Tcell аз сӯи ширкати байналмилалии Ookla ҳамчун “Шабакаи зудтарин дар Тоҷикистон” дар нимаи аввали соли 2025 эътироф шудааст.
Озодхон Давлатшоев, директори генералии Tcell гуфт, ки “ин дастовард натиҷаи меҳнати софдилона ва садоқати дастаи Tcell, инчунин дастгирии саҳмдорон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки рушди рақамиро бо сиёсати оқилонаашон дастгирӣ менамоянд”.
“Ҳар як сармоягузории Tcell бо ҳадафи амиқ— баланд бардоштани сифати зиндагии мардум, пешбурди рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва сохтани ояндаи рақамии Тоҷикистон анҷом дода мешавад”, - гуфт ӯ.

Ба таъкиди номбурда, дар соли 25-солагии фаъолияти Tcell ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ин ҷоиза рамзи ифтихор ва масъулияти нав барои сохтани ояндаи рақамии Тоҷикистон мебошад.
Бояд гуфт, ки ширкати байналмилалии Ookla яке аз пешсафони ҷаҳонӣ дар соҳаи таҳлили шабакаҳо ва омӯзиши сифати интернет мебошад.
Платформаи маъруфи Speedtest ҳар рӯз садҳо миллион озмоиши истифодабарандагонро ҷамъоварӣ мекунад ва тасвири воқеии суръат ва сифати шабакаҳоро дар ҷаҳон пешниҳод менамояд. Ҷоизаҳои "Speedtest Awards" ба ширкатҳое дода мешаванд, ки дар пешниҳоди суръати баланд ва сифати хизматрасонӣ натиҷаҳои беҳтаринро нишон медиҳанд.




Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста