ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз Андӣ Мададиён, сарояндаи маъруфи эронӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерт баргузор мекунад. Арзиши билети ин консерт аз 600 то 900 сомонӣ аст. Ӯ рӯзи 21-уми ноябр вориди Тоҷикистон шуд ва дирӯз аз yамоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон, ки дар Боғи Куруши Кабир ҷараён дорад, боздид кард.


– Имрӯз дар Тоҷикистон мусобиқаи Ҷоми Осиё миёни ҷавонон ҷамъбаст мегардад. Он дирӯз оғоз гардид беш аз 270 варзишгар аз 5 кишвар – Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, инчунин, дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо ширкат карданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 186 куштигири ҷавон (176 писар ва 10 духтар) намояндагӣ мекунад.

– Имрӯз соати 17:00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ балети Чайковский – “Соҳибҷамол дар хоб” (Спящая красавица) ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта барои вуруд аз 33 то 55 сомонӣ аст.


- Соати 11:00 дар Театри давлатии "Лӯхтак"  намоишномаи бачагонаи Динара Юлдошева "Балагани шодмонӣ"-дар коргардони Фатҳулло Хоҷаев ба намоиш гузошта мешавад. Чиптаҳоро дар ticketon.tj дастрас кардан мумкин аст.

- Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи китобхона сурат мегирад. Озмуни мазкур аз соли 2019 ҳамасола баргузор мешавад.

- Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.

Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1948 – Комбинати кӯҳӣ-металлургии “Такоб” ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2006 – Дар Тоҷикистон Нахустин намоишгоҳи байналмилалии саноати ғизоӣ “InterFood Tajikistan” баргузор шуд.

Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”-ро имзо  намуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1924 – Мавлуди Соҳиб Табаров, мунаққид ва адабиётшиноси тоҷик.

Соҳиб Табаров

Соҳиб Табаров яке аз шахсиятҳои барҷастаи илму адаб ва фарҳанги Тоҷикистон мебошад, ки дар рушди адабиёти тоҷик ва илми адабиётшиносӣ саҳми гаронбаҳо гузоштааст.

Ӯ дар Омӯзишгоҳҳои омӯзгории шаҳрҳои Самарқанд, Панҷакент ва Кӯлоб таҳсил намуда, сипас дар факултети адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе таҳсили олӣ гирифтааст. Табаров дар оғози фаъолияташ авал муддате омӯзгорӣ карда, сипас дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёт дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

Аз соли 1985 сарходими илмии шуъбаи адабиёти муосири тоҷик, мушовири илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, дотсент ва мушовири кафедраи назарияи адабиёт ва адабиёти навини форсии тоҷик буда, то охири умр фаъолият намудааст.

Соҳиб Табаровро метавон бунёдгузори мактаби нақди адабӣ дар Тоҷикистон номид. Ба гуфтаи огоҳон, мактаби ӯ таъсири бузурге ба рушди адабиёт дошт, ки то ҳол эҳсос мешавад ва яке аз бузургтарин дастовардҳои Соҳиб Табаров ҳам тарбияи як насли нави адабиётшиносон ва мунаққидон дониста мешавад.

Номбурда ҳамчун мунаққиди адабӣ, адабиётшинос, рӯзноманигор ва омӯзгор мероси бузурги илмиро аз худ ба мерос гузошт: беш аз 1000 мақола, нақди адабӣ, шарҳу эссе, паёмҳо, монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва васоити методӣ барои муассисаҳои миёна ва олӣ.

Соле пеш “Азия-Плюс” ба муносибати 100-солагии Соҳиб Табаров матлабе омода намуд, ки инҷо хонед: Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров

Соли 1962 – Зодрӯзи Лутфия Раҷабова, доктори илмҳои физикаю математика, вакили пешини парлумон.

Соли 1938 – Зодрӯзи Муҳиддин Хоҷазод, нависандаи тоҷик.

Муҳиддин Хоҷазод

Муҳиддин Хоҷазод дар шаҳри Ставрополи Русия таваллуд шудааст, зеро падараш Олимхон Махдуми Хуҷандиро соли 1930 чун мударриси Мадрасаи Ҳазрати Бобо ба онҷо бадарға карда буданд.

Солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва шаш моҳи асоратро аз сар гузаронда, соли 1946 ба Хуҷанд баргашт ва сипас ба Самарқанд кӯчид.

Дертар боз ба Тоҷикистон баргашту ба кораш идома дод.

“Нони ҳалол”, “Нишони муҳаббат”, “Об – рӯшноӣ” ва “Кӯҳ бе варта нест” аз ҷумлаи осори ӯст. Аз соли 1965 узви Иттиҳоди адибон ва аз соли 1970 узви Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон буд.

Ӯ соли 2020 ҳамроҳи чанд узви оилааш ба бемории COVID-19 гирифтор шуда ва ҳамсару келинашро аз даст дод.

Худаш дар пайи табобати дарозмуддат шифо ёфт, аммо, ба нақли пайвандон, таъсири беморӣ ба узвҳои дигараш осеби ҷиддӣ расонд. Ӯ 26-уми марти соли 2024 дар 86-солагӣ даргузашт.

Соли 1970 – Мавлуди Пайрав Чоршанбиев, рӯзноманигор, шореҳи иқтисодии Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”.

Соли 1996 – Саодат Икромӣ, китобдор ва яке аз поягузорони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ҳамсари Ҷалол Икромӣ дар 82-солагӣ даргузашт.

Саодат Икромӣ

Саодат Икромӣ, дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфта, пас аз кӯчидан ба Душанбе ба таҳсил дар Техникуми молия шурӯъ кард.

Фаъолияти касбии Саодат Икромӣ дар Китобхонаи оммавии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ оғоз ёфт, ки дар он ҷо ӯ чун китобдор хизмат карда, умри худро ба рушди китобхона ва маърифат бахшид.

Саодат Икромӣ ҳамсари шоири маъруф Ҷалол Икромӣ буд. Ӯ баъди марги шавҳараш Ҷалол Икромӣ боз се соли дигар зист ва 23-юми ноябри соли 1996 дар синни 82 даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

23-юми ноябр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии акварел таҷлил мешавад Ин ҷашнест, ки барои гиромидошти наққошӣ бо акварел ва эҳёи арзиши ин жанр дар санъати ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст. Муассиси ин рӯз рассоми маъруфи мексикоӣ Алфредо Гуати Рохо аст. Ба назари ӯ, акварел метавонад эҳсосот, манзара ва нозукиҳои табиатро ба андозаи наққошӣ бо рангҳои равғанӣ ва ҳатто бештар таҷассум кунад.


Истилоҳи “акварел” аз калимаҳои фаронсавӣ ва италиявӣ сарчашма гирифта, маънои “обӣ”-ро дорад. Рангҳое, ки дар акварел истифода мешаванд, дар асоси моддаҳои обҳалшавандаи табиӣ омода мешаванд ва ҳамин хусусият ба тасвир нармӣ ва эҳсоси ҳаловат мебахшад.

23-юми ноябри соли 1985 ҳавопаймои навъи “Боинг-737”, ки аз Афина ба Қоҳира парвоз мекард, аз ҷониби панҷ мусаллаҳ рабуда шуд ва бо таҳдиди аслиҳа маҷбур шуд дар Малта фуруд ояд.


Пас аз нишаст, вазъ шиддат гирифт. Силоҳбадастон ду шаҳрванди Исроил ва се шаҳрванди Амрикоро паронида, аз дари ҳавопаймо ба замин партофтанд. Ин амал мақомоти Малтаро водор кард, ки амалиёти низомиро барои озодсозии гаравгонон оғоз намоянд.

Дар задухӯрди кӯтоҳ неруҳои амниятӣ чаҳор нафар аз панҷ террористро безарар карданд. Бо вуҷуди ин, ҳамлаварон пеш аз марг дар дохили ҳавопаймо чанд силоҳи тарканда партофтанд, ки сӯхтор сар зад. Дар натиҷаи ин фоҷиа аксари мусофирон ҳалок шуданд.

23-юми ноябри соли 2004 бозии онлайнии “World of Warcraft” таъсис дода шуд. Он баъдан ба яке аз бонуфузтарин бозиҳои компютерӣ табдил ёфт.

Бозӣ баъди ба бозор баромадан таваҷҷуҳи васеи бозингарони ҷаҳонро ба худ ҷалб кард ва ба таври рекордӣ ба фурӯш рафт. Бо гузашти зиёда аз 15 сол, бозӣ то ҳанӯз ҳазорон тарафдор дорад.


Соли 2014 барои ин бозӣ замимаи нав бо номи “Warlords of Draenor” нашр шуд, ки дар як шабонарӯз зиёда аз 3 миллион нусха фурӯхта шуд. Ин нишондод мавқеи бозиро дар бозор боз ҳам тақвият дод.

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 5+10º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 13+18º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 10+15º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18º сард, дар баъзе минтақаҳо то 21-23º сард, рӯзона -1+4º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 18+20º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 18+20º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 8+10º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.