Дар ин матлаб талош кардем тағйирёбии иқлим ва таъсири онро ба зиндагии деҳқонон тавассути аксҳо ба тасвир кашем. Аксҳои дар зер буда, нишон медиҳад, ки чӣ гуна иқлими тағйирёбанда соҳаи кишоварзиро дигар мекунад ва деҳқонон бо истифода аз технологияҳои нав, донишҳои замонавӣ ва таҷрибаҳои пешрафта зироат ва ниҳолони худро бо муҳит ва боду ҳаво мутобиқ месозанд. Метавон гуфт, ки ин қиссаи мубориза барои оянда ва таъмини ғизоиӣ мост.

 

Қасри сабзавот дар қалби гармхонаҳо

Дар гармхонаҳое, ки тавассути дурбини мо ба тасвир кашида шудаанд, ҳар қатра об ва ҳар тухм ба қимати ҳаёт парвариш меёбад. Ин ҷо кишоварзон бо ёрии плёнка иқлими сахтро идора мекунанд. Сардиро гарм, гармои шадидро муътадил ва хушксолиро паси сар месозанд, то зироат ҳатто дар шароити номусоиди табиӣ рушд ёбад.

Ба идаои хоҷагидорон, пештар гармхонаҳо асосан барои ҳифзи маҳсулоти кишоварзӣ аз сармои зимистон истифода мешуданд. Имрӯз, гармхонаҳо ба воситаи мутобиқшавии деҳқонон ба тағйирёбии иқлим табдил ёфтаанд. Ҳоло гармхонаҳо дар тамоми фаслҳои сол кор мекунанд:
- Тобистон зироатро аз гармии шадид ва тафсонии офтоб муҳофизат мекунанд;
- Зимистон онро аз сармо ва талафёбӣ нигоҳ медоранд.

Метавон гуфт, ки гармхона дигар танҳо паноҳгоҳ нест, стратегияи зинда мондан ва кафолати ҳосил дар иқлими тағйирёбанда аст.

 

Як сохтмон ва ду вазифа, албатта вобаста ба иқлим

 

1/9

Ин аксҳо дар фасли зимистон, яъне моҳи декабр бардошта шудаасту ҳолати гармхонаро дар сардиҳои сол ва нашъу намои зироатро дохили он, бозгӯ мекунад.

 

Тобистон, гармхона соя месозад, на гармӣ!

Дар фасли тобистон гармхона дигар манбаи гармӣ нест, балки сипари муҳофизатӣ мебошад. Бо сояафканҳо, ҳавогузаронӣ ва обёрии қатрагӣ деҳқонон ниҳолҳоро аз гармии шадид ва хушкшавӣ ҳифз мекунанд.

 

1/12

 

Обёрии қатрагӣ, роҳи ҳал дар замони хушксолӣ

Заминҳое, ки даҳсолаҳо кишт нашуда буданд, имрӯз бо ҳар қатра об дубора ба ҳосил даромаданд. Хоҷагидорон бо истифода аз роҳи технологияҳои муоссир, тавонистанд аз саҳроҳои гарм, ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд.

Ба нақли деҳқонон, обёрии қатрагӣ обро мустақиман ба решаи зироат мерасонад ва талафоти онро ба ҳадди ақал коҳиш медиҳад. Ин усул ба деҳқонон имкон медиҳад, ки ҳам ба хушксолӣ ва тағйирёбии иқлим муқобилат кунанд ва ҳам заминро оқилона истифода баранд. Дар натиҷа, ҳатто заминҳои солҳои дароз хушкшуда имрӯз ҳосили хуб медиҳанд.

 

1/11

Аксҳои мазкур аз саҳроҳои гарму усулҳои обёрии қатрагии деҳқонон бардошта шудааст.

 

Муҳофизат аз гармӣ ва боронҳои ногаҳонӣ

Матоъҳои муҳофизатӣ, дар қиёс ба плёнка вазифаи содатаре доранд. Ниҳолҳоро аз нурҳои сахти офтоб, тағйирёбии ҳарорат ва дигар хатарҳои табиӣ, махсусан боронҳои ногаҳонӣ муҳофизат мекунанд. Ин роҳ деҳқононро қудрат медиҳад, ки бо иқлими тағйирёбанда мубориза баранд ва ҳосилро босифат нигоҳ доранд.

Агар истифодаи чунин матоъҳоро тавассути аксҳои худ дар мисоли парвариши қулфинай нишон диҳем, ҳосилро аз пусиш эмин дошта, сифати онро бозоргузар нигоҳ медорад.

 

1/9

 

Меваҳои тропикӣ, дар ҳавои номусоид

Тағйирёбии иқлим деҳқононро водор кард, ки навъҳо ва усулҳои нави парваришро омӯзанд. Ҳоло банан, грейпфрут, кумкувати, лайм ва кивӣ ҳатто дар минтақаҳои ғайритропикӣ бо технологияҳои замонавӣ бо устувор мерӯянд.  

 

1/15

Шаҳри акс. Аксҳо нишон медиҳанд, ки хоҷагидорон бо тадбирҳои замонавӣ ва таҷрибаҳои муосир, муҳити сунъӣ эҷод мекунанд, то меваҳои тропикӣ дар иқлими ғайритропикӣ рушд кунанд. Ҳар ниҳол, намунаи мутобиқшавӣ ва ҳосили устувор аст.

 

Ҳосили анору занбурӯғ дар гармхона

Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон, зимистонҳои камбориш ва тағйирёбанда хатар ба ҳосили анор меоранд. Аз ин рӯ, хоҷагидорон ниҳол ва меваҳоро дар гармхона нигоҳ медоранд, то аз сардӣ ва ҳашарот эмин бимонанд. Занбурӯғ низ дар муҳити сунъӣ устувор ва серҳосил мерӯяд, то на танҳо баҳор, балки зимистон ҳам бозорҳои Тоҷикистон пур аз он бошанд.

 

1/12

 

Каду дар тағйирёбии иқлим

Технология ва таҷрибаи кишоварзон муҳити устувор эҷод мекунад, то каду дар токҳои ангур ва чойлоб муҳофизат шаваду ҳосил бо сифати баланд нигоҳ дошта шавад ва ҳатто тағйирёбии иқлим ба он таъсир намерасонад.

 

1/16

 

Иқлим тағйир ёфт, фермер бошад роҳ

Тағйирёбии иқлим деҳқононро водор кардааст, ки роҳҳои наве барои парвариши картошка пайдо кунанд. Агар қаблан картошкаро зимистон мешинонданд ва охирҳои баҳор ҷамъоварӣ мекарданд, имрӯз дар гармхонаҳо низ кишт мекунанд ва ҳатто дар аввали баҳор ҷамъ меоранд.

 

1/7

 

Картошка дар сояи ҷуворимакка

Дар кишти такрорӣ, картошкаро миёни ду қатори ҷуворимакка мешинонанд, то буттаҳои ҷуворимакка бо фароҳам овардани соя, зироатро аз гармии зиёд муҳофизат кунанд. Ин роҳ на танҳо самаранокии заминро баланд мебарад, балки ҳосили фаровон ва устуворро таъмин мекунад.

 

1/12

 

Тухм ва навъҳои пешпазак ё мутобиқшавӣ ба иқлим

Тағйирёбии иқлим ҳатто дар бахши пахтакорӣ таъсир мерасонад. Аммо тухм ва навъҳои мутобиқшуда имкон медиҳанд, ки зироат ҳатто дар шароити номусоид рушд кунад.

Барои мисол, пахта, ки аз бойгарии Тоҷикистон ба шумор меравад, бо боришҳои пай дар ҳами баҳорӣ ва гармии тобистон таҳдид мешавад. Деҳқонон бошанд навъҳои минтақабобро бо усулҳои ҳам зери плёнка, ҳам обёрии қатрагӣ ва ҳам дуқатора мешинонанд. Ин навъҳо зуд ба ҳосил мерасанд ва кураки онҳо ба пахта мубадал мешавад.

 

1/5

 

Аз мушкилот то ҳосили фаровон

Тағйирёбии иқлим мушкилот эҷод мекунад, аммо хоҷагидорону деҳқонон, бо технологияҳо ва роҳҳои нави мутобиқсозӣ, на танҳо ин мушкилиҳоро паси сар мекунанд, балки ҳосили фаровон ва устувор ба даст меоваранд. Бозорҳои Тоҷикистон пур аз ғизои тоза ва босифат мешаванд.

Ин аксҳо қиссаи мубориза, мутобиқшавӣ ва умеди кишоварзонро дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон нақл мекунанд. Бо тағйир ёфтани иқлим, мо ҳам бояд роҳу усул ва фаъолияти худро мутобиқ кунем.