Чанде қабл миёни Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Суғд ва ширкати амрикоии Metals & Materials Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маъмурияти МОИ «Суғд» хабар доданд, ёддошт бо мақсади ҳамкории муштараки пурсамар бо Metals & Materials дар роҳи ҷалби сармоя, технологияҳои олӣ ва коркардҳои инноватсионӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна дар қаламрави МОИ ба тасвиб расидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар Ёддошт масоили роҳандозии ҳамкории ҷонибҳо дар самти густариши робитаҳо миёни тоҷирон, дастгирии мутақобилаи тадорукотӣ оид ба ҷустуҷӯйи сармоягузорони имконпазир ва шарикон барои татбиқи лоиҳаҳо дар МОИ «Суғд» пешбинӣ мешавад.
«Дар чаҳорчӯби ёддошт ҷонибҳо баҳри дастгирӣ ёфтан аз ҷониби Бонки содиротии ИМА Exim Bank ва дигар фондҳои амрикоии ҳукумативу хусусӣ ҷиҳати ҷалби сармоя талош хоҳанд варзид», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки дар сурати зарурат баҳри амалисозии лоиҳаҳо бо назардошти кишвари боррасони таҷҳизот ва технология сарчашмаҳои маблағгузории ба ин монанд аз Иттиҳоди Аврупо низ ҷалб хоҳанд шуд.




Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Соли 2026 муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста