Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон чанд рӯз пеш дар баробари чанд қонуни дигар, Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро ҳам имзо кард. Акнун баъди як моҳи нашри қонун дар расонаҳо он ба ҳукми амал медарояд. Дар асоси ин қонун, шаъну шарафи омӯзгор, дахлнопазирии касбии фаъолияти ӯ, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва кафолатҳои касбии муаллим ҳимоя карда мешавад.
Қаблан, ин қонунро вакилони ҳарду палатаи парлумон -Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва тасвиб карда буданд.
Таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” баъди дастури Эмомалӣ Раҳмон дар соли гузашта, шуруъ шуд. Раисҷумҳур зимни суханронии худ дар Рӯзи дониш ба мушкилиҳои соҳаи маориф таваҷҷуҳ карда, аз паст будани шаъну шараф ва мақоми омӯзгорон дар ҷомеаи Тоҷикистон нигаронӣ кард ва дастури таҳияи қонунро дод.
Президент аз аҳли ҷомеа даъват кард, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимӣ боз ҳам бештар дастгирӣ шуда, манзалату обрӯи онҳо дар ҷомеа баланд бардошта шавад.
Ин қонун шаъну шараф ва ҳуқуқи омӯзгорро ҳифз карда, ҷалби онҳоро аз ҷумла ба “шанбегӣ” ва пулҷамъкунӣ дар мактабҳо манъ мекунад. Ҳамзамон омӯзгорон аз таҳқир ва фишор ҳифз карда мешаванд. Инчунин дар асоси он ба омӯзгорон кафолатҳо аз ҷумла бенавбат додани замин ва таъмин кардан бо манзили зист пешбинӣ мегардад.
Ҳамчунин, дар бахши ҳуқуқҳои омӯзгор дарҷ ёфтааст, ки омӯзгорон ҳақ доранд аз роҳбарияти муассисаи таълимӣ таъмини шароити зарурӣ, аз хонандаҳо ва волидайни онҳо муносибати боэҳтиромонаро талаб кунанд.
Инчунин таъкид шудааст, ки дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ онҳо метавонанд хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро тибқи қонунгузорӣ ба таъхир гузоранд. Омӯзгорон новобаста ба нафақа баромадан ҳуқуқи ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шуданро доранд.
Бо муҳтавои лоиҳаи қонуни мазкур ва муҳимтарин нуктаҳои он дар маводи “Манъи пулҷамъкунӣ, иштирок дар шанбегӣ ва таъмири мактаб. Дар лоиҳаи қонуни мақоми омӯзгор сухан аз чӣ меравад?” маълумоти бештар бигиред.





Бозхонди фурӯши баъзе аз маҳсулоти ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста