ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз Орун Афшор, сарояндаи маъруфи эронӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар пойтахти Тоҷикистон консерт доир мекунад. Шоми мусиқӣ соати 17:00 оғоз гардида, арзиши чипта вобаста ба ҷойи нишаст аз 400 то 600 сомонӣ аст.

– Имрӯз соати 15:00 дар “Кохи суруш” барномаи стендапи “33 сирри хушбахтӣ” баргузор мешавад. Ҷаҳонгир Зарипов, Мубориз Усмонов ва Фаррух Ҳасанзода меҳмонони барнома мебошанд. Арзиши чипта барои иштирок аз 50 то 150 сомонӣ аст.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 30 ДЕКАБР
Соли 1962 - Сохтмони хати интиқоли нерӯи барқи "Головная" дар Душанбе ба анҷом расид.
Соли 1964 – Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд тасдиқ шуд.
Соли 2011 – Технологияҳое, ки тавассути лизинг (қарордоди иҷораи молиявӣ) ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд.
Соли 2013 – Дар Тоҷикистон Академияи воситаҳои ахбори омма таъсис дода шуд.
Соли 2013 – Миллиардери эронӣ Бобак Занҷонӣ бо иттиҳоми ғасби зиёда аз 2 миллиард доллар, ки аз фурӯши нафти Эрон ба даст омада буд, боздошт шуд. Ӯ ҳуҷҷати қалбакиеро пешниҳод кард, ки гӯё аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дода шуда, интиқоли маблағро ба ҳисоби Вазорати нефти Эрон тасдиқ мекард.
Соли 2015 – Қарори ҳукумат “Дар бораи маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ” қабул гардид, ки фаъолияти субъектҳои дар ин соҳа фаъолияткунандаро маҳдуд кард.
Соли 2020 – ИМА ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон 200 баллони оксигенӣ барои беморони COVID-19 тақдим кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1917 – Мавлуди Мулук Баҳор, сарояндаи опера, модари Фирӯз Баҳор.
Мулук Баҳор яке аз аввалин сарояндагони операи тоҷик буда, дар рушди санъати операвии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ солҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва муддате дар Ансамбли суруд ва рақси Филармонияи давлатии ҶШС Ӯзбекистон фаъолият кардааст.
Мулук Баҳор дар саҳнаи театр операҳои зиёдеро иҷро кардааст, аз ҷумла Гулъизор дар операи “Шӯриши Восеъ”, Гулрӯ дар “Пӯлод ва Гулрӯ”, Ойхон дар “Найрангҳои Майсара”, Маҳин дар “Тоҳир ва Зуҳро”, Гулчеҳра дар “Оршинмололон” ва ғайра.
Соли 1927 – Зодрӯзи Бӯринисо Бердиева, рӯзноманигори шинохаи тоҷик.

Бӯринисо Бердиева рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятии тоҷик буда, ки дар рушди матбуоти тоҷик ва бедории фикрӣ дар замони Шӯравӣ саҳм гузоштааст. Ӯ фаъолияти журналистии худро дар рӯзномаи “Барои колхози болшевикӣ” дар ноҳияи Шӯробод оғоз намуда, баъдан дар Кӯлоб то мақоми котиби дуюми кумитаи шаҳрии ҳизби коммунист расидааст.
Солҳои 1960–1983 сардабири рӯзномаи “Маориф ва маданият” буд, ки дар ин давра нашрия ба минбари озодфикрон ва равшанфикрони тоҷик табдил ёфта буд.
Дар замони Шӯравӣ, ки ҷашни Наврӯз мамнӯъ ё маҳдуд буд, Бӯринисо Бердиева бо ҷасорат ва истодагарӣ дар нашрияаш ба эҳёи ин ҷашни миллӣ мусоидат кард. Ӯро ҳамчун “Қаҳрамони Наврӯз” ва “Сардафтари матбуоти озоди тоҷик” ёд мекунанд, ки дар замони рукуди фикрӣ барои бедории миллӣ ва озодандешӣ талошҳои зиёде кардааст.
Бӯринисо Бердиева соли 2003 дар шаҳри Душанбе аз бемории саратон даргузашт.
Перомуни зиндагӣ ва фаъолияти Бӯриниссно Бердиева дар ин мусоҳибаи "Азия-Плюс" бо Саидаҳмад Қаландаров, яке аз ҳамкорон ва дӯстони ӯ маълумот пайдо мекунед: "Сайидаҳмад Қаландаров: "Қаҳрамони Наврӯз" ба ҷуз танбеҳ дигар унвон надошт"
Соли 1944 – Мавлуди Ҳайдаршо Пирумшоев, таърихшинос ва доктори илмҳои таърих.

Ҳайдаршо Пирумшоев соли 1944 дар ноҳияи Ванҷ ба дунё омад. Ӯ дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳраки Навободи ноҳияи Ғарм ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсили илм кардааст.
Дар ҳамин боргоҳи илм аз зинаи коромӯз (ассистент) то муаллими калон, дотсент, декани факултаи таърих, мудири кафедраи таърихи Тоҷикистон фаъолият кард. Тақрибан 20 сол инҷониб ба ҳайси профессори кафедраи таърихи умумӣ ва ватании Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба муҳассилин дарс медиҳад. Муаллифи зиёда аз 300 асару мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ аст.
Соли 1946 – Зодрӯзи Абдувалӣ Ҳаитов, зистшинос, доктори илми биологӣ.
Соли 1958 – Зодрӯзи Муртазо Зайниддинов, адабиётшинос.
Муртазо Зайниддинзода адабиётшинос, номзади илмҳои филология ва дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Ӯ хатмкардаи факултети филологияи ҳамин донишгоҳ буда, солҳо дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла дотсент ва мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Муаллифи зиёда аз 300 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, таълимӣ-методӣ ва китобу дастурҳо мебошад.

Муртазо Зайниддинзода 5-уми октябри соли 2023 дар синни 64-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
Соли 1961 – Мавлуди Ёдгор Файзов, раиси пешини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, директори пешини Фонди Оқохон дар Тоҷикистон.
Ӯ хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси байторӣ ва Мактаби олии комсомолии шаҳри Москав бо тахассуси сиёсатшиносӣ буда, солҳо дар соҳаи байторӣ фаъолият кардааст.
Соли 1986 инструктори Комитаи комсомолии ВМКБ таъин шуда, сипас мудир ва котиби якуми ин кумита буд. Соли 1992 раиси Созмони ҷавонони ВМКБ таъин шуда, солҳои баъдӣ менеҷери генералии Барномаи рушди деҳоти Фонди Оқохон ва аз соли 2004 то соли 2018 - 14 сол директори Фонди Оқохон дар Тоҷикистон буд.
Аз октябри соли 2018 то феврали соли 2019 иҷрокунанда ва сипас то 5-уми ноябри соли 2021 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.

Соли 1963 – Зодрӯзи Мавлуда Рафиева, рӯзноманигор.
Мавлуда Рафиёва дар ва журналистика, махсусан соҳаи матбуоти Тоҷикистон саҳми назаррас дошт. Ӯ 13 октябри соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд даргузашт ва дар оромгоҳи шаҳри Гулистон ба хок супорида шуд.
Соли 2015 – Акбар Ҷӯраев, яке аз асосгузорони телевизиони тоҷик аз олам даргузашт.
Акбар Ҷӯраев яке аз поягузорони телевизиони тоҷик ва раиси пешини Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон буд. Ӯ фаъолияти худро дар Кумитаи радио ва телевизион аз даврони донишҷӯияш оғоз намуда, то ба симмати муовинии раҳбари ин ниҳод расидааст.
Акбар Ҷӯраев дар рушди телевизиони Тоҷикистон саҳми назаррас гузошта, дар ташаккули барномаҳои аввалини телевизионӣ ва баланд бардоштани сифати онҳо фаъолона иштирок кардааст. Ӯ дар синни 80-солагӣ, 30 декабри соли 2015 бар асари беморӣ аз олам даргузашт.

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
30-юми декабри соли 1922 дар Анҷумани якуми Иттифоқи Шӯроҳо Эъломия дар бораи таъсиси Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) қабул карда шуд.
Иттиҳоди Ҷумҳури Шӯравии Сотсиалистӣ ба яке аз бузургтарин давлатҳои ҷаҳон аз рӯи масоҳат табдил ёфт ва аз ҷиҳати иқтидори иқтисодӣ ва ҳарбӣ мақоми дуввум ва аз рӯи шумораи аҳолӣ ҷойи сеюмро ишғол кард. ИҶШС нисфи Аврупои шарқӣ ва сеяки Осиёи шимолиро дар бар мегирифт.
30-юми декабри соли 1997 дар Токио аввалин хатти метро берун аз Аврупо ва Амрико ифтитоҳ шуд. Соли 1914 соҳибкори японӣ Норитсугу Хаякава пас аз сафараш ба Англия, ки дар он ҷо метрои Лондонро истифода кард ва инчунин бо вагонҳои бароҳати зеризаминии Глазго шинос шуд, қарор кард, ки чунин метроро дар Токио созад. Аммо сохтмони он бинобар Ҷанги Якуми Ҷаҳон ба таъхир афтод. Соли 1920 Хаякава ширкати “Роҳи оҳани зеризаминии Токио”-ро таъсис дод ва ниҳоят, 30 декабри соли 1927 аввалин хатти метро байни истгоҳҳои пойтахт кушода шуд. Ин хат ҳамагӣ 2,2 километр дарозӣ дошт.

30-юми декабри соли 2006 Саддам Ҳусайн, президенти пешини Ироқ пас аз муҳокимаи додгоҳӣ эъдом шуд. Ӯ 13-уми декабри соли 2003 аз ҷониби нерӯҳои Амрико дар наздикии шаҳри Тикрит дастгир ва ба ҷиноятҳои зидди башарият, аз ҷумла қатли сокинони деҳаи Дуҷайл дар соли 1982 айбдор карда шуд.
Муҳокима дар Додгоҳи махсуси Ироқ баргузор шуда, 5-уми ноябри соли 2006 додгоҳ ӯро ба эъдом тавассути ба дор овехтан маҳкум кард. 30-юми декабри соли 2006, дар рӯзи аввали иди Қурбон, Саддам Ҳусайн дар Бағдод ба дор овехта шуд.
Лаҳзаҳои охирини эъдом бо навор сабт ва баъдан дар интернет паҳн шуд, ки баҳсҳои зиёдеро ба миён овард. Дар дохили Ироқ вокунишҳо гуногун буданд: бархе онро адолат, дигарон қасос медонистанд.
Дар сатҳи байналмилалӣ низ назарҳо мухталиф буда, баъзе созмонҳои ҳуқуқи инсон иҷрои ҳукми эъдомро маҳкум карданд.

ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона -1+4º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо баъзан борон ва дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 5+10º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -2+3º то 1-6º сард, рӯзона 0+5º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 2+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, дар баъзе минтақаҳо то 28-30 сард, рӯзона 2-7º сард, дар баъзе минтақаҳо то 9-14º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 11+13º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 11+13º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 2+4º гарм.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста