Як корманди зеристгоҳи барқии 35/10 "Кангурт" (ноҳияи Темурмалик), ки ба Шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб таллуқ дорад, ба дуздии барқ гумонбар дониста шуда, бар зиддиаш парвандаи маъмурӣ боз гардидааст. Дар ин бора Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика рӯзи 20-уми декабр хабар дода, аз ин корманд Шуҳрат Самиев ном бурдааст.

Манбаъ гуфтааст, ки гумонбар “аз бинои навбатдорӣ то хонаи истиқоматиаш, ки дар наздикии зеристгоҳ ҷойгир аст, хатти барқро пинҳонӣ кашида, бидуни пайвастшавӣ ба ҳисобкунак аз нерӯи барқ ғайриқонунӣ истифода мебурдааст”.

“Гузашта аз ин, бинои навбатдорони зеристгоҳи барқи дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, навбатдорон аз таҷҳизотҳои худсохти барқӣ истифода менамуданд”, - гуфтааст Оҷонсӣ.

Ин ниҳод зикр кардааст, ки нисбати Самиев парванди маъмурӣ боз шудааст, вале нагуфтааст, бо кадом моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикуистон.

Назари худи Шуҳрат Самиев дар ин маврид маълум нест.

Ошкор шудани дуздии барқ аз сӯи як корманди шабкаҳои барқ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар чанде пеш дар паёми солонааш низ аз тарафи кормандони соҳа сӯисфтифода аз мансабро танқид кард.

Ӯ гуфта буд, ки “аз тарафи баъзе кормандони соҳа, пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти беасоси нерӯи барқ ба таври сунъӣ ба зимаи аҳолӣ ва дигар гурӯҳҳои истифодабарндагони нерӯи барқ гузаронида мешуд".

Ӯ афзуд, ки маблағҳоро “пурра аз аҳолӣ ҷамъоварӣ мекарданд ва маблағро сӯистифода карда” аҳолиро қарздор мекарданд.

Тибқи иттилои расмӣ, соли ҷорӣ талафоти нерӯи барқ дар кишвар 3 миллиард кВт соатро ташкил додааст.

Ёдрас мешавем, ки имсол ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Бар асоси Кодекси ҷиноятӣ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.

Пурзӯр кардани ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар ҳолест, ки ҳамасола дар фасли тирамоҳу зимистон дар кишвар маҳдудият ё “лимит”-и барқ ҷорӣ мешавад. Имсол он шадидтар шуда, тибқи мушоҳида, аҳолӣ дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат нерӯи барқ доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.