Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дирӯз, 29-уми ноябр, аз пурра иҷро шудани нақшаи даъвати ҳарбӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар хабар дод. Мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш аз 1-уми октябр оғоз шуда буд.

Вазорати дифоъ навиштааст, ки “фаъолияти назарраси бисёре аз комиссияҳои даъватӣ дар ташкили корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ имкон медиҳад, ки сол ба сол шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ зиёд гардида, иҷрои нақша саривақт ва дар сатҳи баланд таъмин гардад”.

Дар ҳамин ҳол, имсол низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд навори, ба гуфтаи корбарон, “облава”, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бардошта шудаанд, паҳн гардид. Дар ин наворҳо дида мешавад, ки чанд нафар ҷавонписаронро боздошт ва иҷборан ба мошинҳо савор карда мебаранд.

Солҳои гузашта низ аз боздошти иҷбории ҷавононписарон аз сӯйи нафарони номаълум дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардида, вокуниши ҷомеаро ба вуҷуд оварда буд.

Мақомот вуҷуди “облава”- ро ҳамеша рад мекунанд. Аммо мегӯянд, ки дар ҳолати баъди гирифтани даъватнома ҳозир нашудани ҷавонон ба комиссариати ҳарбӣ, мақомоти пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Бояд гуфт, маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусалаҳи кишвар аз 1-уми октябр оғоз гардид ва то 30-юми ноябр идома хоҳад ёфт. Бар асоси фармони раисҷумҳур, дар ин мавсим ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1998-2007) дар ба артиш ҷалб мешаванд.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.