Шаби 21-22-юми декабр дар деҳаи Тангаии шаҳри Ваҳдат Шаби Ялдо ё Чилла бо тамоми вижагиҳояш ҷашн гирифта шуд. Барои таҷлили ин ҷашни бостонӣ, сокинони маҳаллӣ, фарҳангиён ва чанде аз эрониёни муқими Тоҷикистон дар ин деҳаи канори Душанбе ҷамъ омаданд.
Ташаббускори ин маросим Шаҳобиддин Фаррухёр, эронии муқими Тоҷикистон аст, ки Ялдоро ҳамасола ҷашн мегирад.
Суфраи ин шабро аз як силсила ашё ва ғизоҳои рамзӣ ороста буданд. Дар рӯи хон асосан меваҳои сурхранг, чун тарбуз, анор, хурмо, лаблабу, гузошта буданд, ки рамзи баракат аст.
Шаби Ялдо дар ин деҳа чӣ гуна ҷашн гирифта шуд, дар гузориши мо бинед:
Имсол шаби Ялдоро дар чанд ҷойи дигар, аз ҷумла Сафорати Эрон дар Душанбе ва чанде аз тарабхонаҳои пойтахт низ ҷашн гирифтанд.
Ялдо шаби дарозтарини сол аст ва пас аз он рӯзҳо дарозтару шабҳо кутоҳтар мешаванд. Ҳарчанд он дар Тоҷикистон ба таври оммавӣ таҷлил намегардад, вале чанд соли охир бештар мардумӣ мешавад.




Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста