Хуҷанд. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Кормандони Раёсати хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд ба омӯзиши вазъ ва санҷиши фаъолияти нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ шурӯъ намуданд.
Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати хадамоти зиддиинҳисории вилоят Тоҳир Ғафуров иттилоъ дод, бо ин мақсад як гурӯҳи махсус таъсис дода шуда, айни замон он дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машғули кор аст. «Аъзои гурӯҳ масоили ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардани камбуди маводи сӯзишворӣ, макони дастрасии он ва пешгирии имкони аз як ҷой дар ҳаҷми зиёд харидорӣ намудану дар ҷойи дигаре бо нархи гарон фурӯхтанро мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор хоҳанд дод», - гуфт ӯ.
Тоҳир Ғафуров мегӯяд, чанде аз соҳибкорон баҳри ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардани камбуди маводи сӯзишворӣ, ҳарчанд ба миқдори зиёд маводи сӯзишворӣ дошта бошанд ҳам, маҳсулоти худро ба фурӯш намегузоранд ва болоравии арзиши онро интизор мешаванд, ки «вазифаи аввалиндараҷаи гурӯҳ пеширӣ ва роҳ надодан ба чунин амалҳо аст». «Муддати чанд рӯзи минбаъда гурӯҳи мазкур дар бораи натиҷаи санҷиш ҳисобот таҳия намуда, тавсияву пешниҳодоти худро пешкаш хоҳад кард», - афзуд номбурда.
Қобили зикр аст, ки айни замон танҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Ҷаббор Расулов 29 нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ амал мекунанд, ки ба ширкатҳои бузурги таъминкунандагони маводи сӯзишворӣ мутааллиқанд. Феълан дар қаламрави вилояти Суғд қимати бензини навъи АИ-95 5сомониву 40 дирам ва сӯзишвории дизелӣ то 6 сомониро ташкил медиҳад. Дар қаламрави вилоят ҳеҷ мушкилоте бобати таъмини гази моеъ вуҷуд надошта, арзиши он дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ 2 сомониву 70 дирам аст.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста