тағйир ёфтааст. Гармӣ солҳои пеш мавсимӣ буд, ҳоло пешгӯинашаванда шудааст. Бовар дорам, ки ин танҳо эҳсос ва тахминҳои одамони оддӣ нест”, - мегӯяд Алия Ҳамидулина.

Ва ӯ ҳақ аст. Гармии ғайриоддӣ, ки пеш ин зиёд мешоҳида намешуд, ҳоло ба қавли иқлимшиносон, ба воқеият табдил ёфтааст ва нигаронкунанда аст.

“Ҳаво ҳар сол тағйир меёбад ва гармтар мешавад. Хусусан, 3-4 соли охир хеле гарм шуд. Пештар тобистон ба дараҷаи тоқатфарсо гарм набуд. Фикр мекунам, ин натиҷаи тағйирёбии иқлим аст”, - зикр мекунад Лобархон Сиддиқова, сокини Бохтар.

Таҳқиқоти илмӣ афзоиши назарраси миқдори мавҷҳои гармиро дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, нишон медиҳанд. Ҳатто, афзоиши ҳарорати миёнаи солона дар минтақа нисбат ба ҷаҳон шадидтар аст.

Мувофиқи маълумоти ҳавошиносон, ҳарорати миёнаи солона дар Душанбе давоми ҳафт даҳсолаи охир 1,5°C, дар Хуҷанд - 1,7°C, дар Бохтар 2,3°C афзоиш ёфтааст.

“Мувофиқи пешгӯиҳои мо, рӯзҳои пай дар паи гарм (бо ҳарорати зиёда аз 30°C) дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба таври назаррас афзоиш меёбад. Агар ҳозир дар ба ҳисоби миёна як сол қариб 16 рӯз ҳисоб мешавад, то соли 2050 ин нишондиҳанда метавонад ба 25 рӯз расад ва то охири аср — аз 45 рӯз зиёдтар шавад”, - таъкид мекунад Юлий Дидоветс, мутахассиси ҳавошинос аз Институти таҳқиқоти тағйироти иқлимии Потсдам.

 

1/2

Ин нишондиҳандаҳо дар минтақаҳо ба таври назаррас фарқ мекунанд. Масалан, дар вилояти Хатлон ҳар сол қариб 58 чунин рӯз сабт мешавад. Мувофиқи пешгӯиҳо, то соли 2050 чунин рӯзҳо метавонад ба 101 рӯз, то соли 2100 — ба 126 рӯз бирасад.

“Таҳлили маълумоти дастрас нишон медиҳад, ки дар панҷ соли охир дар чанд шаҳри кишвар ҳарорати рекордӣ сабт шудаанд. Ба таври махсус, соли 2022 ҳарорати ҳадди аксар дар Душанбе (44,1°C), Хоруғ (39°C), Мурғоб (28,4°C) ва Исфара (46,1°C) сабт шудаанд”,- зикр мекунад мутахассис.

Мувофиқи арзёбиҳои хадамотои миллии ҳавосанҷӣ, то соли 2030 (нисбат ба давраи асосии 1961-1990) ҳарорати миёнаи солона дар аксари минтақаҳои кишвар то 0,2-0,4°C зиёд мешавад. Ва ин боиси сабти рекордҳои нави ҳарорат ва афзоиши давраҳои гармии ғайриоддӣ хоҳад шуд.

“Ҳамин тавр, дар даҳсолаҳои оянда Тоҷикистон бо афзоиши назаррас ва зиёдшавии давраҳои гармии экстремалӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Ин зарурати андешидани чораҳои саривақтӣ барои мусоидсозии ҳам аҳолӣ ва ҳам инфрасохтори шаҳриро мехоҳад”, - хулоса мекунад Юлий Дидоветс.

Баъзеҳо гармии ғайриоддиро чун ҳодисаи муваққатӣ қабул мекунанд. Аммо, ба сабаби тағйироти иқлим, ҳарорати баланди экстремалӣ муваққатӣ набуда, воеияти нав аст.

 

Санҷиши гармӣ

Аз гармӣ ҳама нороҳатанд, аммо барои сокинони шаҳрҳо ин боз ҳам душвор аст, зеро аз мумҳои обшудаи роҳ, норасоии муҳити сабз “ҷазираи гармӣ”-ро ба миён меорад. Дар натиҷа ҳарорати дохили шаҳрҳо чанд дараҷа баландтар аз минтақаҳои деҳоти атроф мешавад.

 

Кӯдакони наврасон аз гармӣ дар ҷӯйбору дарёҳо паноҳ меҷӯянд.

“Ин ҳодиса ба сабафи сохтмонҳои зиёд, асфалтпӯшкунии зиёди роҳҳо ва манбаъҳои сершумори гармӣ, аз ҷумла нақлиёт ва корхонаҳои саноатӣ, ба вуҷуд меояд. Аҷиб нест, ки дар давраҳои гармии ғайриоддӣ шаҳрҳо ба маънои воқеӣ аз он азоб мекашанд”, - мегӯяд Александр Ишенко, мудири лоиҳаҳои ҳалли мубориза бо тағйироти иқлимӣ дар дафтари минтақавии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (МСОП) барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ.

“Дар авҷи тобистон давоми рӯз кӯшиш мекунем, ки аз хона берун набароям. Ҳавои хушку гарм, набудани соя ва ғубори доимӣ ба сайругашт имкон намедиҳанд. Ман нақшаҳоямро танзи карда, вақти берун рафтанро кам мекунам”, -  зикр мекунад Анно Мирзоева, сокини Душанбе ва модари ду фарзанд.

Ҳарорати баланд сайругашт ва ҳаракати шаҳрвандонро дар фазои кушод душвор мекунад. Дар чинин вазъ дар фазои кушод барои муддати дароз истодан, ғайриимкон аст. Ҳатто дар офтоб ва зери дастгоҳҳои сардкунӣ ҳам.

“Рӯзона қариб имконнопазир аст, ки дар кӯча бошӣ — ҳатто нафаскашӣ ҳам душвор мешавад. Хуб аст, ки дар кор дастгоҳи сардкунӣ ҳаст. Ин ягона халосгари ман аст”, - иброз медорад Машҳура Мақсудзода, мудири равобити дохилӣ аз Хуҷанд.

Ба сокини Хоруғ Шахноза бештар бахт хандидааст.

“Хонаи анъанавии памирии ман аз масолеҳи табиӣ сохта шудааст. Деворҳои ғафс ва низоми гардиши ҳаво дорад, ҳатто дар шадидтарин гармӣ, хунукиро нигоҳ медоранд. Аммо, беҳтар аст, ки шомгоҳон ё субҳи барвақт ба берун берун бароед” , - мегӯяд ӯ.

 

Хонаи бадахшонӣ

Гармӣ қобилияти кориро низ зуд коҳиш медиҳад: хастагӣ зуд эҳсос мешавад, фаъолияти ҷисмонӣ душвор мегардад ва қобилияти фикрронӣ ҳам кам мешавад.

“Пас аз сайругашт дар гармӣ, танҳо мехоҳам истироҳат кунам ва ҳеҷ кор накунам. Хастагӣ, нотавонӣ ва берағбатиро эҳсос мекунам. Ҳатто истироҳат дар ҳуҷраи хунук ҳам ҳамеша кӯмак намекунад”, - иброз медорад Алия.

 

Хуб, ки барқро қатъ накарданд

Ҳатто миёни одамони оддӣ, ки аз гузоришҳо оид ба тағйирёбии иқлимӣ огоҳ нестанд, эҳсоси нигаронӣ меафзояд, ки гармии ғайриоддӣ танҳо як норасоии муваққатӣ нест. Дар ин шароит, шаҳрвандон ҳарчи  бештар ба як саволи муқаррарӣ посух меҷӯянд: мақомоти маҳаллӣ кадом чораҳоро барои кӯмак расондан ба аҳолӣ дар мубориза бо гармӣ меандешанд?

“Ростӣ, намедонам, ки мақомот чӣ корҳоро барои кӯмак ба сокинон барои таҳаммули гармии экстремалӣ анҷом медиҳанд. Он чизе, ки ман медонам ва метавонам гӯям, ин аст, ки дар ноҳияи мо маҳдудияти интиқоли об буд. Тасаввур кунед, ки дар чунин ҳаво бе об мондан чӣ қадар душвор аст”, - нигаронӣ мекунад Машҳура.

“Шукр, ки ҳадди ақал барқро хомӯш накарданд ва бе дастгоҳи сардкунӣ намондем. Дар бораи дигар чораҳо маълумот надорам”, - мегӯяд Зебо.

Бисёр шаҳрҳои бузург дар Тоҷикистон ҳоло тағйироти ҷиддиро аз сар мегузаронанд: дар онҳо сохтмон зиёд мушоҳида мешавад. Майдонҳои сабз кам мешаванд, ҳудудҳои бузург бо мумфаршу бетонпӯш мешаванд. Илова ба ин ҳаво низ босуръат тағйир меёбад.

“Дар Хуҷанд сохтмони биноҳои нав босуръат идома дорад. Дарахтонро мебуранд, дар кӯчаҳо қариб фаввораҳое, ки тавонанд микроклиматро нарм кунанд, нестанд. Минтақаи сабз кам аст, дарахтоне, ки мешинонанд, ба таври кофӣ соя намекунанд”, - зикр мекунад Алия.

 

1/3

“Дар Хоруғ минтақаҳои сабз ҳаст, чун боғи марказӣ ё боғи наботот, аммо то ҳол маъракаҳои иттилоотӣ дар бораи чораҳои эҳтиётӣ, аз ҷумла оби нӯшокӣ барои умум ё соябонҳо нест”, - мегӯяд Шахноза.

“Эътироф бояд кард, ки мақомоти шаҳрӣ ҳангоми нақшарезӣ ва рушди шаҳрҳо пешгӯиҳо оид ба иқлимро ба назар намегиранд. Онҳо то ҳол гармии ғайриоддиро чизе фавқулода ва таваҷҷуҳбарангез намешуморанд”, - иброз медорад Зарина, фаъоли ҷавон дар бахши иқлим.

Аммо, Дилрабо Шукрӣ, мутахассиси идоракунии захираҳои обӣ мегӯяд, нодиди гирифтани талоши мақомот нодуруст аст.

“Дар чорчӯбии барномаи давлатии сабзкунӣ то соли 2040 дар шаҳрҳо дарахтони нав шинонида мешаванд, низоми мониторинги экологӣ такмил дода мешавад ва дар Душанбе унсурҳои ҷудогонаи “Шаҳри ҳушманд” ворид карда мешаванд, ки метавонанд ба мусоидсозӣ бо тағйироти иқлимӣ мусоидат намоянд, - мегӯяд ӯ.

 

Чораандешӣ ногузир аст

Шаҳрҳо ногузиран ба воҷеиятҳои нави иқлимӣ мутобиқ мешаванд. Дарки ҳарчи пештари ин барои мақомот ва сокинон муфид аст.

“Алҳол зарур аст, ки чораҳо андешида шаванд — аз таҳияи низоми огоҳии пешакӣ ва марказҳои хунуккунӣ то таъмини соя ва дастрасӣ ба об. Аммо, барномарезӣ дарозмуддат ҳанӯз муҳимтар аст, то инфрасохтор устувор бимонад ва шаҳрвандон ҳимоя шаванд”, - мегӯяд Юлий.

“Бешубҳа, мубориза бо тағйирёбии иқлим пайваста бояд бошад. Масъалаҳои мусоидсозӣ, ба монанди харитаҳои ҳарорат, минтақаҳои сабз ва дастрасӣ ба об бояд дар марҳилаи лоиҳакашии ноҳияҳои нав ва навсозии мавҷуда ҳамоҳанг карда шаванд”, - зикр мекунад Дилрабо.

Дарвоқеъ, сиёсати шаҳрсозӣ дар ин боб нақши калидӣ дорад: мубориза бо сохтмони ғайриқонунӣ ва ғайринақшавӣ, сабзкорӣ, самаранокии энергетикии биноҳо, эҷоди фазоҳои хунуккунӣ. Дар ин ҳол, истифодаи ҳалли мубориза бо тағйироти иқлимӣ метавонад яке аз муассиртарин роҳҳои мусоидсозӣ дар шаҳрҳо бошад.

“Ташкили минтақаҳои ҷангал-боғӣ, сабзкории бомҳо, эҳёи обанборҳо, табдил додани қисме аз ҳудудҳои мумфаршшуда ба сабза на танҳо ба коҳиши ҳарорат, балки ба ҳадди замон самаранокии ҳаёт ва муҳити шаҳрӣ мусоидат менамояд”, - таъкид мекунад Александр.

 

Гулкорӣ дар Душанбе

Дар айни замон, шаҳрҳо дар тамоми ҷаҳон аллакай роҳҳои ҳалли навоваронаро барои мубориза бо гармиро ҷустуҷӯ мекунанд ва пайдо кардаанд.

“Дар Лос-Анҷелес рангҳои аксафкан гармии сатҳҳоро коҳиш медиҳанд, дар Франкфурти лаби Майн бомҳо ва пешоҳангҳои “сабз” гармиши биноҳоро коҳиш медиҳанд, дар Афина вазифаи мудири масъалаҳои гармӣ аст, ки ҳамкории байнидориро ҳамоҳанг мекунад”, - мисол менорад Юлий.

“Таҷрибаи байналмилалиро омӯхтан зарур аст, аммо ҳалли умумӣ вуҷуд надорад. Стратегияҳо бояд иқлими маҳаллӣ, хусусиятҳои фарҳангӣ ва иҷтимоиро ба назар гирифта ва аз имконоти мавҷуда баромада бошанд”, - мегӯяд Дилрабо.

Ҳамин тавозун байни ҳалли технологӣ ва равиши мубориза бо тағйироти иқлим метавонад самари бештар ва дилхоҳ диҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.