Ба муносибати таҷлили Соли нав бархе бозорҳо дар шаҳри Душанбе аз як то се рӯз кор намекунанд. Дар ин бора аз Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, бозори “Корвон”,“Корвон-плюс” ва “Корвон-ситӣ” рӯзҳои 1, 2, 3-юми январ кор намекунанд. Ин бозорҳо шуруъ аз 4-уми январ ба кор оғоз мекунанд.
Дар бозорҳои “Кӯшониён” ва “Меҳргон” рӯзҳои 1, 2-юми январ истироҳатӣ аст. Ин бозорҳо аз рӯзи 3-юми январ ба фаъолият оғоз мекунанд.
Инчунин бозори “Фаровон” танҳо рӯзи 1-уми январ баста хоҳад шуд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки дигар бозору марказҳои савдои пойтахт дар рӯзҳои таҷлил аз Соли нав тибқи маъмул кор мекунанд.
Бояд гуфт, ки сокинони Тоҷикистон низ ба ин муносибат рӯзҳои 1, 2, 3 ва 4-уми январ истироҳат мекунанд ва 5-уми январ ба кор мебароянд.
Инчунин, мувофиқи қарори Вазорати маориф ва илм, хонандагони мактабҳои Тоҷикистон аз 1 то 7 январ ба таътили зимистона мебароянд.




Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Маош аз 60 то 200 ҳазор рубл. Мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҷойи кор пешниҳод доранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста