Рӯзи 19-уми октябр дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе таҷлили иди Меҳргон ва намоиш-фурӯши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар ин рӯз, ҳамчунин, дар боғи мазкур чорабиниҳои “Иди тарбуз, харбуза ва каду”, “Иди себ ва ангур”, “Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал” ва “Оши палав, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ” доир мешаванд.
Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, дар ин чорабинӣ деҳқонон аз гӯшаҳои гуногуни кишвар маҳсулоти кишоварзии худ, аз қабили биринҷу шолӣ, себу ангур, асал, сабзавот ва меваҷотро ба намоиш гузошта, беҳтарин кадбонуҳои мамлакат ва ҳунармандони мардуми хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоташонро манзури сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд.
Вазорат гуфтааст, дар ин рӯз маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳоди сокинон мегардад. Инчунин, кумитаву идораҳои давлатӣ дастовардҳои соҳаи худро ба намоиш мегузоранд.
Меҳргон ҷашни тирамоҳӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун рамзи сипосгузорӣ барои неъматҳои табиат ва заҳмати деҳқонон, эҳтиром ба ягонагии инсон ва табиат таҷлил карда мешавад.
Соли 2009 бо қарори ҳукумат ҷашни Меҳргон ба рӯйхати идҳои расмӣ дохил карда шуд ва соли гузашта ин ҷашн ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО низ ворид гардид.




Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста