Ҳукумати Толибон* дар Афғонистон Нақибуллоҳ Деҳқонзода, консули Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Тоҷикистонро аз кор ронда, фаъолияти консулгарии генералии Афғонистон дар Хоруғро қатъ кардааст.

Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ” дирӯз, 22-юми декабр хабар дода, навишт, ки Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон фаъолияти консулгарии Афғонистон дар Хоруғро аз 15-уми декабр қатъ кардааст.

Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари баста шудани консулгарии Афғонистон дар Хоруғро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда, гуфтанд, “ин тасмими худи ҳукумати ҳоким дар Афғонистон аст”.

“Мо дар робита ба ин масъала дар ҷараён ҳастем. Тибқи созишномаҳои байналмилалӣ боз ё қатъ кардани фаъолияти консулгарӣ дар як кишвари дигар кори худи ҳукумати кишварҳо аст”, - гуфтанд аз ин ниҳод.

Рӯзномаи “8-и субҳ” навиштааст, Нақибуллоҳ Деҳқонзода, ки консули ҳукумати пешини Афғонистон дар Хоруғ буд, пас аз тағйири қудрат дар ин кишвар бо Толибон ҳамкорӣ дошт. Ба гуфтаи манбаъ, ӯ 120 ҳазор доллари амрикоиро ба Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон интиқол додааст. Ин кадом маблағ аст, маълум нест.

Нақибуллоҳ Деҳқонзода
Намогирифт аз наворе, ки ӯ соли 2023 дар шабакаи "Х" нашр карда буд

Расонаҳои Афғонистон гузориш додаанд, ки барканории Деҳқонзода дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Толибон тасмим доштанд ӯро ба ҷои Зоҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон, ба ҳайси сафири нав муаррифӣ кунанд.

Мақомоти расмии ҳукумати Толибон то ҳол дар робита ба баста шудани консулгарии Хоруғ изҳороти расмӣ нашр накардаанд.

Нақибулло Деҳқонзода моҳи ноябри соли 2023 ва пас аз ду соли ба қудрат расидани ҳукумати Толибон дар Афғонистон эълон карда буд, ки Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон расман фаъолият мекунад ва он мустақил буда, мустақиман таҳти ҳимоят ва ҳидояти Вазорати умури хориҷии ҳукумати Толибон қарор дорад.

Ин изҳорот дар посух ба баёнияи Зоҳири Ағбар, ки он замон гуфта буд, консулгарии Афғонистон дар Хоруғ “барои надоштани имконоти иқтисодӣ” аз кор мондааст, садо дода буд.

Вале Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2024 изҳор дошт, ки Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ таҳти назорати Толибон қарор надорад ва Тоҷикистон ба ҳеҷ як намояндаи ин гурӯҳ парвонаи кор (аккредитатсия) надодааст.

"Ҳайати кормандони Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ баъди соли 2020 иваз нашудаанд. Одамоне кор мекунанд, ки дар соли 2020 аккредитатсия гирифта буданд. Агар онҳо (Толибон, дар назар аст, -муаллиф) кадом як раиси навро муаррифӣ мекунанд, ин кори худашон аст", - гуфта буд он замон Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон.

Чанд рӯз қабл аз ин, Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфта буд, "ҳадафи фаъолияти консулгарӣ дуруст ба роҳ мондани фаъолияти бозорҳои наздимарзӣ аст".

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Афғонистон гузориш медоданд, ки консулгарии ин кишвар дар шаҳри Хоруғ амалан фаъолият мекунад. Ҳатто хабарҳо дар робита ба боздиди як ҳайати гурӯҳи "Толибон" аз ин консулгарӣ дар моҳи феврали соли 2023 баъди осеб дидани бинои он дар пайи фаромадани тарма дар ин шаҳр расонаӣ шуда буд. Ҳарчанд омадани онҳоро ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ ё рад накарда буд.

Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад, аммо гузоришҳо аз мулоқоту машвари дуҷониба, ки вақтҳои охир зиёд нашр мешаванд, гумони нармиш дар сиёсати Тоҷикистон дар қиболи Толибонро зиёд мекунад.

Аз ҷумла, чанде пеш расонаҳо аз сафари як ҳайати дигари Тоҷикистон зери раҳбарии Заробиддин Файзуллозода, муовини раиси вилояти Хатлон ба шаҳри Қундуз ва мулоқоти ӯ бо Мулло Муҳаммадхон, волии Толибон дар ин вилоят гузориш дода буданд.

Пеш аз ин хабарҳо дар бораи сафари Юсуф Вафо, волии вилояти Балх ба Душанбе ва дидораш бо  бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон расонаӣ шуда буд. 

Пештар аз ин, боз ҳам расонаҳои Афғонистон навишта буданд, ки Саймумин Ятимов ба Кобул сафар карда, бо мақомдорони Толибон вохӯрдааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ як аз ин сафару дидорҳоро тасдиқ ё рад накарданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.