Душанбе. 3-юми август. «Азия-Плюс» — | Соли равон мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта нисбат ба солҳои пешин пеш аз мӯҳлат оғоз мегардад.
Директори Донишкадаи зироаткории Академияи улуми Тоҷикистон, доктори илм Саидҷамол Саидов дар робита ба ин масъала мегӯяд, баҳори хушк ва ҳарорати баланд дар фасли тобистон ба ин сабаб шудааст.
Ба қавли ӯ, дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пунбадона аз 10-уми август оғоз хоҳад гардид. Деҳқонони водии Ҳисор моҳи сентябр ба ғунучини ҳосили пунбадона шурӯъ хоҳанд кард. Дар минтақаи шимоли кишвар мавсими ҷамъоварии пахта пас аз 10-уми сентябр оғоз мешавад.
«Мувофиқи пешгӯйиҳо, имсол дар ҷумҳурӣ на камтар аз ним миллион тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ карда мешавад, ки беш аз 15 ҳазор тоннаи он пахтаи маҳиннах буда, ин миқдор дар замони истиқлоли ҷумҳурӣ ҳосили рекордӣ хоҳад буд», - гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки соли равон аз як гектар ба даст овардани 26 сентнер ҳосил пешгӯйӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки соли равон дар ҷумҳурӣ дар майдони 203 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст. Соли гузашта пунбадона дар майдони 160,4 ҳазор гектар кишт гардида, 310 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шуд.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста