Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов мӯътақид аст, ки Шартномаи баимзорасида дар бораи минтақаи озоди савдо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил танҳо ҳадафҳои иқтисодиро пайгирӣ мекунад ва кӯшишҳои чанде аз сиёсатмадорон бобати ангезаи сиёсӣ додан ба он беасос аст.

Ба қавли вай, бӯҳрони моливу иқтисодии соли 2009 ва мавҷи дуюми он айни замон мақомоти раҳбарии кишварҳои узви ИДМ, бахусус Русияро водор сохтанд, ки ба мавқеъи худ оид ба таъсиси минтақаҳои озоди савдо дар қаламрави собиқи шӯравӣ дубора назар андозанд.

«Умуман тамоми ҷаҳон аз таъсиси чунин минтақаҳо манфиати зиёде ба даст овардааст, ИДМ бошад, аз ҳама баъдтар чунин қарорҳои муҳимро қабул мекунад», - таъкид кард раиси ҲКТ.

Ёдрас мекунем, ки дар санади мазкур, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба имзо расид, бекор кардани боҷи содиротиву воридотӣ ба як гурӯҳ маҳсулот пешбинӣ шудааст ва коршиносон бар ин назаранд, ки мутаносибан қимати ин маҳсулот низ поин хоҳад рафт.

Дар зери ин санад нахуствазирони 8 кишвари узви ИДМ имзо гузоштанд. Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон то ахири сол сатҳи иштироки худ дар ин шартномаро муайян мекунанд.