Дар назди шуъбаҳои фурӯши ширкатҳои биносоз дар шаҳри Душанбе барои санҷиши маълумот дар бораи иншоот QR-рамзҳо насб мешаванд. Акнун тафтиши тамоми маълумот – аз соҳиби аслии ширкати биносоз то қонунӣ будани ҳуҷҷатҳои он тавассути QR-рамз имконпазир мешавад.
Дар ин бора аз Сарраёсати меъмории пойтахт ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, тавассути QR-рамз дастрасӣ ба пойгоҳи ягонаи иттилоотии www.memor.pro, ки дар бораи сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматии пойтахт маълумот пешниҳод мекунад, таъмин мешавад.
Ба иттилои манбаъ, бунёди биноҳои замонавӣ ва таваҷҷуҳи зиёди сокинон ба харидории манзил тақозо кардааст, ки дар пойтахт низоми муосири назоратӣ ва иттилоотии иншоот ҷорӣ шавад.
“Ин иқдом бо ҳадафи дастрасии осон ба маълумоти саҳеҳ дар бораи вазъи ҳуқуқии биноҳои шаҳри Душанбе роҳандозӣ мешавад”, - гуфтанд аз Сарраёсати меъморӣ.
Мусоидат ба рақамикунонии соҳаи шаҳрсозӣ ва таъмини шаффофият ва ҳимояи ҳуқуқи ҳиссагузорони манзил аз ҳадафҳои дигари ин иқдом гуфта мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло маҷмааҳои истиқоматии зиёд бо номҳои зебои тиҷоратӣ муаррифӣ мешаванд, ки баъзан харидорро гумроҳ мекунанд.
“Системаи нави ягонаи иттилоотии www.memor.pro ба шаҳрвандон имкон медиҳад, то муайян кунанд, ки дар асл кадом ширкати ҳуқуқӣ (ҶДММ) соҳиби расмии иншоот аст ва масъулиятро ба дӯш дорад”, - гуфтанд масъулини Сарраёсати меъморӣ.
Аз соҳиби аслии иншоот то қонунӣ будани ҳуҷҷатҳо
Ба иттилои ин ниҳод, акнун тамоми маълумот – аз соҳиби аслии иншоот то қонунӣ будани ҳуҷҷатҳо тавассути QR-рамз дастрас мешавад. Ин рамзҳо дар даромадгоҳи шуъбаҳои фурӯш ва биноҳое, ки сохтмон ҷараён дорад, насб карда мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, бо нусхабардории QR-рамзҳо тавассути телефони мобилӣ, метавон ба таври худкор бо 6 ҳуҷҷати калидӣ ва рӯйхати блокҳои дорои иҷоза шинос шуд:
Қарори лоиҳакашӣ;
Нақшаи кулли бино (Генплан);
Шиносномаи бино;
Хулосаи ташхис (экспертиза);
Қарори сохтмон;
Иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ.

Ҳамчунин, система рӯйхати блокҳои дорои иҷозатро пешниҳод мекунад, ки ба харидор имкон медиҳад, ба нақшаи тасдиқшуда шомил будани бинои интихобкардаашро санҷад.
Харидорон ҳамчунин бо ин восита метавонанд фаҳманд, ки кадом ширкати ҳуқуқӣ соҳиби расмии иншоот ва масъули сохтмон аст. Аз ҷумла харидорон ба рақамҳои телефони шахсони масъули иншоот дастрасӣ пайдо мекунанд, ки ин “робитаи мустақимро байни сохтмончӣ ва харидор таъмин мекунад”.
Агар лоиҳа дар ин барнома набошад, эҳтимол иҷозати расмии оғози корҳои сохтмониро надорад.
Чӣ гуна аз QR-рамз бояд истифода кард?
Бо нусхабардории QR-рамз дастгоҳи мобилӣ худкор ба пойгоҳи ягонаи иттилоотии www.memor.pro пайваст шуда, дар бораи бинои мавриди назар иттилоъ пешниҳод мекунад.
Барои осонии истифода, корбурди барнома бо забони рангҳо пешбинӣ шудааст, ки рангҳои сурх ва сабз ҳамчун роҳнамо интихоб шудаанд.
Ишораи ранги сабз дар барнома маънои пурра ва дуруст будани ҳуҷҷатҳоро дорад.
Аммо агар ранги сурх ишора шавад, барнома ба таври худкор ҳушдор медиҳад, ки “то пурра кардани ҳуҷҷатҳои пешазсохтмонӣ, бастани шартномаи ҳиссагузорӣ тавсия дода намешавад".
Баҳром Маҳмадалӣ, муовини аввали сардори Сарраёсати меъмории шаҳри Душанбе ин ташаббусро як ҷузъи муҳими сиёсати шаҳрдорӣ арзёбӣ кардааст.
“Мо бояд дарк кунем, ки ба системаҳои пешина ва кӯҳнашудаи коргузорӣ дигар роҳи бозгашт нест. Ин иқдом танҳо оғози кор аст ва мо ҳадаф дорем, ки имкониятҳои рақамикунониро дар дигар ҷанбаҳои шаҳрсозӣ низ васеъ истифода барем”, - таъкид дошт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, вақте ки маълумот дастрас ва шаффоф аст, боварӣ ва ҳамкории байни сохтмончиён ва аҳолӣ ба сатҳи сифатан нав мегузарад.

Сарраёсати меъмории пойтахт ба сокинон тавсия додааст, ки аз ин имконият истифода бурда, пеш аз хариди манзил вазъи ҳуқуқии онро тавассути сомонаи расмӣ ва QR-кодҳо санҷанд.
Бояд гуфт, ҳолатҳои қаллобии ошкоро ҳангоми хариди хона аз ҷониби бинокорон дар пойтахт кам нестанд. Дар аксар ҳолат ширкати бинокор бидуни асосҳои воқеӣ ба садҳо нафар хона ваъда медиҳад ё ба сохтмони ғайриқонунӣ машғул аст.
Интизор меравад, ки пойгоҳи ягонаи иттилоотӣ дар бораи биноҳои баландошёнаи навсохти пойтахт барои ҳалли ин мушкил низ мусоидат хоҳад кард.





Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Маош аз 60 то 200 ҳазор рубл. Мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҷойи кор пешниҳод доранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста