Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон хабари тақдими китоб аз сӯйи Юсуф Вафо, волии вилояти Балхи Афғонистонро, ки расонаҳои ин кишвар интишор карданд, тасдиқ кард, аммо гуфт, то ҳол надидааст, ки он чӣ китоб аст.
Дар бораи тақдими китоб аз сӯйи волии Балх ба муфтии Тоҷикистон расонаи “Afghanistan International” хабар дода, навишт, ки “Юсуф Вафо зимни сафараш ба Тоҷикистон нусхае аз қонуни амр ба маъруф, суханрониҳо ва дастурҳои роҳбари Толибонро* ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳадя додааст”.
Саидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 27-уми октябр дар сӯҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки аз Юсуф Вафо “ҳадя гирифтем, вале надидем, чӣ аст. Ҳамчун тӯҳфа гирифтам, истодааст, надидам. Як “пакет”-и майдаҳак буд, накушодам”.
Расонаҳои Афғонистон аз қавли волии Балх навиштанд, “ҳадаф аз ҳадяи ин китобҳо ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ин буд, ки “ҳадаф ва мафкураи моро дарк кунанд”.
Ҳамчунин, расонаҳои Афғонистон аз қавли дафтари матбуоти волии Балх навиштанд, ки “барои густариши робитаҳо Юсуф Вафо хостгорӣ рафтуомадӣ рӯҳониёни Тоҷикистон ба Афғонистон шудааст ва инчунин Тоҷикистонро даъват кардааст, ки мисли Ӯзбекистон дар сохтани мадрасаҳои динӣ ва масҷидҳо дар Афғонистон саҳм гузорад”.
Саидмукаррам Абдулқодирзода дар равобита ба ин даъвати волии Балх гуфт, ки “аз ин суҳбатҳо дарак надорад” ва илова кард, ки “Тоҷикистон дар куҷое, ки тавон дошта бошад, доим кӯмакро дареғ намедорад. Чанд бор ба зарардидагон кумак карда буданд...”.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои расонаҳои Афғонистон Юсуф Вафо, волӣ ё раиси вилояти Балхи Афғонистон 23-юми октябр бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон (КДАМ) дар Душанбе, мулоқот кардааст. Дар ин мулоқот таҳкими равобит, аз ҷумла амниятӣ ва истихборотӣ, мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва шабакаҳои қочоқи маводир мухаддир, густариши робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва илмӣ сӯҳбат шудааст.
Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, Юсуф Вафо пештар раиси Қандаҳор будааст ва ҳоло яке аз афроди наздики раҳбари Толибон аст. Сухангӯи волии Балх ба расонаҳои Афғонистон гуфтааст, ки Юсуф Вафо бо даъвати Тоҷикистон ба Душанбе сафар кардааст.
Дар бораи ин мулоқот мақомоти расмии Тоҷикистон иттилоъ надодаанд. Талоши “Азия-Плюс” барои дастрас кардани тафсилоти ин мулоқот дар мақомоти Тоҷикистон бесамар буд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста