Реҷаи таъминот бо барқ дар давоми шаш рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон тағйир дода намешавад.
Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», сардиҳои рӯзҳои охир боиси боз ҳам зиёдтар хароҷот шудани захираҳои энергетикии кишвар, аз ҷумла оби обанбори Норак гардида, дар рӯзи 20 март сатҳи обанбор дар нуқтаи 861,05 метр қарор дорад ва то нуқтаи ниҳоии техникӣ 4,05 метр об боқӣ мондааст.
Ба иттилои манбаъ, пешгӯии обуҳавосанҷон низ дар бораи вазъи обу ҳаво дар рӯзҳои боқимондаи моҳи март ва ибтидои апрел тасаллобахш нестанд.
«Аз ин рӯ, Маркази танзими барқи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба хулосае омад, ки ширкат дар рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯз наметавонад, ки ба реҷаи таъминоти барқ тағйирот ворид намояд», - гуфтанд дар ширкат.
Ёдрас мекунем, ки бо сабаби нобаҳангом паст шудани ҳарорати ҳаво ва кам гаштани ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш, ки воситаи асосии таъминоти барқи кишвар аст, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар миқёси мамлакат коҳиш ёфта, реҷаи маҳдуди истифодаи барқ шадидтар карда шуд. Айни замон бинобар шадид гардидани реҷаи интиқоли барқ, аксари маҳаллаҳои аҳолинишини манотиқи кишвар ҳамагӣ 3-4 соат дар як шабонарӯз бо барқ таъминанд.




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста